Ҳудуди даҳ ҳазор нафар сокинони ба ин макони идгоҳ гирд омада буданд, то сиюпанҷумин согарди озодиву истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хоса ва бо шуру шавқи беандоза истиқбол гиранд.
Бо садо додани суруди миллӣ чорабинӣ оғоз ёфта, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Темурҷон Нуъмонзода иштирокдоронро бо ин санаи таърхӣ ва ҷашни бузурги давлатӣ муборакбод намуд. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода паёми табрикотии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мардуми сарбаланди ноҳияи овозадори Бобоҷон Ғафуров расонид. Ҳамчунин номаи муборакбодии раиси вилояти Суғдро ба ин санаи таърихӣ ва шукуҳи ҷашни давлатӣ Шарифҷон Аҳмедов қироат намуд.
Дар идома саҳнаҳои ҷолибу таъсирбахши барномаи театрикунонидашуда, ифодагари намоди мубориза, заҳмат, фарҳанги бостон ва дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар буданд. Ин саҳнаҳо пеши рӯи бинанда роҳи пурпечутоб, вале шарафманди тайкардаи халқу Ватанро бо тамоми зебоиву таносубаш ҷилвагар сохтанд.
Устодони шинохтаи санъат ва ҳунармандони маҳаллии ноҳия бо барномаи пурмуҳтаво ва рангини худ майдонро ба таронаи меҳр ва ваҳдат табдил доданд. Оҳангҳои дилнишин, рақсҳои пуршӯри миллӣ ва сурудҳои ватандӯстона, ки танинандоз шуда буданд, ба қалби ҳар як иштирокчӣ қувваи тоза ва гармои хос бахшиданд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ҳудуди даҳ ҳазор нафар сокинони ба ин макони идгоҳ гирд омада буданд, то сиюпанҷумин согарди озодиву истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хоса ва бо шуру шавқи беандоза истиқбол гиранд. Бо садо додани суруди миллӣ чорабинӣ оғоз ёфта, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Темурҷон Нуъмонзода иштирокдоронро бо ин санаи таърхӣ ва ҷашни бузурги давлатӣ муборакбод […]












