Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳамкорӣ бо Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши оммавӣ доир гардид. Чорабинии мазкур бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Мо, сарбозону афсарон – посдорони сулҳу ваҳдат» дар қисми ҳарбии 08941-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он муовини фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ полковник Абдурашид Ҳотамиён, собиқадори Вазорати мудофиа генерал-майори мустаъфӣ Назарзода Назар Бадал, намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Аҳлидин Мелиҷонов ва Сардор Абдуллоев, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Баҳодурзода Баҳридин, омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Махсудхӯҷа Нӯмонов ва Ёдгор Раҳматов, инчунин командири қисми ҳарбии 08941 подполковник Рустам Умарзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ масъулин ва меҳмонони ҳамоиш оид ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ, нақши калидии он дар таҳкими сулҳу суботи саросарӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ миёни ҷавонон ва хизматчиёни ҳарбӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Гуфта шуд, ки ҳифзи сулҳ, субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, бахусус ҳимоятгарони Ватан ба шумор меравад. Ҷорабинӣ дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихор аз соҳибдавлатӣ анҷом ёфт.

