Дар идомаи корҳои ободонӣ ва созандагӣ имрӯз бо ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба корҳои мумфаршкунии роҳи кӯчаи Фатҳулло Ахмедови Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов ва кӯчаи Мастура Авезоваи Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшида шуд.
Бар асоси лоиҳа 5 километр роҳ мумфарш гардида, шароити рафтуомади сокинон ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин кӯчаҳо беҳтар хоҳад шуд.
Ин иқдом дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, бахше аз барномаҳои ободониву созандагӣ дар вилояти Суғд ба шумор меравад. Ҳамзамон, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои бунёдкорӣ, аз ҷумла мумфаршкунии роҳҳо, сохтмон ва навсозии иншооти иҷтимоӣ идома дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинон аҳамияти рушди инфрасохтори роҳу нақлиётро барои пешрафти маҳалҳо муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки татбиқи чунин тарҳҳо ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди маҳал мусоидат хоҳад кард.
Тайи солҳои охир дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як қатор тарҳҳои гуногун амалӣ гардида, корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни миллӣ бо суръат идома дорад.

