Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Сафаралӣ ва сардори КВД «Парандапарвар»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаюмзода Фаррухро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот, ки бо иштироки масъулини дахлдори ноҳия баргузор гардид, масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи парандапарварӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти парандагӣ ва бартараф намудани мушкилоту монеаҳои ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни машварати корӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минбаъда, ҷалби сармоя барои рушди соҳа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ мубодилаи афкор намуда, барои рушди минбаъдаи соҳаи парандапарварӣ дар ноҳия вазифаҳо мушаххас карда шуданд.

