
Дар мулоқоти маҳаллаи Маркази деҳоти Овчиқалъача гуруҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳайати мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Ӯғулой Ҳоҷибоева, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Баҳриддин Баҳодурзода, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мавлуда Вализода, мудири шуъбаи таблиғоти кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саёҳат Неъматҷонова иштирок намуда, бо аҳолии ҷамъомада доир ба масъалаҳои вусъатбахшии корҳои ободонии маҳал, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии насли наврас, пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа, фарҳанги миллии либоспӯшӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои идонаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату мулоқоти судманд анҷом доданд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ҳадафи аслӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии насли наврас, пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа, фарҳанги миллии либоспӯшӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои идонаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

