Маҳфили «Адибони ваҳдатсаро» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз дар қасри фарҳанги маркази ноҳия тибқи нақшаи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд маҳфили «Адибони ваҳдатсаро» ташкилу баргузор гардид. Кори маҳфилро муовини озоди раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Комилӣ Мастура ифтитоҳ намуда, меҳмонони чорабинӣ адибони вобасташудаи маҳфил Шарифзода Аминҷон – сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд», шоир Ҳакимова Сурайё, шоири ваҳдатсаро Рустамов Темурмалик ва Қосидова Ӯғулой – устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ба иштирокдорон-фаъолони Ҳаракати ноҳиявӣ муаррифӣ намуд. Зикр гардид, ки маҳфили имрӯза ба таҷлили 75-солагии зодрӯзи шоири шинохта ва шахси соҳибэҳтироми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Темурмалик Рустамов рост омада, чорабинии имрӯза ба ифтихори истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои 100-солагии таъсисёбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти эҷодии ӯ бахшида мешавад. Дар навбати аввал меҳрномаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон ба муносибати хизматҳои арзандаи устод Рустамов Темурмалик дар тарбияи маънавии мардум аз ҷониби мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Халифаёр Парвиз қироат карда шуд. Сипас меҳмонони чорабинӣ Шарифзода Аминҷон ва Ҳакимова Сурайё оид ба аҳамияти таърихии таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ маълумотҳои ҷолиб пешниҳод намуда, бо порчаҳои шеърии тараннумгари сулҳу ваҳдат ва ободии Ватан соҳибҷашнро табрик намуданд. Қосидова Ӯғулой дар мавзӯи «Маҳфумҳои ҳуввияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дар ашъори Темурмалик Рустамов» маърӯзаи илмӣ пешниҳод намуд. Ҳамчунин иштирокдорони чорабинӣ азҷумла дӯсти тоҷикзабону деринаи Рустамов Темурмалик аз Ҷумҳурии Қазоқистон, профессори соҳаи тиб Эргеш Халметов, ки ба Тоҷикистон маҳз барои табрикаш ташриф овардааст, бо забони шевои тоҷикӣ суханронӣ намуда, туҳфаҳояшро супорид. Раиси Шӯрои пиронсолони Ҳаракати ноҳиявӣ Каримхоҷаев Исохӯҷа ва чанде аз пайвандони соҳибҷашн бо шукргузорӣ аз пойдории сулҳу суббот дар мамлакат Темурмалик Рустамовро табрик намуданд. Суруду оҳангҳо аз эҷодиёти Рустамов Темурмалик дар иҷрои ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия Муҳиддин Ғозиев, Сироҷиддин Самариддинзода, Аъзам Азизӣ ва Нозим Раҳимов шукуҳи чорабиниро рангинтар гардонид. Чорабинӣ бо арзи сипоси соҳибҷашн Рустамов Темурмалик анҷом пазируфт.

Ахбори тоза