Home Blog Page 7

Боздидҳои корӣ аз ҷараёни омодасозии иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

0

Боздидҳои корӣ аз ҷараёни омодасозии иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Машварати кории назди раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба масъалаи чорабиниҳои фарҳангӣ

0

Дар машварати назди раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров масъалаи ташкилу баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар заминаи гузориши мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия, раиси ноҳия Нӯмонзода Темурҷон ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангӣ ва мутобиқи нақшаҳои тарҳрезшуда доир намудани Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Душанбе бо намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи адабию фарҳангӣ, инчунин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ, 100-солагии таъсисёбии ноҳия, роҳпаймоиҳои идонаи ҳарбӣ, ҷамъбасти озмунҳои эълоншуда ва дигар чорабиниҳои оммавии фарҳангии минбаъда ба шахсони вобаста дастуру супоришҳо баён намуд.

ТАЪЗИЯНОМА

0
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз марги ногаҳонии Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худойбердӣ сахт андӯҳгин буда, ба хешу ақрабо ва пайвандонашон ҳамдардии амиқ баён менамояд.
Ёдашон бахайру охираташон обод бошад

Боздид аз иншоотҳои ҷашнӣ

0

Имрӯз раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон аз рафти корҳои сохтмонии иншооти ҷашнӣ боздидҳои корӣ ба амал оварда, оид ба ҳарчӣ зудтар ба анҷом расонидани ҷузъиёти боқимонда ба масъулони вобаста дастуру супоришҳо баён намуд. Зимни сафари корӣ дар раванди мутобиқ ба меъёрҳои муосири меъмориву шаҳрсозӣ ба тартиб даровардани кӯчаҳои марказии деҳоти ба номи Ҳ.Усмонов, Унҷӣ, Д.Холматов, Исмоил ва шаҳраки Ғафуров, башаклдарории дарахтони қадди роҳҳо, хуррамгардонии майдонҳои киштзору боғот ва тозагии муҳити зист таваҷҷӯҳи махсус дода, иҷрои супоришҳо дар самти ободонии фурудгоҳи муваққатӣ дар деҳоти Исмоил мавриди назар қарор дода шуд.

Оғози мумфаршкунии 5 км роҳ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

0

Дар идомаи корҳои ободонӣ ва созандагӣ имрӯз бо ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба корҳои мумфаршкунии роҳи кӯчаи Фатҳулло Ахмедови Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов ва кӯчаи Мастура Авезоваи Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшида шуд.

Бар асоси лоиҳа 5 километр роҳ мумфарш гардида, шароити рафтуомади сокинон ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин кӯчаҳо беҳтар хоҳад шуд.
Ин иқдом дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, бахше аз барномаҳои ободониву созандагӣ дар вилояти Суғд ба шумор меравад. Ҳамзамон, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои бунёдкорӣ, аз ҷумла мумфаршкунии роҳҳо, сохтмон ва навсозии иншооти иҷтимоӣ идома дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинон аҳамияти рушди инфрасохтори роҳу нақлиётро барои пешрафти маҳалҳо муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки татбиқи чунин тарҳҳо ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди маҳал мусоидат хоҳад кард.
Тайи солҳои охир дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як қатор тарҳҳои гуногун амалӣ гардида, корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни миллӣ бо суръат идома дорад.

Масоҳати гармхонаҳои “ММК-Агро” зиёд мешавад

0

Таъмини амнияти озуқавории мамлакат яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ин самт дар вилояти Суғд тадбирҳои муассир амалӣ карда мешаванд.

Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аҳаммияти махсус дода мешавад.
Дар ин замина масъулини ҶДММ «ММК Агро» тасмим гирифтаанд, ки майдони гармхонаҳои худро боз ҳам васеъ намоянд. Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи нави гармхонаи бунёдшаванда ба Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, ки гармхонаи истеҳсолӣ – инноватсионии замонавӣ дар минтақаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо технологияи пешрафтаи ҳолландӣ сохта мешавад.
Масоҳати умумии гармхонаи нав 6,3 гектарро ташкил дода, баъди мавриди истифода қарор гирифтан барои афзоиши истеҳсоли сабзавоту маҳсулоти тару тозаи ватанӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ дар тамоми фаслҳои сол мусоидат хоҳад кард.
Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2026 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 199 гармхона фаъолият дошта, масоҳати умумии онҳо ба 27,2 гектар баробар мебошад. Солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои кишоварзии вилояти Суғд бунёди гармхонаҳо вусъати тоза гирифта, ин раванд барои баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Бунёди гармхонаҳои муосир аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ, аз ҷумла ширкати «Барс», ҳамчун иқдоми муҳим дар роҳи рушди соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи технологияҳои нав арзёбӣ гардида, барои таҳкими иқтидори истеҳсолии минтақа аҳаммияти калон дорад.

Шиносоӣ бо сохтмони иншооти соҳаи савдо ва хизматрасонӣ

0

Дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як қатор иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд шуда истодаанд.

Дар шафати шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров аз ҷониби масъулини ҶДММ «Маркази тиҷоратии Суғдиён» сохтмони маркази бузурги савдои «Суғдмол» ҷараён дорад. Тибқи иттилои масъулин масоҳати зери сохтмони ин марказ 3000 метри мураббаъро ташкил дода, иншоот аз панҷ ошёна иборат хоҳад буд.
Маркази савдо бо тарҳи муосир бунёд гардида, дорои тамоми шароити замонавӣ, аз ҷумла эскалаторҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ хоҳад шуд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани он сатҳи хизматрасонии савдо беҳтар гардида, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.
Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз иқдомҳои роҳбарияти ширкати «Барс» дар самти татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат, аз ҷумла зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, рушди соҳаи саноат ва фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ истиқбол намуд. Таъкид гардид, ки чунин ташаббусҳои созанда нишонаи татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст мебошад.
Айни замон барои иҷрои корҳои сохтмонӣ даҳҳо нафар коргарону мутахассисони ватанӣ ба шуғл фаро гирифта шудаанд.
Ҳамзамон, дар шаҳри Бӯстон аз ҷониби масъулини ширкати «Барс» сохтмони корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво идома дорад. Корхона бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардида, раванди истеҳсолот дар он мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ монда мешавад.
Бо ба истифода додани корхона шумораи ҷойҳои нави корӣ афзоиш ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва иқтидори иқтисодии минтақа боз ҳам тақвият хоҳад ёфт.

Шиносоӣ бо фаъолияти ҶДММ «Парандапарвар-2017»

0

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаи паррандапарварии ҶДММ «Парандапарвар-2017» шинос гардид.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Темур Мамедов таъсис ёфта, ба истеҳсоли тухми парранда ихтисос дорад. Айни замон дар корхона беш аз 550 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад.
Тибқи маълумот, дар корхона ҳар рӯз то 350 ҳазор дона тухм истеҳсол шуда, ҳаҷми солонаи истеҳсолот беш аз 120 миллион донаро ташкил медиҳад. Маҳсулоти истеҳсолшуда ба бозорҳои дохилии кишвар пешниҳод гардида, дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ саҳми назаррас мегузорад.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо масъулин таъкид намуд, ки истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, таъмини пурраи бозори дохилӣ, афзоиши содироти маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз ҳадафҳои муҳими давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Таъкид гардид, ки бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи паррандапарварӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, соҳибкорон метавонанд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда истеҳсолотро боз ҳам густариш диҳанд.
Имрӯзҳо рушди соҳаи паррандапарварӣ дар вилояти Суғд тамоюли устувор касб намудааст. Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ, ҷалби сармоя ва ворид намудани технологияҳои муосир саршумори парранда ва ҳаҷми истеҳсоли тухму гӯшти парранда мунтазам афзоиш меёбад.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 июни соли 2026 дар вилояти Суғд 6 миллиону 610 ҳазору 641 сар парранда мавҷуд мебошад. Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 352 миллиону 216,1 ҳазор дона тухм истеҳсол гардидааст.

Маҳфили «Адибони ваҳдатсаро» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

0

Имрӯз дар қасри фарҳанги маркази ноҳия тибқи нақшаи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд маҳфили «Адибони ваҳдатсаро» ташкилу баргузор гардид. Кори маҳфилро муовини озоди раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Комилӣ Мастура ифтитоҳ намуда, меҳмонони чорабинӣ адибони вобасташудаи маҳфил Шарифзода Аминҷон – сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд», шоир Ҳакимова Сурайё, шоири ваҳдатсаро Рустамов Темурмалик ва Қосидова Ӯғулой – устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ба иштирокдорон-фаъолони Ҳаракати ноҳиявӣ муаррифӣ намуд. Зикр гардид, ки маҳфили имрӯза ба таҷлили 75-солагии зодрӯзи шоири шинохта ва шахси соҳибэҳтироми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Темурмалик Рустамов рост омада, чорабинии имрӯза ба ифтихори истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои 100-солагии таъсисёбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти эҷодии ӯ бахшида мешавад. Дар навбати аввал меҳрномаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон ба муносибати хизматҳои арзандаи устод Рустамов Темурмалик дар тарбияи маънавии мардум аз ҷониби мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Халифаёр Парвиз қироат карда шуд. Сипас меҳмонони чорабинӣ Шарифзода Аминҷон ва Ҳакимова Сурайё оид ба аҳамияти таърихии таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ маълумотҳои ҷолиб пешниҳод намуда, бо порчаҳои шеърии тараннумгари сулҳу ваҳдат ва ободии Ватан соҳибҷашнро табрик намуданд. Қосидова Ӯғулой дар мавзӯи «Маҳфумҳои ҳуввияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дар ашъори Темурмалик Рустамов» маърӯзаи илмӣ пешниҳод намуд. Ҳамчунин иштирокдорони чорабинӣ азҷумла дӯсти тоҷикзабону деринаи Рустамов Темурмалик аз Ҷумҳурии Қазоқистон, профессори соҳаи тиб Эргеш Халметов, ки ба Тоҷикистон маҳз барои табрикаш ташриф овардааст, бо забони шевои тоҷикӣ суханронӣ намуда, туҳфаҳояшро супорид. Раиси Шӯрои пиронсолони Ҳаракати ноҳиявӣ Каримхоҷаев Исохӯҷа ва чанде аз пайвандони соҳибҷашн бо шукргузорӣ аз пойдории сулҳу суббот дар мамлакат Темурмалик Рустамовро табрик намуданд. Суруду оҳангҳо аз эҷодиёти Рустамов Темурмалик дар иҷрои ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия Муҳиддин Ғозиев, Сироҷиддин Самариддинзода, Аъзам Азизӣ ва Нозим Раҳимов шукуҳи чорабиниро рангинтар гардонид. Чорабинӣ бо арзи сипоси соҳибҷашн Рустамов Темурмалик анҷом пазируфт.

Машварати кории назди раиси ноҳия баргузор шуд

0

Дар машварати назди раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бегоҳии санаи 10.06.2026 баргузор гардид, масъалаҳои рафти амалишавии нақшаҳои ҷории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, иҷрои дастуру супоришҳои машваратҳои қаблӣ аз ҷумла вазъи иқтисодӣ, иҷрои нақшаҳои андозу буҷет, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, мутобиқати рақамҳои оморӣ ба нишондиҳандаҳои феълӣ, фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ, нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ, корҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дода шуданд.
Раиси ноҳия Нӯмонзода Темурҷон аз масъулони дахлдор пурсиш ба амал оварда, вазифаҳои минбаъдаро мушаххас намуд.