Home Blog Page 8

Баргузории иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

0

Тибқи Дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дар асоси қарори раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 25 майи соли 2026, №306 санаи 8-уми июни соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иҷлосияи шашуми Маҷлиси ноҳиявӣ ташкилу баргузор карда шуд. Дар кори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия муовини Раиси вилояти Суғд Азимӣ Зайнура иштирок намуд.
Кори иҷлосияи тибқи муқаррароти тасдиқгардида бо содо додани Суруди милли Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Ба баррасии рӯзномаи Маҷлис масъалаҳои зерин гузошта шуда буд:
1. Дар бораи эътироф намудани ваклолати вакилии вакили навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳавзаи интихоботии «Ваҳдат, №1» Нӯмонзода Темурҷон ба ҷойи вакили хориҷшуда;
2. Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2026, №1178 «Дар бораи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин намудани Нӯмонзода Т.»;
3. Оид ба рафти татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2024, №689 «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
4. Дар бораи ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Қалъача, №35» Алиҷонова Раъно оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ;
5. Дар бораи ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, маънавиёту фарҳанг ва иттилоот;
6. Тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи Маҷлис гузориши раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот Искандаров Фирӯз шунида шуд, ки мутобиқи он дар интихоботе, ки санаи 10 майи соли 2026 дар ҳудуди ҳавзаи интихоботии «Ваҳдат, №1» баргузор гардидааст, бо шумори зиёди интихобкунандагон Нӯмонзода Темурҷон ба ҳайси вакили Маҷлиси ноҳиявӣ интихоб шудааст.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин намудани Нӯмонзода Темурҷон аз ҷониби муовини якуми раиси ноҳия Ҳакимзода Абдуаҳад қироат карда шуда, лоиҳаи қарор дар бораи тасдиқи Фармони мазкур тасдиқ карда шуд.
Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи Маҷлис муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, вакили ҳавзаи интихоботии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Сомғор-38» Турсунзода Дилором маърӯза пешниҳод намуд.
Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Қалъача, №35» Алиҷонова Раъно оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ шунида шуд.
Раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, маънавиёту фарҳанг ва иттилоот, вакили ҳавзаи интихоботии «Ёва, №29» Қосимова Малика оид ба фаъолияти комиссия маълумот пешниҳод намуд.
Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар охир муовини Раиси вилояти Суғд Азимӣ Зайнура оид ба рафти баргузории иҷлосия ва масъалаҳои муҳокимагардида андешаҳои худро баён намуда, ҷиҳати ноил гардидан ба муваффақиятиҳои меҳнатӣ дар соли таърихии таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорон барору комёбиҳо таманно намуд.
Кори Маҷлис бо вазифагузориҳои раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон оид ба масъалаҳои фаъолнокии вакилон дар амалигардониии сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат ва бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом пазируфт.

Ҷаласаи ситоди кишоварзони ноҳия баргузор гардид

0

Субҳи рӯзи чоруми июни соли равон ҷаласаи ситоди кишоварзон бо иштироки раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон дар коперативи тиҷоратии ба номи Турсунбой Қӯшатов баргузор карда шуд. Роҳбари ноҳия вазъи кунунии хоҷагидорону деҳқонони хоҷагиро таҳлил намуда, ҷиҳати дақиқгардонии маълумоти омории кишти пахта, кишти такрорӣ ва риояи меъёрҳои агротехникии парваришу нигоҳубини минбаъдаи он ба мутаххассисони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас баён намуд.

Хотираи қаҳрамонон ҷовидонист

0

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гиромидошти хотира ва корнамоии фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, ки барои озодӣ, истиқлолият ва рушди давлати тоҷикон хизмати шоиста анҷом додаанд, ҳамеша таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд. Ин эҳтиром на танҳо арҷгузорӣ ба гузашта, балки василаи муҳими табияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва таҳкими ваҳдати милии ҷомеа мебошад.
Бо мақсади тарғиби ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси аз оромгоҳи Донскойи шаҳри Москва ба дили Ватанамон – пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе овардани хоки фарзандони миллат Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад дар маҷлисгоҳи қасри фарҳанги маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо фаъолони ноҳия ташкилу баргузор карда шуд.
Ҳамоиши мазкурро раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон ифтитоҳ намуда, ҳадафҳои баргузории онро мушаххас баён намуд. Гуруҳи тарғиботии вилоятӣ дар ҳайати Шарифзода Аминҷон – сармуҳаррири рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”, Маҳмадалӣ Бахтиёр – ректори муассисаи давлатии таълими “Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон”, Ҷовиди Аштӣ – раиси бахши суғдии Созмони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Солиҷонов Нодир – устоди муассисаи давлатии таълими “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар заминаи ин иқдоми шоистаи Пешвои миллат, ки дар самти худшиносиву худогоҳии милли мардум саҳми бузург дорад, маълумоту андешаҳои ҷолиб баён намуданд.

Ҳавасмандии 100 нафар хоҷагии манзилию коммуналӣ

0

Мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи якшанбеи ҳафтаи аввали моҳи июн Рӯзи кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ муқаррар гардидааст. Ба муносибати фарорасии ин ид раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон роҳбарияти идораҳои ноҳиявии хоҷагии манзилию коммуналӣ ва кормандони сарраёсати ободониву кабудизоркунӣ, инчунин поккорони корхонаи фаръии хоҷагии коммуналии ноҳияро табрик намуда, ба зиёда аз 100 нафар маводи хӯрока тақдим намуд.

Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси ноҳия

0

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон дар ин рӯз арзу муроҷиатҳои 18 нафар шаҳрвандони ноҳияро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати ҳалли муаммоҳои сокинони ноҳия дастуру тавсияҳои қонеъкунанда баён намуд.

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар ноҳия

0

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар саҳни Қасри фарҳанги марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорабинии идона баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон аз намоиши ташкилнамудаи муассисаҳои томактабӣ ва варзишии ноҳия боздид намуда, ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои идона тақдим кард.
Зимни суханронӣ зикр гардид, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакати соҳибистиқлоли мо ба ҳифзи кӯдакон, тарбия ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсилу истироҳати онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, Конвенсияи Созмони байналмилалии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар санадҳои байналмилалиро эътироф намуда, дар ин замина санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллиро ба талаботи онҳо мутобиқ гардонидааст.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва ҳарчи бештар фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, корҳои бунёд, азнавсозӣ ва навсозии кӯдакистонҳо ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор доранд. Ин раванд бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангии омоданамуда бо иштироки кӯдакони соҳибистеъдод пешкаши ҳозирин гардида, бо рақсу сурудҳои дилнишин фазои идонаро боз ҳам шукуҳмандтар намуд.

Корҳои ободонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

0

Корҳои ободонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Тибқи иҷрои супоришоти роҳбарияти ноҳия имрӯзҳо маъракаи ободонӣ ва хуррамгардонии муҳити зист, обёрии ниҳолҳои қадди роҳҳои протоколӣ, рангубори сутунпояҳо ва ба шаклдарории дарахтону гулбутаҳои кӯчаҳои марказӣ бомаром ҷараён доранд. Суратгузориш аз баргузории корҳои ободонӣ:

Машварати кории назди раиси ноҳия

0

Машварати кории назди раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки прокурори ноҳия Одиназода Саид ва намояндаи вобасташудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят Самадӣ Биволида баргузор гардид.
Дар машварати мазкур масъалаҳои истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва рафти кишту парвариши пахта мутобиқ нишондодҳои оморӣ ва структураи тасдиқшудаи кишти зироатҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд. Баъди шунидани гузориши сардори раёсати кишоварзии ноҳия Каримов Абдураҳмон масъулони дахлдор оид ба камбудиҳои ҷойдошта пурсиш карда шуданд. Раиси ноҳия Нӯмонзода Темурҷон бо вазифагузориҳои мушаххас аз раисони ҷамоатҳо, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар шахсони мутасаддӣ андешидани тадбирҳои фавриро талаб намуд.

Мулоқоти «Деҳа ба деҳа»

0

Имрӯз намояндагони гурӯҳи тарғиботии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳайати мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Ҳоҷибоева Ӯғулой, сармутахассисони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Вализода Мавлуда, Юнусова Зебо ва мудири бахши кор бо ҷавонони кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Абдуллоев Соҳибҷон баҳри анҷом додани мулоқоту корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ ба деҳоти дурдасти Чашмасор сафар намуданд.
Гурӯҳи корӣ аз рӯи усули «Деҳа ба деҳа» дар деҳаҳои Мирзоравот, Некроҳ, Мевагул ва Испандзор бо аҳолӣ оид ба тарғиби сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти таърихии таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб, риояи қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳои беҳсозии вазъи зисту зиндагонӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ мулоқоту корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.

МУРОҶИАТНОМА БА СОКИНОНИ НОҲИЯ

0

Шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Муҳтарам шаҳрвандон ва меҳмонони ноҳия!
Имрўзҳо бо гарм шудани ҳаво талаботи мардум ба обу оббозӣ рўз аз рўз зиёд мегардад. Албатта обутоби бадан ва оббозӣ барои саломатии инсон, баланд гардидани фаъолияти рӯҳию ҷисмонии он фоидаовар мебошад, вале бояд фаромўш накунем, ки об дар баробари фоиданок будан, боз сабаби фалокат низ мебошад. Ҳодисаҳои нохуши солҳои охир нишон медиҳад, ки ҳар сол дар мавсими оббозӣ даҳҳо нафар ҷони худро аз даст дода, пайвандону наздиконашонро дар ғаму андўҳи якумра гузоштаанд. Мутаасифона аксарияти онҳо ҷавонону наврасон буда, аз сабаби надонистани қоидаҳои оддитарини оббозӣ ё инки оббозӣ намудан дар мавзеъҳои хавфноки маҳзанҳои обӣ ғарқ шуданд.
Барои такрор нашудани чунин ҳолатҳо ва ба ғаму мусибат мубтало накардани волидайн бо эҳтиром ба Шумо шаҳрвандон ва меҳмонони ноҳия муроҷиат менамоем:
Ҳангоми оббозӣ дар ҳавзҳои обии ноҳия талаботи бехатариро пурра риоя намоед. Дар ҷойҳои манъшуда ва барои оббозӣ хавфнок, хусусан дар наздикии обтақсимкунакҳои каналҳо, ҷойҳои ношинос ва хавфноки дарё ва сойҳо ба даруни об надароед. Танҳо дар ҷойҳое оббозӣ намоед, ки бехатарии Шумо кафолат дода мешавад. Агар оббозӣ карда наметавонед, кўшиши ба дохили об даромадан накунед. Ҳангоми оббозӣ дар ҷойҳои бароятон ношинос ҳатман аз воситаҳои наҷотдиҳӣ истифода баред. Зеро муддати ғарқшавӣ ниҳоят кўтоҳ буда, то расидани наҷотдиҳандагон эҳтимолияти фавтидани шаҳрванд имконпазир мебошад. Фаромўш накунед, ки Шуморо дар хона волидайн, фарзандон ва ёру дўстонатон интизоранд. Агар бо аҳли оила ба ҳавзи об меравед, ҳатман ба кўдакон тартиби рафторро омўзонед ва онҳоро лаҳзае беназорат нагузоред. Ҳангоми оббозӣ дар паҳлўяшон бошед ва то аз об баромаданашон онҳоро роҳбаладӣ кунед. Агар шоҳиди ҳолати ғарқшавӣ шудеду оббозӣ карда наметавонед, барои наҷот додан кўшиш накунед, балки дигаронро ба ёрӣ даъват намоед,
Инчунин он нафароне, ки бо мақсади худкушӣ худро ба ҳавзҳои обӣ мепартоянд, андеша намоед, ақли солимро идора кунед, худкушӣ роҳи наҷот шуда наметавонад. Бо чунин рафтор наздикону пайвандонатонро як умр ба мусибат гирифтор накунед. Нагузоред наздиконатон пеши дигарон шармсору сархам шаванд. Зиндагӣ ҳамеша якранг нест ва он мушкилоти пешомада рўзе ҳал мешаваду зиндагии хуш насибатон мегардад.
Дар охир аз ҳамаи Шумо даъват менамоем, ки агар шоҳиди ҳолати ғарқшавӣ ва ё дигар ҳодисаҳои фавқулодда шудед, фавран бо рақамҳои 93-880-28-63, 93-880-28-57 ё рақами кӯтоҳи 112-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамос шуда, то расидани наҷотдиҳандагон чораҳои иловагӣ андешед.
Ҳамзамон ба диққати сокинон ва меҳмонони ноҳия мерасонем, ки аз ҷониби мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ҳамкори бо Ширкати миллиии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ замимаи мобилии бехатарии «SOS» таҳияшуда, барои боргирии ройгон дар онлайн мағозаҳои Google Play ва App Store дастрас буда, дар системаҳои мобилии iOS ва Android муваффақона кор мекунад.
Барномаи мазкур барои пайдо кардани маълумот дар бораи чӣ кор кардан дар вақти ҳолати фавқулодда, занг задан ба хадамоти наҷот ва инчунин гуфтани макони ҷуғрофии ҳодиса ва дигар имкониятҳои васеъ дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, зудтар пайваст шудан ба сомонаи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ-ро доро мебошад.

подполковник Абдусамадзода М. – Сардори шуъбаи Раёсати
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании
вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров