Вобаста ба эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» ва дар асоси ҷадвали фаъолияти гурӯҳи доимоамали вилоят, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд тасдиқ гардидааст, мулоқоти навбатии гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкилу баргузор карда шуд. Гурӯҳи тарғиботӣ дар ҳайати Шарифзода Аминҷон […]

САРЧАШМАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВАҲДАТ АСТ!

Вобаста ба эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» ва дар асоси ҷадвали фаъолияти гурӯҳи доимоамали вилоят, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд тасдиқ гардидааст, мулоқоти навбатии гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкилу баргузор карда шуд. Гурӯҳи тарғиботӣ дар ҳайати Шарифзода Аминҷон – сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд», Ҷовиди Аштӣ – раиси бахши суғдии Созмони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Солиҷонов Нодир – устоди Донишгоҳи давлатии Ҳуҷанд ва Халифаёр Парвиз – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мардуми ҷамъомада оид ба масъалаҳои аҳамияти таърихии таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ, вусъат додани корҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба коррупсия, экстремизму терроризм, иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат дар бораи баимзорасии қонуни авф ва ба Ватан баргардонидани хоки қаҳрамонони миллӣ бо пешниҳоди маълумоти ҷолиб корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.

Ахбори тоза