Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар ноҳия

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар саҳни Қасри фарҳанги марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорабинии идона баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон аз намоиши ташкилнамудаи муассисаҳои томактабӣ ва варзишии ноҳия боздид намуда, ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои идона тақдим кард.
Зимни суханронӣ зикр гардид, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакати соҳибистиқлоли мо ба ҳифзи кӯдакон, тарбия ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсилу истироҳати онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, Конвенсияи Созмони байналмилалии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар санадҳои байналмилалиро эътироф намуда, дар ин замина санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллиро ба талаботи онҳо мутобиқ гардонидааст.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва ҳарчи бештар фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, корҳои бунёд, азнавсозӣ ва навсозии кӯдакистонҳо ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор доранд. Ин раванд бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангии омоданамуда бо иштироки кӯдакони соҳибистеъдод пешкаши ҳозирин гардида, бо рақсу сурудҳои дилнишин фазои идонаро боз ҳам шукуҳмандтар намуд.

Ахбори тоза