Таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш ҳамчун омили ташаккули инсони баркамол дар ҳаёти ҷамъиятӣ мақоми хоса пайдо намуда, бозиҳои миллӣ аз нав эҳё гардида истодаанд. Дар ин раванд дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо иқдоми Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва фароҳам овардани шароитҳои мусоиди солимиву бардамии инсон таваҷҷуҳи махсус дода шудааст.
Варзиш, ҳамзамон воситаи муҳими ташкил ва баргузории фароғат буда, ба ҳамдигарфаҳмӣ, боварӣ, таҳкими ҳамкорӣ ва дӯстиву рафоқати сокинони мамлакатамон таъсири мусбат дорад. Имрӯз варзиш ҳамчун як рукни миллӣ ба ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ва фарҳангии мо ворид гардида, бешубҳа дар радифи дастовардҳои истиқлоли Ватани азизамон мақоми хоса касб кардааст.
Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки ба ҳаёти солими инсоният хатарҳои ҷиддӣ, аз ҷумла костагии одобу ахлоқ ва ба ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷоиву экстремистӣ гаравидани одамон бахусус ҷавонон, ҷиноятсодиркунӣ, нашъаҷаллобию нашъамандӣ таҳдид мекунанд, мо рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани онро аз ҷумлаи корҳои муҳим меҳисобем.
Варзишгарони азиз!
Бо иқдоми Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини шароити муосир барои рушди тарбияи ҷисмонӣ тавассути маблағгузориҳои буҷети давлатӣ ва шахсони воқеиву ҳуқуқӣ бунёди марказҳои варзишиву маданӣ, майдончаву толорҳои варзишӣ ҳамасола зиёд гардида истодааст. Дар ноҳия се адад мактаби варзишӣ, 5 адад варзишгоҳҳо, зиёда аз 182 адад майдончаҳои варзишӣ, 67 адад толорҳои варзишӣ ва 2 адад ҳавзи шиноварӣ фаъолият дорад. Дар мактабҳои варзишии ноҳия зиёда аз 1120 нафар ҷавонону наврасон ҳамарӯза ба машқу тамрин ва варзиши касбӣ фаро гирифта мешаванд. Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншооти варзишӣ ба нақша гирифта шуда, давра ба давра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта шуда истодаанд.
Варзиш омили муҳими ҷаҳоншиносии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқу миллатҳо ва кишварҳои мухталифи сайёра мебошад. Таманно менамоем, ки варзишгарони ноҳия бо дарки ин маънӣ минбаъд низ шарафи Ватани худро ҳимоя ва ба дастовардҳои шоиста сазовор гарданд. Бо ҳамин умеду орзуҳои нек ҳамаи варзишгарон, дӯсторону ҳаводорони мусобиқаҳову бозиҳои варзишӣ, кулли мураббиёну омӯзгорон ва кормандони соҳаи варзишро бо Рӯзи варзишгарон табрик намуда, ба шумоён тани сиҳату хотири ҷамъ ва ба дастовардҳои баланди варзишӣ ноил шуданро таманно мекунам.
Бигзор тавассути шумоён дар тамоми мусобиқаҳои варзишӣ, ки ширкат меварзед, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон дар ҷаҳон боло ва Суруди миллии тоҷикон танинандоз гардад.
Рӯзи варзишгарон муборак, ҳамдиёрони азиз!
Ҳамдиёрони азиз! Муҳтарам варзишгарон! Ҷашнгирии Рӯзи варзишгарон имсол дар рӯзҳое таҷлил шуда истодааст, ки мардуми соҳибиқболу некбахти кишварамон дар фазои рӯзгори осудаю ором бо меҳнати созандаю бунёдкориҳо ба ҷашни муҳташами сол – таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.

