Имрӯз раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон дар деҳоти Ғозиён бо фаъолияти ҶДММ «Аҳрулло», ки ба истеҳсоли маҳсулоти оҳану бетонӣ машғул мебошад, шинос гардид. Зимни боздид раиси ноҳия бо ҷараёни истеҳсолот, имкониятҳои коргоҳ, сифати маҳсулот ва шароити фаъолияти кормандон аз наздик ошно шуд. Ба роҳбарияти корхона ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, истифодаи самараноки технологияҳои муосир, […]

Шиносоии раиси ноҳия бо фаъолияти ҶДММ «Аҳрулло»

Имрӯз раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон дар деҳоти Ғозиён бо фаъолияти ҶДММ «Аҳрулло», ки ба истеҳсоли маҳсулоти оҳану бетонӣ машғул мебошад, шинос гардид.
Зимни боздид раиси ноҳия бо ҷараёни истеҳсолот, имкониятҳои коргоҳ, сифати маҳсулот ва шароити фаъолияти кормандон аз наздик ошно шуд. Ба роҳбарияти корхона ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, истифодаи самараноки технологияҳои муосир, таъмини сифати баланди маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи саноати ноҳия дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд

Ахбори тоза