Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯз мову шумо бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллиамон – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Дар ин рӯзҳои фараҳбахши идона тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати ин ҷашни таърихиву тақдирсоз самимона табрику таҳният гуфта, барояшон сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва хонадони ободу осуда таманно дорам.
Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик, рукни асосии давлатдории миллӣ, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, нишонаи ҳувияти миллӣ буда, он барои таҳкими сулҳу ваҳдат, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва боло рафтани мақому нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овард.
Дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ халқи тоҷик таҳти сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пурифтихори рушду пешрафтро тай намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ дар ин давраи таърихӣ бо меҳнати содиқонаи сокинонаш баҳри пешрафту ободонӣ ва созандагӣ саҳми арзанда гузошта истодааст. Бунёду навсозии иншооти иҷтимоӣ, рушди соҳаҳои иқтисоду кишоварзӣ, беҳтар гардидани инфрасохтор ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардум самараи сулҳу субот ва истиқлолияти пойдори кишвар мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам таъкид медоранд, ки ”Мо бояд аз истиқлолу озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем”.
Итминони комил дорам, ки тамоми мардуми шарафманди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дарки қадру қиммат, арзиши таърихии истиқлол ва дастовардҳои бузурги ин давра минбаъд низ дар партави сиёсати сулҳпарваронаю созандаи давлату Ҳукумати мамлакат бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва иқдомҳои бунёдкорона баҳри ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми содиқонаю софдилонаи худро мегузоранд.
Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамдиёрони азизро бо ҷашни фархундаи миллат – 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди кишвар хушбахтӣ, файзу баракат, саломативу сарбаландӣ ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллии ҷовидонӣ, пешрафту ободиву осудагӣ ва хушбахтии ҷовидонӣ орзу менамоям.
Бигзор Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷовидон ва пойдор бошад!
Ҷашни 35-солагии истиқлолу озодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!
Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода
Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик, рукни асосии давлатдории миллӣ, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, нишонаи ҳувияти миллӣ буда, он барои таҳкими сулҳу ваҳдат, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва боло рафтани мақому нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овард. Дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ халқи тоҷик таҳти сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пурифтихори рушду пешрафтро тай намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

