Зимни мулоқот вакилон бо сокинони ҷамъомада оид ба дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, ҳифзу арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ҳаёти ҷомеа корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.

Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи навбатии мулоқоту вохӯриҳои вакилон бо интихобкунандагон оғоз гардид.
Дар доираи ин ташаббус, тибқи ҷадвали тасдиқгардида, 24 августи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Қасри фарҳанги деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ин ноҳия интихоб шудаанд, баргузор гардид.
Дар мулоқот вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии «Бобоҷон Ғафуров, №14» Дилафрӯ Саидӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии «С.Урунхоҷаев,№15» Ҳомидҷон Ҳакимзода иштирок намуданд.
Зимни мулоқот вакилон бо сокинони ҷамъомада оид ба дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, ҳифзу арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ҳаёти ҷомеа корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.
Вакилон бо овардани мисолҳои мушаххас таъкид намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат гирифтаанд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ахбори тоза