Бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои кишоварзӣ ва баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони деҳот раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Темурҷон Нӯмонзода ба хоҷагиҳои кишоварзии деҳоти Хистеварз сафари корӣ анҷом дод.
Зимни боздид нахуст раиси ноҳия бо вазъи нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла парвариши пахта шинос гардид. Сипас бо сокинони маҳал ва хоҷагидорон мулоқот баргузор карда шуд. Дар ҷараёни суҳбат раиси ноҳия бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба қабули қатъномаи Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда ва эълон гардидани соли 2026 ҳамчун Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинонро ба шукргузорӣ аз сулҳу суботи ҷомеа, ҳифзи фазои орому осуда ва иштироки фаъолона дар корҳои ободониву хуррамгардонӣ даъват намуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки барои иҷрои саривақтии нақшаҳои пешбинишуда масъулият бояд боз ҳам тақвият дода шавад.
Ҳамчунин, зимни ин боздид бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи кишоварзӣ ба деҳқонон ва хоҷагидорон ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокӣ, ноил гардидан ба натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ ва ба даст овардани ҳосили фаровон тавсияҳо ва маслиҳатҳои муфид пешниҳод гардиданд.
Бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои кишоварзӣ ва баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони деҳот раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Темурҷон Нӯмонзода ба хоҷагиҳои кишоварзии деҳоти Хистеварз сафари корӣ анҷом дод. Зимни боздид нахуст раиси ноҳия бо вазъи нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла парвариши пахта шинос гардид. Сипас бо сокинони маҳал ва хоҷагидорон мулоқот баргузор карда шуд. […]







