Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Темурҷон Нӯмонзода баргузор гардид.
Дар ин рӯз 21 нафар шаҳрванд бо масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла оид ба таъмин шудан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, расонидани кӯмакҳои моддиву молиявӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо муроҷиат намуданд.
Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода ҳар як муроҷиатро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода, ба муовинони раиси ноҳия, роҳбарони шуъбаву бахшҳо ва ташкилоту идораҳои дахлдор ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва босифати муроҷиатҳо дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун супоришҳои мушаххас дод.
Қобили зикр аст, ки қабули шаҳрвандон ҳар ҳафта бо иштироки роҳбарияти ноҳия, масъулони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарони ташкилоту идораҳои марбута баргузор мегардад. Ҳадафи асосии чунин қабулҳо ҳалли саривақтии масъалаҳои шаҳрвандон, баррасии муроҷиатҳои онҳо ва таҳкими ҳамкорию робитаи мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ мебошад.
Хабарнигори “Парвозгоҳи бузурнгон”




