Home Blog Page 5

Ифтитоҳи Маркази солимгардонии Соҳили Унҷӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

0

8 июл бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави маъмурии Маркази солимгардонии Соҳили Унҷӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Маркази солимгардонии Соҳили Унҷӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Абдуллоев бунёд гардида, барои қабули беморон бо 50 ҳуҷра, 100 ҷойи хоб ва 30 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.

Ифтитоҳи иншооти мазкур боз як қадами муҳим дар самти рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ арзёбӣ мегардад. Сарвари давлат  зимни боздид аз шароити фароҳамшуда ба сифати корҳои сохтмонӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ ва имкониятҳои хизматрасонии марказ баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкоронро намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.

Дар марказ шуъбаҳои қабул, ҳуҷраҳои хоб, бахши физиотерапия, ҳуҷраҳои асаб, бемориҳои занона, ҳамчунин дилу рагҳои хунгард фаъолият менамоянд. Дар маркази солимгардонӣ мутахассисони касбиву дорои тахассуси баланд фаъолият намуда, хизматрасонӣ тибқи стандартҳои муосир ба роҳ монда шудааст.

Саҳни бинои маркази солимгардонӣ  сабзкорӣ шуда, нишастгоҳҳои замонавӣ барои беморон имкони хуби истироҳату  фароғатро ба  миён овардаанд.

Зимни суҳбат бо масъулон роҳбари давлат таъкид намуданд, ки ҷалби сармояи хусусӣ ба соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат буда, чунин ташаббусҳо ба беҳдошти саломатии аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунанд.

Маркази солимгардонии Соҳили Унҷӣ минбаъд ба сокинони ноҳия ва минтақаҳои атроф хизмат расонида, дар таҳкими тандурустии ҷомеа саҳми назаррас хоҳад гузошт.
https://www.president.tj

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли орд барои макарон дар назди ҶДММ “Ирода инвест” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

0

8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд.

Дар ин ҷо нахуст Сарвари давлат бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти коргоҳи нави истеҳсоли орд барои макарон дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ирода Инвест» расман оғоз бахшиданд.

Коргоҳи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат-саноатикунонии босуръати кишвар ва бо истифода аз сармояи дохилӣ бунёд гардидааст. Иншоот дар масоҳати 2500 метри мураббаъ сохта шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи нав бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори коркарди то 200 тонна гандумро дар як шабонарӯз дорад. Дар корхона бинои осёб бо таҷҳизоти пурраи коркарди гандум, анбори нигоҳдории ашёи хом бо ғунҷоиши 600 тонна ва анбори нигоҳдории маҳсулоти тайёр мавҷуд мебошад.

Таъкид гардид, ки орд дар ин ҷо асосан, аз гандуми навъи дурум омода гардида, барои истеҳсоли макарон, хамираи питса, баъзе навъҳои нон, самбӯса ва дигар маҳсулоте истифода мешавад, ки устуворӣ ва сифати баланди хамирро талаб мекунанд. Ба роҳ мондани чунин истеҳсолот имкон медиҳад, ки талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ бештар таъмин гардид.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳ 46 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардида, музди миёнаи меҳнати онҳо 3000 сомониро ташкил медиҳад. Ин иқдом дар баробари рушди истеҳсолот ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ мусоидат хоҳад кард.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои анҷомёфта, истифодаи таҷҳизоти муосир ва саҳми соҳибкорон дар рушди саноати мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуда, ба фаъолияти онҳо баҳои баланд доданд.

Ҳамзамон, корхона дорои сехи нави механикӣ мебошад, ки барои эҳтиёҷоти худи корхона бунёд шудааст. Ин сех барои таъмиру нигоҳдорӣ ва хизматрасонии техникии таҷҳизоти истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо корҳои таъмири таҷҳизот, омода намудани қисмҳои эҳтиётӣ, кафшергарӣ, васлкунӣ ва дигар корҳои механикӣ анҷом дода мешаванд.

Масъулон таъкид намуданд, ки ба истифода додани сехи механикӣ сифати хизматрасонии техникиро беҳтар намуда, боиси кӯтоҳ гардидани муҳлати таъмири таҷҳизотр, коҳиши хароҷоти истеҳсолӣ ва афзудани самаранокии фаъолияти корхона мегардад.

Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуданд.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни истеҳсоли ватанӣ, ки маҳсули фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳия мебошанд, ба маъраз гузошта шуд. Аз ҷумла, навъҳои гуногуни орд ва маҳсулоти ордӣ, макарон, равғани растанӣ, маҳсулоти парандапарварӣ, тухми мурғ, хӯроки омехтаи чорво, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар маҳсулоти истеҳсолӣ пешниҳод гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки солҳои охир дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ афзоиш ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ пайваста зиёд мегардад. Корхонаҳои ноҳия бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазирро ба роҳ монда, дар баробари таъмини бозори дохилӣ, барои содироти маҳсулот низ имкониятҳои мусоид фароҳам овардаанд.

Зимни боздид Пешвои миллат бо намуд ва сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда шинос шуда, ба иқдомҳои соҳибкорону истеҳсолкунандагон дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳои баланд доданд.

Бо тавсия ва маслиҳатҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳибкор уҳдадорӣ гирифт, ки аз ҳисоби даромадҳои ширкат як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ барои 2500 хонанда дар ду баст бунёд намояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки рушди истеҳсолоти ватанӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва зиёд намудани ҳаҷми содирот аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина ба соҳибкорон ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ васеъ намудани ҳаҷми истеҳсолот, ҷалби мутахассисони соҳибтахассус ва саҳмгузории бештар дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дастуру тавсияҳои судманд доданд.

                                                                                         www.president.tj

Ободониву созандагӣ дар муассисаҳои тандурустии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

0

Дар соли таърихии вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ таваҷҷӯҳ ба рушди муассисаҳои тандурустии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бештар гардонида шуда, ҷиҳати муҷаҳазгардонӣ бо лавозимоти тибии муосир ва фароҳамории шароитҳои беҳтари хизматрасонӣ тадбирҳои пайваста андешида шуда истодаанд. Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, намояндаи ба ноҳия вобасташудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур якҷо бо раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон аз корҳои таъмиру таҷдиди шуъбаи бемориҳои асаби беморхонаи ноҳиявии рақами 2 дар деҳоти Ёва ва шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздидҳои корӣ доир намуданд.
Қобили зикр аст, ки корҳои таъмиру навсозиҳо дар муассисаҳои номбурдаи тиббӣ дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия, дастгирии шахсони саховатманд ва соҳибкорони маҳаллӣ барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ роҳандозӣ карда шудааст.
Зимни шиносоӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло ва дигар меҳмонони расмӣ бо мудирони шуъбаҳо, табибон, беморон ва хешу таборони онҳо мулоқоти самимӣ баргузор намуда, барои рушду пешравии соҳа, баланд гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ҳифзи солимии аҳолӣ ва идома додани корҳои ободонию созандагӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас баён намуданд.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва раиси ноҳия бо шароити хизмат ва таъмири бинои ШВКД-1 шинос шуданд

0

Дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои Шуъбаи #1-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фароҳамории шароитҳои муосири хизматӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон бо шароити хизмат, корҳои ободонӣ ва таъмиру таҷдиди бинои ШВКД-1 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуданд. Дар ҷараёни боздид аз шуъбаи мазкур, навгониҳо муаррифӣ гардида, идома ёфтани он таъкид карда шуд. Вазири корҳои дохилӣ аз сифати корҳои анҷомдода изҳори қаноатмандӣ намуда, ба нафарони дар иҷрои он саҳмдошта, миннатдорӣ намуд. Сипас, бо ҳайати шахсӣ мулоқоти озод анҷом дода шуда, аз онҳо масъулиятшиносӣ, омодагӣ баҳри ҳимоя аз манфиатҳои давлату ҷомеа ва дар сатҳи баланд иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазифаю уҳдадориҳои хизматӣ талаб карда шуд. Ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо ва ҷинояткорӣ, баланд бардоштани дониш ва малакаи амалии оперативӣ-хизматӣ, сатҳи забондонӣ дастурҳои мушаххас дода шуд. Дар идома, аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ як адад воситаи нақлиёти тамғаи “Мерседес бенс”-и махсусгардонидашуда, ки ҷиҳати интиқоли маҳбусон пешбинӣ шудааст, ба шуъбаи мазкур тақдим карда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки давоми се моҳи охир бо дастгирии роҳбарияти ВКД, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷалби соҳибкорон ва саҳмгузории ҳайати шахсӣ бинои асосӣ, долону роҳравҳо, ҳуҷраҳои корӣ, қисми навбатдорӣ, маҷлисгоҳ, маҳкамаи нигоҳдории муваққатӣ, ошхона, ташнобу ҳаммохонаи шуъба пурра таъмир карда шуданд. Илова бар ин, роҳравҳои гирду аторофи бинои маъмурӣ сафолакпушу мумфарш карда шуда, иншооти ёрирасони бекорхобида азнавсозӣ ва дар он хобогоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар саҳни бинои асосӣ майдончаи сафороӣ ва барои нақлиётҳои хизматӣ таваққуфгоҳи болопушида сохта ба истифода дода шуд. Инчунин ба сабзу хуррамгардонии ҳудуди бинои хизматӣ таваҷҷуҳ карда шуда, дар баробари қитъаҳои сабзпуш, дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва гулу буттаҳои ороишӣ намуди берунаи бинои маъмуриро назаррабо кардааст.

Рафти корҳои сохтмони бинои иловагии кӯдакистони Ғунча

0
Рафти корҳои сохтмони бинои иловагии кӯдакистони Ғунча бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва зиёд намудани фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, дар муассисаи таҳсилоти томактабӣ корҳои сохтмони бинои иловагӣ идома доранд. Айни замон корҳои сохтмонӣ тибқи нақша бо суръати хуб ҷараён дошта, сохтмончиён, бо масъулияти баланд барои дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонидани иншоот талош менамоянд. Дар рафти сохтмон ба сифати корҳои иҷрошаванда, истифодаи масолеҳи босифат ва риояи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Бинои иловагӣ дорои утоқҳои таълиму тарбия, хобгоҳ, толори бозӣ, ҳуҷраҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон хоҳад буд. Пас аз ба истифода супоридани он барои қабули шумораи бештари кӯдакон имконияти мусоид фароҳам омада, шароити таълиму тарбия боз ҳам беҳтар мегардад. Сохтмони ин бино далели ғамхории давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли наврас мебошад. Бо анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ, кӯдакистон ба муҳити боз ҳам замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯз табдил ёфта, барои тарбияи кӯдакон шароити мусоид фароҳам хоҳад овард. Боварӣ дорем, ки бо дастгирии роҳбарият ва меҳнати софдилонаи сохтмончиён корҳои сохтмонӣ сари вақт ва бо сифати баланд анҷом ёфта, иншооти нав ба манфиати кӯдакон ва ҷомеа хизмат хоҳад кард.

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид

0

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид Санаи 1-уми июли соли 2026 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон иштирок намуд. Ҷаласаро раиси Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия – прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1 Одиназода Саид оғоз намуда, иброз дошт, ки дар рӯзномаи ҷаласа масъалаи истифодаи ғайриқонунии замин мавриди баррасӣ қарор мегирад. Нахуст оид ба масъалаи мазкур гузориши муфассали ёрдамчии прокурори ноҳия Сулаймонзода Махсуд шунида шуд. Зимни муҳокимаи масъала, вобаста ба сабабу омилҳои ба миён омадани ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии замин, ки дар гузориш зикр гардиданд, аз раиси комиссияи ноҳиявӣ оид ба вобаста намудан ва ҷудо намудани замин, муовини якуми раиси ноҳия Ҳакимзода Абдуаҳад ва раиси Кумитаи идораи замини ноҳия Ҳайдарзода Амирбек пурсиш ба амал оварда шуд. Ба масъулон ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида ва роҳ надодан ба чунин ҳолатҳо дар фаъолияти минбаъда вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд. Ҳамчунин, раиси ноҳия Нӯмонзода Темурҷон ба иштирокдорони ҷаласа, аз ҷумла раисони ҷамоатҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, сармеъмори ноҳия, аъзои комиссияи ноҳиявӣ оид ба ҷудо ва вобаста намудани замин ва дигар масъулони соҳавӣ ҷиҳати риояи қатъии талаботи қонунгузории амалкунанда, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ ва пешгирии истифодаи ғайриқонунии замин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамоиш бахшида ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда 2027–2036”

0
Санаи 29 июни соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 бо иштироки Муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилоромхон Турсунзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Махсуда Абдуллозода ва бо ҷалби омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ бахшида ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» баргузор гардид.
Зимни ҳамоиш аҳамияти сулҳу субот ҳамчун пояи асосии рушди устувори давлат, тарбияи насли ватандӯсту худшинос, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва инсонӣ, инчунин саҳми ҷавонон дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки сулҳ на танҳо неъмати бузург, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Тарбияи насли соҳибмаърифат, худогоҳу созанда ва вафодор ба Ватан кафолати пойдории сулҳ ва пешрафти Тоҷикистони азиз аст.
Ҳамоиш дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ватандӯстӣ ва эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ баргузор гардида, иштирокчиён омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда 2027–2036” изҳор намуданд.

Шиносоии раиси ноҳия бо фаъолияти ҶДММ «Аҳрулло»

0
Имрӯз раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон дар деҳоти Ғозиён бо фаъолияти ҶДММ «Аҳрулло», ки ба истеҳсоли маҳсулоти оҳану бетонӣ машғул мебошад, шинос гардид.
Зимни боздид раиси ноҳия бо ҷараёни истеҳсолот, имкониятҳои коргоҳ, сифати маҳсулот ва шароити фаъолияти кормандон аз наздик ошно шуд. Ба роҳбарияти корхона ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, истифодаи самараноки технологияҳои муосир, таъмини сифати баланди маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи саноати ноҳия дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд

Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ҷаҳонӣ гашт!

0

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи СММ ҳамчун сиёсатмадори сатҳи глобалӣ ва ташаббускори Иқдомҳои бузурги ҷаҳонӣ дар соҳаи сулҳ, амният ва об эътироф шудаанд. Иқдомҳои Пешвои миллат нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон бо гузашт аз ҷанги шаҳрвандӣ ба як кишвари сулҳофар табдил ёфт. Ҳар як Қатъномаи СММ, ки бо ташаббуси Тоҷикистон қабул мешавад, исботи он аст, ки иқдомҳои роҳбари давлати мо ҳамеша ба нафъи кулли инсоният ва ҳифзи ҳаёт дар рӯи замин нигаронида шудаанд.