Home Blog Page 6

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуд

0
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рафти корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки замин, гузаронидани кишти такрорӣ ва нашъунамои пахта шинос гардид.
Дар бригадаи №34-и хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви Ҷамоати деҳоти Ӯнҷӣ бо иштироки роҳбарияти вилоят ба кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ оғоз бахшида шуд. Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ дар ноҳия дар майдони 3960 гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад ва то имрӯз ин кор дар 260 гектар амалӣ гардидааст.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо кишоварзон таъкид намуд, ки истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин, гузаронидани кишти такрорӣ ва обёрии саривақтӣ барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва нигоҳ доштани нархҳо аҳамияти калон дорад.
Сипас Раҷаб Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Исфисор бо вазъи парвариши пахта шинос шуд. Масъулин иттилоъ доданд, ки дар бригадаи №10-и кооперативи тиҷоратии хоҷагии ҷамъиятии ба номи Турсунбой Қушатов пахта бори аввал бо усули инноватсионӣ кишт шудааст. Бо истифода аз обёрии қатрагӣ ва технологияи муосир об ва нуриҳои минералӣ самаранок истифода гардида, барои гирифтани ҳосили баланд замина фароҳам оварда шудааст.

Дар идома Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ҳоли собиқадори соҳаи маориф Шукур Иброҳимов ва собиқадори соҳаи кишоварзӣ Абдусалом Муродов хабар гирифта, онҳоро ба муносибати фарорасии 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуд ва аз номи Пешвои миллат туҳфаҳо супорид.

See less

Табрики Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муносибати солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ

0

Ҳамдиёрони арҷманд!
Тантанаи ҷашнгирии солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ имсол дар марҳилае доир гашта истодааст, ки мардуми кишвар дар асоси роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд.
Ваҳдати миллӣ, ки онро мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат бунёд намудааст, сарчашмаи ҳамаи рушду комёбиҳои халқу миллатҳои Ватани мо мебошад.
Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар мамлакати мо ҷиҳати мустаҳкам намудани пояҳои сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушду такомули соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ қадамҳои устувор гузошта шуд. Муносибатҳои хуби ҳамкорӣ ва тиҷоратӣ бо мамолики хориҷи дуру наздик қавӣ гардида, дар кишвар корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифтанд. Нияти неку созанда ва иродаи қавии сиёсӣ ба Сарвари давлати тоҷикон имкон дод, ки ҳадафи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро ба фарҷоми мантиқиаш расонад.
Маҳз асолати фарҳангдӯстӣ, хирадписандӣ ва ваҳдатгароиву сулҳпарварии миллати шарафманди тоҷик ва фарзандони бонангу номуси он, инчунин азму иродаи матини халқ ва пуштибонии ҳамаи мардум аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳарии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо ба чунин рӯзҳои нек ва рӯзгори осуда расидем. Зеро ваҳдати миллӣ ба таъмини волоияти қонун, раҳоии иқтисодиёти кишвар аз бӯҳрон, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзандаи шаҳрвандон мусоидат карда, исбот намуд, ки халқи тоҷик дорои эҳсоси гарми ватанхоҳӣ ва хиради азалӣ буда, қудрати бузурги эҳёгарии он боиси чунин комёбиҳои назаррас гардидааст.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Таҷрибаи сулҳофарини тоҷиконро тамоми созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун падидаи нодири таърих арзёбӣ карда, дар кишварҳои гирифтори муқовимати шаҳрвандӣ дар чаҳон мавриди омӯзишу истифода қарор додаанд.
Ҳар сол мову шумо Рӯзи Ваҳдати миллиро бо рӯи сурху сари баланд ҷашн гирифта, ба хуби эҳсос мекунем, ки ваҳдат ва истиқлолият ду маҳфуми аз ҳам ҷудонашаванда мебошанд. Тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифтааст.
Пояҳои истиқлолияти давлати мо сол аз сол қавитар мегардад. Амнияту оромӣ, ки маҳз маҳсули сулҳу ризоияти миллӣ мебошад, имкониятҳои осудагии кишвари моро бештар фароҳам овардааст.
Бори дигар ҳамаи Шумоёнро ба муносибати таҷлили Иди Ваҳдати миллӣ ва саодати миллат табрик гуфта, хушбахтӣ, сиҳатмандӣ ва комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Ид муборак, ҳамватанони азиз!

Раиси ноҳияи
Бобоҷон Ғафуров Темурҷон Нӯмонзода

Конференсияи илмӣ-адабӣ: “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ”

0

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба истиқболи 29-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи деҳоти Овчиқалъача конференсияи илмӣ-адабӣ дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ” ташкилу баргузор карда шуд. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Халифаёр Парвиз кори конференсияро оғоз намуда, бо ҳадафҳои баргузории он шинос намуд. Узви Шӯрои вилоятии Ҳаракати вилоятӣ Маҳмудзода Муталлиб – муовини директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, адиб ва рӯзноманигори шинохта Муталлибов Розиқҷон, муовини озоди Шӯро дар деҳоти Овчиқалъача Қаландарова Мавлуда оид ба аҳамияти таърихии таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ маърӯзаҳои ҷолиб пешниҳод намуданд. Барномаи адабию фарҳангии муҳассилини мактабҳои деҳоти Овчиқалъача ба чорабинӣ шукӯҳи идона зам намуд. Барои хизматҳои арзанда адиби ваҳдатсаро Муталлибов Розиқҷон бо туҳфаи хотиравии Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон қадршиносӣ карда шуд. Дар хотима раиси Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача Ҳайдаров Алишер ба меҳмонони чорабинӣ барои иштирок дар чорабинии идонаи мардуми деҳот изҳори сипосмандӣ баён намуда, ҷиҳати вусъати корҳои ободонӣ ба истиқболи сазовори ҷашнҳои фархундаи соли равон аз иштирокдорон даъват ба амал овард.

САРЧАШМАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВАҲДАТ АСТ!

0

Вобаста ба эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» ва дар асоси ҷадвали фаъолияти гурӯҳи доимоамали вилоят, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд тасдиқ гардидааст, мулоқоти навбатии гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкилу баргузор карда шуд. Гурӯҳи тарғиботӣ дар ҳайати Шарифзода Аминҷон – сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд», Ҷовиди Аштӣ – раиси бахши суғдии Созмони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Солиҷонов Нодир – устоди Донишгоҳи давлатии Ҳуҷанд ва Халифаёр Парвиз – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мардуми ҷамъомада оид ба масъалаҳои аҳамияти таърихии таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ, вусъат додани корҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба коррупсия, экстремизму терроризм, иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат дар бораи баимзорасии қонуни авф ва ба Ватан баргардонидани хоки қаҳрамонони миллӣ бо пешниҳоди маълумоти ҷолиб корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.

МО, САРБОЗОНУ АФСАРОН – ПОСДОРОНИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

0

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳамкорӣ бо Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши оммавӣ доир гардид. Чорабинии мазкур бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Мо, сарбозону афсарон – посдорони сулҳу ваҳдат» дар қисми ҳарбии 08941-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он муовини фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ полковник Абдурашид Ҳотамиён, собиқадори Вазорати мудофиа генерал-майори мустаъфӣ Назарзода Назар Бадал, намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Аҳлидин Мелиҷонов ва Сардор Абдуллоев, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Баҳодурзода Баҳридин, омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Махсудхӯҷа Нӯмонов ва Ёдгор Раҳматов, инчунин командири қисми ҳарбии 08941 подполковник Рустам Умарзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ масъулин ва меҳмонони ҳамоиш оид ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ, нақши калидии он дар таҳкими сулҳу суботи саросарӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ миёни ҷавонон ва хизматчиёни ҳарбӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Гуфта шуд, ки ҳифзи сулҳ, субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, бахусус ҳимоятгарони Ватан ба шумор меравад. Ҷорабинӣ дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихор аз соҳибдавлатӣ анҷом ёфт.

Ҷавонон ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият

Дар доираи нақшаи баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба тақвияти фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, таҳти унвони “Ҷавонон ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ” хониши сиёсӣ бо кормандону мутахассисони ҷавони филиали ҶСК “Бонки Эсхата” доир гардид. Дар ҷараёни хониши сиёсӣ масъулин дар суханронҳо таъкид доштанд, ки дар тӯли 35 соли Истиқлолият Тоҷикистони азиз роҳи пурифтихори рушду созандагиро тай намуда, ба дастовардҳои назарраси таърихӣ ноил гардидааст. Зикр шуд, ки бунёди роҳҳову пулҳо, муассисаҳои муассири таълимӣ ва тандурустӣ, рушди босуръати иқтисодиёт, таҳкими сулҳу субот ва болоравии сатҳи зиндагии мардум маҳз аз самараҳои шаҳдбори даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошанд. – Ҳифз ва таҳкими дастовардҳои истиқлолият вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Хусусан ҷавонон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун бо фаъолияти софдилона ва масъулиятшиносии худ метавонанд дар ободии Ватан саҳми арзанда гузоранд, – изҳор доштанд, маърӯзачиён.

Дар хотима изҳори умедворӣ карда шуд, ки таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як сокини ноҳия, бавижа ҷавонон, илҳомбахши корҳои созанда, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва дастовардҳои нави меҳнатӣ мегардад.

МО – ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ НАШЪАМАНДӢ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи амалисозии бандҳои муҳими «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамасола  26 – уми июн гузаронида мешавад, дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аксияи умумиҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Мо – ҷавонон бар зидди нашъамандӣ мубориза мебарем!» баргузор карда шуд.

Чорабинии мазкур бо мақсади пешгирии паҳншавии нашъамандӣ дар байни наврасону ҷавонон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва илмомӯзӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандии онҳо роҳандозӣ гардида, дар он волонтёрони бахш, варзишгарон, ҷавонони фаъол, ташаббускорон ва намояндагони соҳаҳои гуногуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муттаҳид шуданд. Чорабинии мазкур дар кӯчаву хиёбонҳои марказӣ, бозорҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳия ба таври васеъ фаро гирифт.

Дар натиҷа зиёда аз 600 варақаҳои таблиғотӣ дастраси сокинон гардонида шуд.

Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба истиқболи 29-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи деҳоти Овчиқалъача конференсияи илмӣ-адабӣ дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ” баргузор карда шуд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Парвиз Халифаёр кори конференсияро оғоз намуда, бо ҳадафи баргузорӣ шинос намуд. Узви Шӯрои вилоятии Ҳаракати вилоятӣ Муталлиб Маҳмудзода – муовини директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, адиб ва рӯзноманигори шинохта Розиқҷон Муталлибов, муовини озоди Шӯро дар деҳоти Овчиқалъача Мавлуда Қаландарова оид ба аҳамияти таърихии таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд.

Барномаи адабию фарҳангии муҳассилини мактабҳои деҳоти Овчиқалъача ба чорабинӣ шукӯҳи идона зам намуд. Барои хизматҳои арзанда адиби ваҳдатсаро Розиқҷон Муталлибов бо туҳфаи хотиравии Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон қадршиносӣ карда шуд. Дар хотима раиси Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача Алишер Ҳайдаров ба меҳмонони чорабинӣ барои иштирок дар ҳамоиши идонаи мардуми деҳот изҳори сипосмандӣ баён намуда, ҷиҳати вусъати корҳои ободонӣ ба истиқболи сазовори ҷашнҳои фархундаи соли равон аз иштирокдорон даъват ба амал овард.

Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Душанбе

0

Имрӯз, 21-уми июни соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сариддин Айнӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо шукуҳу шаҳомати хос пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пайтахт гардид.

Мулоқот бо муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Сафаралӣ ва сардори КВД «Парандапарвар»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаюмзода Фаррухро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот, ки бо иштироки масъулини дахлдори ноҳия баргузор гардид, масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи парандапарварӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти парандагӣ ва бартараф намудани мушкилоту монеаҳои ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни машварати корӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минбаъда, ҷалби сармоя барои рушди соҳа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ мубодилаи афкор намуда, барои рушди минбаъдаи соҳаи парандапарварӣ дар ноҳия вазифаҳо мушаххас карда шуданд.