Дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як қатор иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд шуда истодаанд.
Дар шафати шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров аз ҷониби масъулини ҶДММ «Маркази тиҷоратии Суғдиён» сохтмони маркази бузурги савдои «Суғдмол» ҷараён дорад. Тибқи иттилои масъулин масоҳати зери сохтмони ин марказ 3000 метри мураббаъро ташкил дода, иншоот аз панҷ ошёна иборат хоҳад буд.
Маркази савдо бо тарҳи муосир бунёд гардида, дорои тамоми шароити замонавӣ, аз ҷумла эскалаторҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ хоҳад шуд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани он сатҳи хизматрасонии савдо беҳтар гардида, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.
Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз иқдомҳои роҳбарияти ширкати «Барс» дар самти татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат, аз ҷумла зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, рушди соҳаи саноат ва фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ истиқбол намуд. Таъкид гардид, ки чунин ташаббусҳои созанда нишонаи татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст мебошад.
Айни замон барои иҷрои корҳои сохтмонӣ даҳҳо нафар коргарону мутахассисони ватанӣ ба шуғл фаро гирифта шудаанд.
Ҳамзамон, дар шаҳри Бӯстон аз ҷониби масъулини ширкати «Барс» сохтмони корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво идома дорад. Корхона бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардида, раванди истеҳсолот дар он мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ монда мешавад.
Бо ба истифода додани корхона шумораи ҷойҳои нави корӣ афзоиш ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва иқтидори иқтисодии минтақа боз ҳам тақвият хоҳад ёфт.

