1.Дар бораи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд оид баислоҳи камбудиҳои зимни санҷиши гурӯҳи кории вилоятӣ дар соҳаи кишоварзии ноҳия муайянгардида;
2.Оид ба баррасии пешниҳод ва мактубҳои мақомоти прокуратура;
3.Дар бораи омодагӣ ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар шаҳри Душанбе;
4.Масъалаҳои ҷорӣ ва вазифагузориҳо.
Доир ба масъалаи якуми рӯзнома муовини якуми раиси ноҳия Абдуаҳад Ҳакимзода гузориш дод. Раиси ноҳия Темурҷон Нуъмонзода аз масъулини соҳаи кишоварзӣ – сардори раёсати кишоварзии ноҳия, раёсати омор дар ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ҳалли вазъи ба амаломада вазифаҳои мушаххас гузошт.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳия Дилшод Тӯхтасунзода гузориш дода, пешниҳод ва мактубҳои мақомоти прокуратураро шарҳу тавзеҳ дод. Вобаста ба ин масъала низ раиси ноҳия аз масъулон пурсиш намуда, ҷиҳати муайян намудани сабабу шароитҳои ба вуҷуд омадани қонунвайронкуниҳо ва роҳ надодан ба такрори камбудиҳои ошкоргардида дар фаъолияти минбаъда таъкидҳои ҷиддӣ намуд.
Ҷиҳати омодагӣ ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар шаҳри Душанбе бошад, вазифаҳо миёни аъзои кумитаи тадорукот тақсим гардида, барои таъмини иштироки фаъолона ва босифат муаррифӣ намудани дастоварди ноҳия вазифагузорӣ шуданд.
Дар фарҷом раиси ноҳия Темурҷон Нуъмонзода ҷиҳати таъмини босифати нақшаҳои фаъолияти минбаъда, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо ва риояи интизоми иҷроия ба масъулон ва ҳамаи иштирокдорон супоришҳои қатъӣ дод.
Машварати кории раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:




