Машварат бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, дар кори он раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Темурҷон Нӯмонзода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода, роҳбарияти ноҳия, раисони ҷамоатҳо, масъулини соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва фаъолони соҳа иштирок намуданд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Абдуллозода Махсуда иштирокчиёни машваратро хайрамақдам гуфта, оид ба бурду бохти соли таҳсили сипаришуда муфассал пешниҳод намуд.
Дар ҷараёни машварат оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маориф, дастовардҳои муассисаҳои таълимӣ, иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо, баланд бардоштани сифати таълим, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва таҳкими ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон маълумот пешниҳод гардид.
Дар идомаи машварат як қатор фаъолони соҳа ба музокира баромада, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои таълиму тарбия, таҷрибаи пешқадам, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо баён намуданд. Таъкид гардид, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим истифодаи усулҳои муосири омӯзиш, татбиқи технологияҳои нав, рушди қобилияти эҷодии хонандагон ва фароҳам овардани муҳити созандаи таълимӣ муҳим мебошад.
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон, фаъолияти омӯзгорону муассисаҳои таълимии ноҳияро таҳлил карда, зимни суханронӣ омӯзгоронро ба муносибати оғози марҳилаи нави фаъолияти таълимӣ табрик намуда, нақши омӯзгоронро дар тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва созанда муҳим арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки дар заминаи таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва беҳтар намудани шароити фаъолияти омӯзгорон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Раиси ноҳия аз омӯзгорон даъват ба амал овард, ки дар соли нави таҳсил масъулияти касбии худро боз ҳам бештар намуда, барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас, иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва рушди маънавии насли наврас саҳми арзандаи худро гузоранд.
Сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода низ суханронӣ намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани сифати таълим, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва иҷрои вазифаҳои дар назди соҳаи маориф гузошташуда тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуд.
Дар фарҷоми машварат ба як гурӯҳ ғолибони озмунҳо, омӯзгорони пешқадам ва собиқадорони соҳаи маориф сипосномаву ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Машварати августии омӯзгорон бо муайян намудани вазифаҳои муҳим барои соли нави таҳсил ва даъват ба фаъолияти боз ҳам самараноку масъулиятнок анҷом ёфт.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.







