Home Blog Page 3

КОРҲОИ ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

0

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Темурҷон Нуъмонзода дар якҷоягӣ бо роҳбарони мақомоти қудратии ноҳия оид ба татбиқи амалии қарори Раиси вилояти Суғд дар бораи гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони соли таваллудашон 1999–2008 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2026 бо иштироки фаъолони ноҳия маҷлиси васеи корӣ баргузор намуд.
Дар маҷлис муовинони раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳо, ҳайати шахсии Комиссариати ҳарбии ноҳия, аъзои комиссияи тиббӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ходимони дин ва раисони маҳаллаҳо иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки маҷлиси имрӯза бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои дар маъракаи қаблии даъвати ҳарбӣ ҷойдошта ва роҳ надодан ба такрори онҳо дар даъвати тирамоҳии соли 2026 баргузор мегардад. Дар фарҷоми маҷлис масъулин вазифадор гардиданд, ки корҳои омодагӣ ва ташкилиро дар самти даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо масъулияти баланд ба роҳ монда, иҷрои нақшаи даъватро дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин намоянд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Доир ба масъалаҳои вусъатбахшии корҳои ободонии маҳал

0


Дар мулоқоти маҳаллаи Маркази деҳоти Овчиқалъача гуруҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳайати мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Ӯғулой Ҳоҷибоева, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Баҳриддин Баҳодурзода, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мавлуда Вализода, мудири шуъбаи таблиғоти кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саёҳат Неъматҷонова иштирок намуда, бо аҳолии ҷамъомада доир ба масъалаҳои вусъатбахшии корҳои ободонии маҳал, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии насли наврас, пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа, фарҳанги миллии либоспӯшӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои идонаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату мулоқоти судманд анҷом доданд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Баҳри муҳайё намудани шароити мусоиди таълиму тарбия

0


Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Темурҷон Нуъмонзода дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимии хусусии «Амид» ва инчунин аз рафти корҳои таъмиру омодагӣ ба соли нави таҳсил дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и деҳоти Ғозиён боздиди корӣ анҷом дод.
Зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ, муҳайё намудани шароити мусоиди таълиму тарбия ва сари вақт омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои иҷрои босифат ва дар муҳлати муқарраршудаи корҳои пешбинишуда ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК, ВОРИСОНИ СИНО!

0


Дар даври ҷамъбастии мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни дастаҳои муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд, ки ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи тиб ва бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд, дастаи бозингарони Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи якум гардида, бо Диплом, Ҷом ва Медали тилло сарфароз гардонида шуданд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Машварати корӣ дар ҳалли масъалаҳои мубрами маҳаллӣ

0

1.Дар бораи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд оид баислоҳи камбудиҳои зимни санҷиши гурӯҳи кории вилоятӣ дар соҳаи кишоварзии ноҳия муайянгардида;
2.Оид ба баррасии пешниҳод ва мактубҳои мақомоти прокуратура;
3.Дар бораи омодагӣ ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар шаҳри Душанбе;
4.Масъалаҳои ҷорӣ ва вазифагузориҳо.
Доир ба масъалаи якуми рӯзнома муовини якуми раиси ноҳия Абдуаҳад Ҳакимзода гузориш дод. Раиси ноҳия Темурҷон Нуъмонзода аз масъулини соҳаи кишоварзӣ – сардори раёсати кишоварзии ноҳия, раёсати омор дар ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ҳалли вазъи ба амаломада вазифаҳои мушаххас гузошт.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳия Дилшод Тӯхтасунзода гузориш дода, пешниҳод ва мактубҳои мақомоти прокуратураро шарҳу тавзеҳ дод. Вобаста ба ин масъала низ раиси ноҳия аз масъулон пурсиш намуда, ҷиҳати муайян намудани сабабу шароитҳои ба вуҷуд омадани қонунвайронкуниҳо ва роҳ надодан ба такрори камбудиҳои ошкоргардида дар фаъолияти минбаъда таъкидҳои ҷиддӣ намуд.
Ҷиҳати омодагӣ ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар шаҳри Душанбе бошад, вазифаҳо миёни аъзои кумитаи тадорукот тақсим гардида, барои таъмини иштироки фаъолона ва босифат муаррифӣ намудани дастоварди ноҳия вазифагузорӣ шуданд.
Дар фарҷом раиси ноҳия Темурҷон Нуъмонзода ҷиҳати таъмини босифати нақшаҳои фаъолияти минбаъда, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо ва риояи интизоми иҷроия ба масъулон ва ҳамаи иштирокдорон супоришҳои қатъӣ дод.

Табрики Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муносибати Рӯзи варзишгарон

0

     Таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш ҳамчун омили ташаккули инсони баркамол дар ҳаёти ҷамъиятӣ мақоми хоса пайдо намуда, бозиҳои миллӣ аз нав эҳё гардида истодаанд. Дар ин раванд дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо иқдоми Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва фароҳам овардани шароитҳои мусоиди солимиву бардамии инсон таваҷҷуҳи махсус дода шудааст.
Варзиш, ҳамзамон воситаи муҳими ташкил ва баргузории фароғат буда, ба ҳамдигарфаҳмӣ, боварӣ, таҳкими ҳамкорӣ ва дӯстиву рафоқати сокинони мамлакатамон таъсири мусбат дорад. Имрӯз варзиш ҳамчун як рукни миллӣ ба ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ва фарҳангии мо ворид гардида, бешубҳа дар радифи дастовардҳои истиқлоли Ватани азизамон мақоми хоса касб кардааст.
Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки ба ҳаёти солими инсоният хатарҳои ҷиддӣ, аз ҷумла костагии одобу ахлоқ ва ба ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷоиву экстремистӣ гаравидани одамон бахусус ҷавонон, ҷиноятсодиркунӣ, нашъаҷаллобию нашъамандӣ таҳдид мекунанд, мо рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани онро аз ҷумлаи корҳои муҳим меҳисобем.
Варзишгарони азиз!
Бо иқдоми Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини шароити муосир барои рушди тарбияи ҷисмонӣ тавассути маблағгузориҳои буҷети давлатӣ ва шахсони воқеиву ҳуқуқӣ бунёди марказҳои варзишиву маданӣ, майдончаву толорҳои варзишӣ ҳамасола зиёд гардида истодааст. Дар ноҳия се адад мактаби варзишӣ, 5 адад варзишгоҳҳо, зиёда аз 182 адад майдончаҳои варзишӣ, 67 адад толорҳои варзишӣ ва 2 адад ҳавзи шиноварӣ фаъолият дорад. Дар мактабҳои варзишии ноҳия зиёда аз 1120 нафар ҷавонону наврасон ҳамарӯза ба машқу тамрин ва варзиши касбӣ фаро гирифта мешаванд. Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншооти варзишӣ ба нақша гирифта шуда, давра ба давра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта шуда истодаанд.
Варзиш омили муҳими ҷаҳоншиносии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқу миллатҳо ва кишварҳои мухталифи сайёра мебошад. Таманно менамоем, ки варзишгарони ноҳия бо дарки ин маънӣ минбаъд низ шарафи Ватани худро ҳимоя ва ба дастовардҳои шоиста сазовор гарданд. Бо ҳамин умеду орзуҳои нек ҳамаи варзишгарон, дӯсторону ҳаводорони мусобиқаҳову бозиҳои варзишӣ, кулли мураббиёну омӯзгорон ва кормандони соҳаи варзишро бо Рӯзи варзишгарон табрик намуда, ба шумоён тани сиҳату хотири ҷамъ ва ба дастовардҳои баланди варзишӣ ноил шуданро таманно мекунам.
Бигзор тавассути шумоён дар тамоми мусобиқаҳои варзишӣ, ки ширкат меварзед, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон дар ҷаҳон боло ва Суруди миллии тоҷикон танинандоз гардад.
Рӯзи варзишгарон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Эълон, озмун!

0

 

  1. Мутахассиси пешбари бахши молия ва муҳосиботи дастгоҳи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
  2. Мутахассиси шуъбаи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
  3. Сармутахассис – муҳандис (заминсоз) – и Ҷамоати шаҳраки Ғафуров, Хистеварз, Овчиқалъача, Ғозиён, Ёва, Д.Холматов, Исмоил, Зарзамин, Чашмасор;
  4. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Зарзамин;
  5. Сармутахассис оид ба масъалаҳои омори Ҷамоати деҳоти Исмоил, Овчиқалъача;
  6. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат, ободонии Ҷамоати шаҳраки Ғафуров;
  7. Мутахассиси пешбари кор бо кадрҳо, назорат ва бойгонии Ҷамоати деҳоти Исмоил;
  8. Мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Хистеварз, Зарзамин, Ғозиён;
  9. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача, Хистеварз, Ғозиён, Ёва, Д.Холматов, Зарзамин, Ҳ.Усмонов, Исфисор, Унҷӣ, Чашмасор;
  10. Низири мизи бақайдгирии ҳарбии Ҷамоати деҳоти Ғозиён, Ёва, Д.Холматов, Унҷӣ;
  11. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов; Чашмасор;
  12. Мутахассиси андоз ва хазинадори Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов;
  13. Мутахассиси андоз ва бойгонии Ҷамоати деҳоти Исфисор;

  Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Аз довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

-аризаи шахсӣ ба номи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ;

-маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноьияи Бобоҷон Ғафуров баъди чопи аввалини эълон дар муҳлати 21 рўз дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

Суроғаи қабули  ҳуҷҷатҳо:

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷамоати шаҳраки Ғафуров, кўчаи А.Нозиров 14, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ошёнаи 2, утоқи № 3 шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, телефон 3-16-01, факс 3-16-01 суроғаи электронӣ.

Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.“mihd.bgafurov@mail.ru