Хониши сиёсӣ

Ҷавонон ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият

Дар доираи нақшаи баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба тақвияти фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, таҳти унвони “Ҷавонон ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ” хониши сиёсӣ бо кормандону мутахассисони ҷавони филиали ҶСК “Бонки Эсхата” доир гардид. Дар ҷараёни хониши сиёсӣ масъулин дар суханронҳо таъкид доштанд, ки дар тӯли 35 соли Истиқлолият Тоҷикистони азиз роҳи пурифтихори рушду созандагиро тай намуда, ба дастовардҳои назарраси таърихӣ ноил гардидааст. Зикр шуд, ки бунёди роҳҳову пулҳо, муассисаҳои муассири таълимӣ ва тандурустӣ, рушди босуръати иқтисодиёт, таҳкими сулҳу субот ва болоравии сатҳи зиндагии мардум маҳз аз самараҳои шаҳдбори даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошанд. – Ҳифз ва таҳкими дастовардҳои истиқлолият вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Хусусан ҷавонон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун бо фаъолияти софдилона ва масъулиятшиносии худ метавонанд дар ободии Ватан саҳми арзанда гузоранд, – изҳор доштанд, маърӯзачиён.

Дар хотима изҳори умедворӣ карда шуд, ки таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як сокини ноҳия, бавижа ҷавонон, илҳомбахши корҳои созанда, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва дастовардҳои нави меҳнатӣ мегардад.

Ахбори тоза