Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рафти корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки замин, гузаронидани кишти такрорӣ ва нашъунамои пахта шинос гардид. Дар бригадаи №34-и хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви Ҷамоати деҳоти Ӯнҷӣ бо иштироки роҳбарияти вилоят ба кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ оғоз бахшида шуд. Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ дар ноҳия […]

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рафти корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки замин, гузаронидани кишти такрорӣ ва нашъунамои пахта шинос гардид.
Дар бригадаи №34-и хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви Ҷамоати деҳоти Ӯнҷӣ бо иштироки роҳбарияти вилоят ба кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ оғоз бахшида шуд. Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ дар ноҳия дар майдони 3960 гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад ва то имрӯз ин кор дар 260 гектар амалӣ гардидааст.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо кишоварзон таъкид намуд, ки истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин, гузаронидани кишти такрорӣ ва обёрии саривақтӣ барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва нигоҳ доштани нархҳо аҳамияти калон дорад.
Сипас Раҷаб Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Исфисор бо вазъи парвариши пахта шинос шуд. Масъулин иттилоъ доданд, ки дар бригадаи №10-и кооперативи тиҷоратии хоҷагии ҷамъиятии ба номи Турсунбой Қушатов пахта бори аввал бо усули инноватсионӣ кишт шудааст. Бо истифода аз обёрии қатрагӣ ва технологияи муосир об ва нуриҳои минералӣ самаранок истифода гардида, барои гирифтани ҳосили баланд замина фароҳам оварда шудааст.

Дар идома Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ҳоли собиқадори соҳаи маориф Шукур Иброҳимов ва собиқадори соҳаи кишоварзӣ Абдусалом Муродов хабар гирифта, онҳоро ба муносибати фарорасии 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуд ва аз номи Пешвои миллат туҳфаҳо супорид.

See less

Ахбори тоза