Баргузории иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Тибқи Дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дар асоси қарори раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 25 майи соли 2026, №306 санаи 8-уми июни соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иҷлосияи шашуми Маҷлиси ноҳиявӣ ташкилу баргузор карда шуд. Дар кори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия муовини Раиси вилояти Суғд Азимӣ Зайнура иштирок намуд.
Кори иҷлосияи тибқи муқаррароти тасдиқгардида бо содо додани Суруди милли Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Ба баррасии рӯзномаи Маҷлис масъалаҳои зерин гузошта шуда буд:
1. Дар бораи эътироф намудани ваклолати вакилии вакили навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳавзаи интихоботии «Ваҳдат, №1» Нӯмонзода Темурҷон ба ҷойи вакили хориҷшуда;
2. Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2026, №1178 «Дар бораи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин намудани Нӯмонзода Т.»;
3. Оид ба рафти татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2024, №689 «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
4. Дар бораи ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Қалъача, №35» Алиҷонова Раъно оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ;
5. Дар бораи ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, маънавиёту фарҳанг ва иттилоот;
6. Тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи Маҷлис гузориши раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот Искандаров Фирӯз шунида шуд, ки мутобиқи он дар интихоботе, ки санаи 10 майи соли 2026 дар ҳудуди ҳавзаи интихоботии «Ваҳдат, №1» баргузор гардидааст, бо шумори зиёди интихобкунандагон Нӯмонзода Темурҷон ба ҳайси вакили Маҷлиси ноҳиявӣ интихоб шудааст.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин намудани Нӯмонзода Темурҷон аз ҷониби муовини якуми раиси ноҳия Ҳакимзода Абдуаҳад қироат карда шуда, лоиҳаи қарор дар бораи тасдиқи Фармони мазкур тасдиқ карда шуд.
Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи Маҷлис муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, вакили ҳавзаи интихоботии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Сомғор-38» Турсунзода Дилором маърӯза пешниҳод намуд.
Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Қалъача, №35» Алиҷонова Раъно оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ шунида шуд.
Раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, маънавиёту фарҳанг ва иттилоот, вакили ҳавзаи интихоботии «Ёва, №29» Қосимова Малика оид ба фаъолияти комиссия маълумот пешниҳод намуд.
Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар охир муовини Раиси вилояти Суғд Азимӣ Зайнура оид ба рафти баргузории иҷлосия ва масъалаҳои муҳокимагардида андешаҳои худро баён намуда, ҷиҳати ноил гардидан ба муваффақиятиҳои меҳнатӣ дар соли таърихии таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорон барору комёбиҳо таманно намуд.
Кори Маҷлис бо вазифагузориҳои раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон оид ба масъалаҳои фаъолнокии вакилон дар амалигардониии сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат ва бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом пазируфт.

Ахбори тоза