Хотираи қаҳрамонон ҷовидонист

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гиромидошти хотира ва корнамоии фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, ки барои озодӣ, истиқлолият ва рушди давлати тоҷикон хизмати шоиста анҷом додаанд, ҳамеша таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд. Ин эҳтиром на танҳо арҷгузорӣ ба гузашта, балки василаи муҳими табияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва таҳкими ваҳдати милии ҷомеа мебошад.
Бо мақсади тарғиби ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси аз оромгоҳи Донскойи шаҳри Москва ба дили Ватанамон – пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе овардани хоки фарзандони миллат Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад дар маҷлисгоҳи қасри фарҳанги маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо фаъолони ноҳия ташкилу баргузор карда шуд.
Ҳамоиши мазкурро раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон ифтитоҳ намуда, ҳадафҳои баргузории онро мушаххас баён намуд. Гуруҳи тарғиботии вилоятӣ дар ҳайати Шарифзода Аминҷон – сармуҳаррири рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”, Маҳмадалӣ Бахтиёр – ректори муассисаи давлатии таълими “Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон”, Ҷовиди Аштӣ – раиси бахши суғдии Созмони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Солиҷонов Нодир – устоди муассисаи давлатии таълими “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар заминаи ин иқдоми шоистаи Пешвои миллат, ки дар самти худшиносиву худогоҳии милли мардум саҳми бузург дорад, маълумоту андешаҳои ҷолиб баён намуданд.

Ахбори тоза