Ба ифтихори ҷашни бузурги давлатӣ, 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони касбу кори гуногун бо ифтихори баланди ватандорӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ роҳпаймоӣ намуданд.
Тасвир – гузориш аз тантанаи роҳпаймоӣ…
Саодати ватандорӣ
Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардид.
Дар маҷлисгоҳи Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Акбар Юсуфӣ иштирок намуда, ҳайати шахсии шуъбаро ба муносибати ҷашни фархундаи миллӣ табрик гуфт. Ҳамзамон, муборакбодии раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон ба самъи иштирокдорон расонида шуд.
Дар фазои тантанавӣ ба як қатор кормандони шуъба барои фаъолияти софдилона ва саҳми арзанда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ Ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров супорида шуданд.
Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Бобоҷон Ғафуров: вусъати иқдомҳои созанда дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ дар ин раванд бо ташаббусҳои созанда ва натиҷаҳои назаррас саҳми худро мегузорад. Сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ азму талош доранд.
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №311 «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи нақшаи чорабиниҳои ободонию бунёдкорӣ, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 22 сентябри соли 2022, №209 тасдиқ гардидааст, дар ноҳия корҳои созандагӣ бомаром идома доранд.
Нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ 2015 бандро дар бар гирифта, пеш аз ҳама ба бунёди иншооти нави иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, ободонии маҳалҳо, рушди инфрасохтор ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ равона шудааст.
Яке аз дастовардҳои назарраси ноҳия дар ин самт иҷрои барзиёди нақшаи корҳои ободонию созандагӣ мебошад. Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, то имрӯз ба ҷойи 2015 банди пешбинишуда 2704 банди корҳои созандагӣ иҷро гардидааст.
Ҳамин тариқ, нақшаи пешбинишуда 134 фоиз иҷро шудааст. Ин нишондиҳанда аз иштироки фаъоли сокинон, соҳибкорон ва масъулони мақомоти маҳаллӣ дар раванди ободонии ноҳия шаҳодат медиҳад.
Саноатикунонии босуръати кишвар яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ба рушди истеҳсолот, таъсиси корхонаҳои нав ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Дар доираи нақшаи корҳои таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, аз соли 2022 то моҳи июли соли 2026 дар ноҳия бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорону сармоягузорон 73 адад банди корҳои созандагӣ дар соҳаи бунёди корхонаи саноатӣ амалӣ гардонида шудааст.
Бунёду ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои нав на танҳо иқтидори истеҳсолии ноҳияро афзоиш медиҳад, балки барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ замина фароҳам меорад.
Дар оғози соли 2026 низ навсозӣ ва бунёди коргоҳҳои саноатӣ идома доштанд. Аз ҷумла, дар ноҳия корхонаҳои истеҳсоли равған, коркарди коғаз, коркарди пӯст бунёд шуда, барои сокинони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам гардид.
9 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷараёни сохтмони корхонаи металлургии ҶСП Комбинати металлургии тоҷик дидан намуданд.Тибқи нақшаи сохтмонӣ корҳои сохтмонии корхонаи мазкур дар ду марҳила ҷараён мегирад: Марҳилаи аввал 1 апрели соли 2025 оғоз гардида буд. Дар ин марҳила истеҳсоли консентрати оҳан ва окатиш ба роҳ монда мешавад ва он моҳи сентябри соли 2027 ба анҷом хоҳад расид. Марҳилаи дуюм бошад, соли 2029 ба итмом расонида шуда, дар ҷараёни он истеҳсоли брикетҳои оҳанини Fe-90%, блюмс ва арматура ба роҳ монда мешавад. Корхонаи мазкур дар дохили кони маъдани оҳани Шоҳқадами ҳудуди бунёд меёбад.
Рушди соҳаҳои иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳими корҳои созандагӣ дар ноҳия мебошад. Дар ин давра тибқи иҷрои нақшаи пешбинишуда дар соҳаи тандурустӣ 96 банд, дар соҳаи маориф 377 адад, 38 иншооти варзишӣ ва дар самти иншооти истироҳативу фарҳангӣ 26 адад корҳои таъмиру тармим ё бунёдӣ доир карда шуданд.
Таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф, бахусус дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ, бештар шудааст. Ҳоло низ сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ идома дорад. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов сохтмони муассисаи таълимии хусусии панҷошёна бо 45 синфхона барои 1200 хонанда идома дошта, дар Ҷамоати деҳоти Унҷӣ бошад, бинои иловагии таълимӣ барои 300 кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ин тадбирҳо барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар баробари саноату иҷтимоиёт, ба рушди соҳаи хизматрасонӣ ва сайёҳӣ низ таваҷҷуҳи зарурӣ дода мешавад.
Дар доираи нақшаҳои бунёдкорӣ 357 маркази савдо ва хизматрасонӣ таъмиру тармим ва сохта ба истифода дода шудааст. Ин иқдом барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, барои рушди соҳаи сайёҳӣ, ки яке аз самтҳои муҳими иқтисоди муосир маҳсуб мешавад, 3 адад банди буёдкорӣ дар соҳаи навсозӣ ва бунёди иншооти сайёҳӣ ва меҳмонхона ба иҷро расонида шудааст.
Рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Бо иштироки бахши хусусӣ ва саҳми фаъолонаи сокинон корҳои сохтмон, мумфаршкунӣ, тахту ҳамворкунӣ ва таъмири роҳҳои дорои аҳаммияти ҷумҳуриявию маҳаллӣ идома доранд.
То имрӯз 328 банди нақшаи корҳои роҳсозӣ иҷро гардида, 22 пулу купрук сохта шудаанд. Илова бар ин, дар ноҳия сохтмони 5 хонаи истиқоматӣ ва 13 бинои маъмурӣ тибқи иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ба анҷом расида, ба истифода дода шудаанд.
Соли 2026 барои сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷиҳати дигар низ соли муҳим ва хотирмон мебошад. Имсол ба таъсисёбии ноҳия 100 сол пур мешавад.
Ҳамзамон, соли 2026 дар кишвар ҳамчун Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидааст. Ин иқдом масъулияти ҳар як сокини ноҳияро дар роҳи ободии диёр бештар намуда, ба корҳои созандагӣ неруи тоза мебахшад.
Имрӯз симои ноҳия бо бунёди иншооти нав, рушди корхонаҳои истеҳсолӣ, ободонии роҳу кӯчаҳо, беҳтар гардидани инфрасохтори иҷтимоӣ ва фароҳам омадани имкониятҳои нави кору зиндагӣ тадриҷан дигаргун мешавад.
Маҳз ҳамин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки истиқлолият барои ҳар як сокини кишвар пеш аз ҳама имкони созандагӣ, бунёди фардои обод ва масъулияти бештар дар назди Ватан мебошад.
Мардуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тасмим доранд, ки ин раванди созандагиро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ идома дода, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 100-солагии таъсисёбии ноҳияро бо дастовардҳои арзанда истиқбол намоянд.
Ободии диёр аз меҳнати мардум оғоз меёбад ва ҳар иншооти бунёдшуда, ҳар корхонаи нав ва ҳар роҳи обод қадаме ба сӯи фардои боз ҳам дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Мудири шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо
ҷомеаи дастгоҳи раиси
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Парвиз Халифаёр
СОЗМОНУ ҲАРАКАТҲОИ МАМНӮЪ ЭЪЛОНШУДА БА МАҚСАДҲОИ ҒАРАЗНОКИ ХУД НАМЕРАСАНД
Дар замони мо кўшиши шахсиятҳои ҷудогона, ҳизбу ҳаракатҳо созмонҳо ва давлатҳое низ ҳастанд, ки мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила, аз ҷумла дар муборизахои сиёсии худ динро парчами худ намуда, тухми кинаву адоват кошта истодаанд. Воқеан бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуктаи назари динӣ хатогии махз аст.
Имрўз гуруҳу созмону ҳаракатҳои мамнӯъ эълонгардида, заҳҳоксифатону иблисрӯён бо ҳимояи хоҷагони хориҷиаш боз барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи кишвари соҳибистиқлоли мо талошҳои беҳуда меварзанд.
Воқеан, дар майдони сиёсати ҷаҳонӣ маҳз ба василаи ҳамин симои манфур гоҳо мардуми тоҷик хурофотиву динзада муаррифӣ мегардад, ки боиси нигаронӣ буда, иллат ба миллат мезанад. Маҳз бо кирдорҳои ҳамин гуна шахсиятҳои хатарзо ва хиёнаткори ҷомеа баъзе давлатҳо майдони ҷангу хунрезӣ гардидаанд. Чунин рафтори разилонаи хоинони ватан мавриди мазаммату танқиди солимфикрон ва мусулмонони чаҳон қарор дорад. Имрўзҳо беш аз пеш собит гардида истодааст, ки сабабгори аслии тамоми бадбахтиҳо ва корҳои нанговари зиёд ҳамин гуна шахсиятҳо мебошанд.
Хушбахтона, имрӯз аксари сокинони кишвари соҳибистиқлоли мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд, зеро оид ба давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараққӣ дода, роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад.
Улуғбек Темиров, сармутахассиси бахши кор
бо дин, танзими ҷашну маросими
мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
НАВОИ ИСТИҚЛОЛ ВА ТАНТАНАИ МЕҲР
Ҳудуди даҳ ҳазор нафар сокинони ба ин макони идгоҳ гирд омада буданд, то сиюпанҷумин согарди озодиву истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хоса ва бо шуру шавқи беандоза истиқбол гиранд.
Бо садо додани суруди миллӣ чорабинӣ оғоз ёфта, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Темурҷон Нуъмонзода иштирокдоронро бо ин санаи таърхӣ ва ҷашни бузурги давлатӣ муборакбод намуд. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода паёми табрикотии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мардуми сарбаланди ноҳияи овозадори Бобоҷон Ғафуров расонид. Ҳамчунин номаи муборакбодии раиси вилояти Суғдро ба ин санаи таърихӣ ва шукуҳи ҷашни давлатӣ Шарифҷон Аҳмедов қироат намуд.
Дар идома саҳнаҳои ҷолибу таъсирбахши барномаи театрикунонидашуда, ифодагари намоди мубориза, заҳмат, фарҳанги бостон ва дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар буданд. Ин саҳнаҳо пеши рӯи бинанда роҳи пурпечутоб, вале шарафманди тайкардаи халқу Ватанро бо тамоми зебоиву таносубаш ҷилвагар сохтанд.
Устодони шинохтаи санъат ва ҳунармандони маҳаллии ноҳия бо барномаи пурмуҳтаво ва рангини худ майдонро ба таронаи меҳр ва ваҳдат табдил доданд. Оҳангҳои дилнишин, рақсҳои пуршӯри миллӣ ва сурудҳои ватандӯстона, ки танинандоз шуда буданд, ба қалби ҳар як иштирокчӣ қувваи тоза ва гармои хос бахшиданд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
МУБОРАКБОДИИ Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатииҶумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯз мову шумо бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллиамон – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Дар ин рӯзҳои фараҳбахши идона тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати ин ҷашни таърихиву тақдирсоз самимона табрику таҳният гуфта, барояшон сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва хонадони ободу осуда таманно дорам.
Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик, рукни асосии давлатдории миллӣ, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, нишонаи ҳувияти миллӣ буда, он барои таҳкими сулҳу ваҳдат, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва боло рафтани мақому нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овард.
Дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ халқи тоҷик таҳти сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пурифтихори рушду пешрафтро тай намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ дар ин давраи таърихӣ бо меҳнати содиқонаи сокинонаш баҳри пешрафту ободонӣ ва созандагӣ саҳми арзанда гузошта истодааст. Бунёду навсозии иншооти иҷтимоӣ, рушди соҳаҳои иқтисоду кишоварзӣ, беҳтар гардидани инфрасохтор ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардум самараи сулҳу субот ва истиқлолияти пойдори кишвар мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам таъкид медоранд, ки ”Мо бояд аз истиқлолу озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем”.
Итминони комил дорам, ки тамоми мардуми шарафманди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дарки қадру қиммат, арзиши таърихии истиқлол ва дастовардҳои бузурги ин давра минбаъд низ дар партави сиёсати сулҳпарваронаю созандаи давлату Ҳукумати мамлакат бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва иқдомҳои бунёдкорона баҳри ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми содиқонаю софдилонаи худро мегузоранд.
Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамдиёрони азизро бо ҷашни фархундаи миллат – 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди кишвар хушбахтӣ, файзу баракат, саломативу сарбаландӣ ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллии ҷовидонӣ, пешрафту ободиву осудагӣ ва хушбахтии ҷовидонӣ орзу менамоям.
Бигзор Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷовидон ва пойдор бошад!
Ҷашни 35-солагии истиқлолу озодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!
Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода
НАБЗИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ДИЁРИ НОМВАРОН
Дар маҷлисгоҳи Қасри фарҳанги деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бо иштироки васеи фаъолони ноҳия, собиқадорони меҳнат, намояндагони соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ва аҳли ҷомеа баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Темурҷон Нӯмонзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода иштирокчиёни маҷлисро ба ин ҷашни мубораку фархунда табрик намуданд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик неъмати бузурги таърихӣ буда, маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар мамлакат заминаҳои устувори рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими давлатдорӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум фароҳам оварда шудаанд.
Дар идомаи чорабинӣ таманниёти идонаи раиси вилояти Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов қироат карда шуд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор фаъолон ва пешқадамони соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои саҳми арзандаашон дар рушди соҳаҳо, ободонию созандагӣ ва пешрафти ҷомеа мукофотҳои давлатӣ, инчунин ифтихорномаҳои раиси вилояти Суғд ва раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров супорида шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши иштирокчиён гардид. Сурудҳои ватандӯстона, намоишҳои ҳунарӣ ва таронаҳои дилнишин фазои идонаи чорабиниро боз ҳам ғанӣ гардониданд.
Ин услуб барои нашр дар хабаргузориҳои расмӣ, рӯзномаҳо ва сомонаҳои давлатӣ комилан мувофиқ аст. Агар ягон таҳрири дигар лозим бошад, марҳамат гӯед.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Раиси ноҳия ҷомеаи меҳнатӣ ва хонандагонро бо Рӯзи дониш муборакбод намуд
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ахмедов Шарифҷон дар ҷамъомади тантанавии омӯзгорон ва муҳассилини муассисаи таълимии Мактаби хонандагони болаёқат дар деҳоти Хистеварз иштирок намуда, ҷомеаи меҳнатӣ ва хонандагонро ба муносибати Рӯзи дониш табрик намуд.
Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи навбатии мулоқоту вохӯриҳои вакилон бо интихобкунандагон оғоз гардид.
Дар доираи ин ташаббус, тибқи ҷадвали тасдиқгардида, 24 августи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Қасри фарҳанги деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ин ноҳия интихоб шудаанд, баргузор гардид.
Дар мулоқот вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии «Бобоҷон Ғафуров, №14» Дилафрӯ Саидӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии «С.Урунхоҷаев,№15» Ҳомидҷон Ҳакимзода иштирок намуданд.
Зимни мулоқот вакилон бо сокинони ҷамъомада оид ба дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, ҳифзу арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ҳаёти ҷомеа корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.
Вакилон бо овардани мисолҳои мушаххас таъкид намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат гирифтаанд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
МАШВАРАТИ АВГУСТИИ ОМӮЗГОРОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар маҷлисгоҳи муассисаи давлатии Мактаби хонандагони болаёқати деҳоти Хистеварз машварати августии омӯзгорон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими соҳаи маориф, натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар соли таҳсили гузашта ва вазифаҳои навбатӣ барои соли таҳсили 2026–2027 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Машварат бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, дар кори он раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Темурҷон Нӯмонзода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода, роҳбарияти ноҳия, раисони ҷамоатҳо, масъулини соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва фаъолони соҳа иштирок намуданд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Абдуллозода Махсуда иштирокчиёни машваратро хайрамақдам гуфта, оид ба бурду бохти соли таҳсили сипаришуда муфассал пешниҳод намуд.
Дар ҷараёни машварат оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маориф, дастовардҳои муассисаҳои таълимӣ, иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо, баланд бардоштани сифати таълим, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва таҳкими ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон маълумот пешниҳод гардид.
Дар идомаи машварат як қатор фаъолони соҳа ба музокира баромада, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои таълиму тарбия, таҷрибаи пешқадам, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо баён намуданд. Таъкид гардид, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим истифодаи усулҳои муосири омӯзиш, татбиқи технологияҳои нав, рушди қобилияти эҷодии хонандагон ва фароҳам овардани муҳити созандаи таълимӣ муҳим мебошад.
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон, фаъолияти омӯзгорону муассисаҳои таълимии ноҳияро таҳлил карда, зимни суханронӣ омӯзгоронро ба муносибати оғози марҳилаи нави фаъолияти таълимӣ табрик намуда, нақши омӯзгоронро дар тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва созанда муҳим арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки дар заминаи таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва беҳтар намудани шароити фаъолияти омӯзгорон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Раиси ноҳия аз омӯзгорон даъват ба амал овард, ки дар соли нави таҳсил масъулияти касбии худро боз ҳам бештар намуда, барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас, иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва рушди маънавии насли наврас саҳми арзандаи худро гузоранд.
Сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода низ суханронӣ намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани сифати таълим, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва иҷрои вазифаҳои дар назди соҳаи маориф гузошташуда тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуд.
Дар фарҷоми машварат ба як гурӯҳ ғолибони озмунҳо, омӯзгорони пешқадам ва собиқадорони соҳаи маориф сипосномаву ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Машварати августии омӯзгорон бо муайян намудани вазифаҳои муҳим барои соли нави таҳсил ва даъват ба фаъолияти боз ҳам самараноку масъулиятнок анҷом ёфт.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.








































































