Санаи 29 июни соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 бо иштироки Муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилоромхон Турсунзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Махсуда Абдуллозода ва бо ҷалби омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ бахшида ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» баргузор гардид.
Зимни ҳамоиш аҳамияти сулҳу субот ҳамчун пояи асосии рушди устувори давлат, тарбияи насли ватандӯсту худшинос, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва инсонӣ, инчунин саҳми ҷавонон дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки сулҳ на танҳо неъмати бузург, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Тарбияи насли соҳибмаърифат, худогоҳу созанда ва вафодор ба Ватан кафолати пойдории сулҳ ва пешрафти Тоҷикистони азиз аст.
Ҳамоиш дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ватандӯстӣ ва эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ баргузор гардида, иштирокчиён омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда 2027–2036” изҳор намуданд.