Бо ташаббуси раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Темурҷон Нӯмонзода дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия барои вусъатбахши корҳои ободонӣ ва ҷиҳати ба эътидол овардани камбудиҳои ҷойдошта гаштугузори масъулони мақомоти дахлдори маҳаллӣ мунтазам ташкилу баргузор карда мешавад.
Мақсад аз баргузории чунин тадбир ободонии марказҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва мутобиқгардонӣ ба меъёрҳои муосири меъмориву шаҳрсозӣ мебошад. Гаштугузори навбатӣ бо иштироки бевоситаи роҳбари ноҳия Темурҷон Нӯмонзода дар кӯчаи марказии деҳоти Ёва доир карда шуд. Зимни баёни эродҳо ба масъулони дахлдор Темурҷон Нӯмонзода бо аҳолӣ ва соҳибкорон низ сӯҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда, ҷиҳати истиқболи ҷашни пуршукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба саҳмгузориву вусъатбахшии корҳои ободонӣ даъват намуд.
Хабарнигори “Парвозгоҳи бузургон”

