Мулоқоти навбатии гурӯҳи тарғиботии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз рӯи усули «Маҳалла ба маҳалла» дар маҳаллаи «Бобоҷон Ғафуров»-и ҷамоати шаҳраки Ғафуров баргузор гардид. Тарғиботчиён зимни суханрониҳо дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ташрифи навбатиашон ба ноҳия, […]

ВОХӮРӢ ДАР МАҲАЛ

      Мулоқоти навбатии гурӯҳи тарғиботии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз рӯи усули «Маҳалла ба маҳалла» дар маҳаллаи «Бобоҷон Ғафуров»-и ҷамоати шаҳраки Ғафуров баргузор гардид. Тарғиботчиён зимни суханрониҳо дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ташрифи навбатиашон ба ноҳия, иқдомҳои инсонпарварона оид ба татбиқи қонуни авф, дар сатҳи байналмиллалӣ қабул шудани қатъномаи даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ва дар ин раванд эҳтиромгузорӣ ба волоияти қонун, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонии маҳал барои татбиқи иқдоми Пешвои миллат бобати эълон шудани соли 2026 – Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муаммоҳои ҷойдоштаи маҳал бо сокинон суҳбат намуданд.

Хабарнигори “Парвозгоҳи бузургон”

Ахбори тоза