Home Blog Page 4

Дар раванди иҷрои вазифаҳои хизматӣ

0

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Темурҷон Нӯмонзода аз муовинони раиси ноҳия вобаста ба самтҳои фаъолияташон дар раванди иҷрои вазифаҳои хизматӣ пурсиш ба амал овард. Зимни пешниҳоди маълумотҳо раиси ноҳия барои иҷрои босифати нақшаҳои минбаъдаи фаъолият, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва баланд бардоштани самаранокии кор ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон, ба ҳамаи иштирокдорони машварат таъкид гардид, ки нисбат ба иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва нақшаҳои пешбинишуда бо масъулияти ҷиддӣ муносибат намуда, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо ба натиҷаҳои назаррас ва нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ ноил гарданд.

ДАР ҲАЛЛИ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН

0

 

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Темурҷон Нӯмонзода баргузор гардид.
Дар ин рӯз 21 нафар шаҳрванд бо масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла оид ба таъмин шудан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, расонидани кӯмакҳои моддиву молиявӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо муроҷиат намуданд.
Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода ҳар як муроҷиатро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода, ба муовинони раиси ноҳия, роҳбарони шуъбаву бахшҳо ва ташкилоту идораҳои дахлдор ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва босифати муроҷиатҳо дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун супоришҳои мушаххас дод.
Қобили зикр аст, ки қабули шаҳрвандон ҳар ҳафта бо иштироки роҳбарияти ноҳия, масъулони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарони ташкилоту идораҳои марбута баргузор мегардад. Ҳадафи асосии чунин қабулҳо ҳалли саривақтии масъалаҳои шаҳрвандон, баррасии муроҷиатҳои онҳо ва таҳкими ҳамкорию робитаи мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ мебошад.
Хабарнигори “Парвозгоҳи бузурнгон”

 

Амалиёти “Маданияти шаҳрдорӣ”

0

     Бо ташаббуси раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Темурҷон Нӯмонзода дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия барои вусъатбахши корҳои ободонӣ ва ҷиҳати ба эътидол овардани камбудиҳои ҷойдошта гаштугузори масъулони мақомоти дахлдори маҳаллӣ мунтазам ташкилу баргузор карда мешавад.
Мақсад аз баргузории чунин тадбир ободонии марказҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва мутобиқгардонӣ ба меъёрҳои муосири меъмориву шаҳрсозӣ мебошад. Гаштугузори навбатӣ бо иштироки бевоситаи роҳбари ноҳия Темурҷон Нӯмонзода дар кӯчаи марказии деҳоти Ёва доир карда шуд. Зимни баёни эродҳо ба масъулони дахлдор Темурҷон Нӯмонзода бо аҳолӣ ва соҳибкорон низ сӯҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда, ҷиҳати истиқболи ҷашни пуршукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба саҳмгузориву вусъатбахшии корҳои ободонӣ даъват намуд.

Хабарнигори “Парвозгоҳи бузургон”

 

ВОХӮРӢ ДАР МАҲАЛ

0

      Мулоқоти навбатии гурӯҳи тарғиботии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз рӯи усули «Маҳалла ба маҳалла» дар маҳаллаи «Бобоҷон Ғафуров»-и ҷамоати шаҳраки Ғафуров баргузор гардид. Тарғиботчиён зимни суханрониҳо дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ташрифи навбатиашон ба ноҳия, иқдомҳои инсонпарварона оид ба татбиқи қонуни авф, дар сатҳи байналмиллалӣ қабул шудани қатъномаи даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ва дар ин раванд эҳтиромгузорӣ ба волоияти қонун, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонии маҳал барои татбиқи иқдоми Пешвои миллат бобати эълон шудани соли 2026 – Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муаммоҳои ҷойдоштаи маҳал бо сокинон суҳбат намуданд.

Хабарнигори “Парвозгоҳи бузургон”

Шиносоӣ бо рафти корҳои кишоварзӣ дар деҳоти Хистеварз

0

Бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои кишоварзӣ ва баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони деҳот раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Темурҷон Нӯмонзода ба хоҷагиҳои кишоварзии деҳоти Хистеварз сафари корӣ анҷом дод.
Зимни боздид нахуст раиси ноҳия бо вазъи нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла парвариши пахта шинос гардид. Сипас бо сокинони маҳал ва хоҷагидорон мулоқот баргузор карда шуд. Дар ҷараёни суҳбат раиси ноҳия бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба қабули қатъномаи Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда ва эълон гардидани соли 2026 ҳамчун Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинонро ба шукргузорӣ аз сулҳу суботи ҷомеа, ҳифзи фазои орому осуда ва иштироки фаъолона дар корҳои ободониву хуррамгардонӣ даъват намуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки барои иҷрои саривақтии нақшаҳои пешбинишуда масъулият бояд боз ҳам тақвият дода шавад.
Ҳамчунин, зимни ин боздид бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи кишоварзӣ ба деҳқонон ва хоҷагидорон ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокӣ, ноил гардидан ба натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ ва ба даст овардани ҳосили фаровон тавсияҳо ва маслиҳатҳои муфид пешниҳод гардиданд.

ТИРГОН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВА МАРДУМӢ

0
     Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гиромидошт ва аҳамияти таърихии таҷлили ин иди миллӣ чунин зикр кардаанд: “Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд. Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд.”
Агар Ҷашни Сада марбут ба зимистон, Наврӯз ба баҳору Меҳргон ба тирамоҳ бошад, пас Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони орёӣ аст.

Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои соҳаи аграрии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

0

8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои соҳаи аграрии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд.

Дар ин намоиш маҳсули дастранҷи деҳқонону заминдорони ноҳия, аз ҷумла ғалладонагӣ, сабзавоту полезӣ, меваҳои тару тоза, маҳсулоти боғдорӣ ва дигар навъҳои маҳсулот  ба маъраз гузошта шуда буд.

Зимни боздид ба сатҳу сифати маҳсулот, истифодаи самараноки замин, татбиқи технологияҳои муосир ва афзоиши ҳаҷми истеҳсол таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Сарвари давлат  заҳмати деҳқононро шоиста арзёбӣ намуда, барои боз ҳам рушд додани соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, таъмини бозор бо маҳсулоти босифати ватанӣ ва саҳмгузорӣ дар амнияти озуқавории кишвар ба масъулон дастуру тавсияҳо доданд.
www.president.tj

Ифтитоҳи фосилавии 4 иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

0

8 июл зимни  сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли орд барои макарон дар назди ҶДММ «Ирода Инвест», иншооти таъйиноти иҷтимоӣ, иқтисодӣ  ва саноатиро ба таври  фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи ҶДММ Суғдроҳсоз дар деҳоти Ғозиён оғоз бахшиданд.

Корхонаи мазкур бо технологияи муосир муҷаҳҳаз буда, ба истеҳсоли асфалт, бетон, регу шағал машғул аст. Иқтидори истеҳсолии он дар як соат то 120 тонна асфалт, 120 метри мукааб бетон ва 80 тонна регу шағалро ташкил медиҳад.

Дар ин ҷо 50 сокини маҳалӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, маҳсулоти корхона барои бунёду таҷдиди роҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд истифода хоҳад шуд.

Ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ корхонаи истеҳсоли хишти ҶДММ Шарифов.Н-ро дар деҳоти ба номи Додобой Холматов мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти нави саноатӣ дар як моҳ то 700 ҳазор дона хишт истеҳсол мекунад.  Дар марҳилаи аввал 30 нафар соҳиби кори доимӣ гардида, бо зиёд шудани истеҳсолот шумораи онҳо боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт. Ба истифода додани корхона имконият медиҳад, ки талаботи бозори дохилӣ ба масолеҳи сохтмонӣ беҳтар таъмин гардад.

Иншооти дигаре, ки ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, муассисаи таҳсилоти томактабии №11 дар деҳоти Унҷӣ мебошад. Бинои кӯдакистон барои фарогирии 300 кӯдак пешбинӣ гардида, бо шароити муосири таълиму тарбия, толори варзиш, ҳуҷраҳои омӯзишу истироҳат ва майдончаҳои бозӣ таъмин мебошад.

Зимни муаррифии иншооти мазкур дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати густариши корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастуру тавсияҳо доданд.
www.president.tj