Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид Санаи 1-уми июли соли 2026 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон иштирок намуд. Ҷаласаро раиси Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия – […]

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид Санаи 1-уми июли соли 2026 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон иштирок намуд. Ҷаласаро раиси Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия – прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1 Одиназода Саид оғоз намуда, иброз дошт, ки дар рӯзномаи ҷаласа масъалаи истифодаи ғайриқонунии замин мавриди баррасӣ қарор мегирад. Нахуст оид ба масъалаи мазкур гузориши муфассали ёрдамчии прокурори ноҳия Сулаймонзода Махсуд шунида шуд. Зимни муҳокимаи масъала, вобаста ба сабабу омилҳои ба миён омадани ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии замин, ки дар гузориш зикр гардиданд, аз раиси комиссияи ноҳиявӣ оид ба вобаста намудан ва ҷудо намудани замин, муовини якуми раиси ноҳия Ҳакимзода Абдуаҳад ва раиси Кумитаи идораи замини ноҳия Ҳайдарзода Амирбек пурсиш ба амал оварда шуд. Ба масъулон ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида ва роҳ надодан ба чунин ҳолатҳо дар фаъолияти минбаъда вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд. Ҳамчунин, раиси ноҳия Нӯмонзода Темурҷон ба иштирокдорони ҷаласа, аз ҷумла раисони ҷамоатҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, сармеъмори ноҳия, аъзои комиссияи ноҳиявӣ оид ба ҷудо ва вобаста намудани замин ва дигар масъулони соҳавӣ ҷиҳати риояи қатъии талаботи қонунгузории амалкунанда, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ ва пешгирии истифодаи ғайриқонунии замин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ахбори тоза