Боздид аз раванди омодагии муассисаҳои таълимии №11 ва мактаби хусусии "Амид" ба соли нави таҳсили 2026 - 2027

Баҳри муҳайё намудани шароити мусоиди таълиму тарбия


Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Темурҷон Нуъмонзода дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимии хусусии «Амид» ва инчунин аз рафти корҳои таъмиру омодагӣ ба соли нави таҳсил дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и деҳоти Ғозиён боздиди корӣ анҷом дод.
Зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ, муҳайё намудани шароити мусоиди таълиму тарбия ва сари вақт омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои иҷрои босифат ва дар муҳлати муқарраршудаи корҳои пешбинишуда ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Ахбори тоза