Имрӯз раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон аз рафти корҳои сохтмонии иншооти ҷашнӣ боздидҳои корӣ ба амал оварда, оид ба ҳарчӣ зудтар ба анҷом расонидани ҷузъиёти боқимонда ба масъулони вобаста дастуру супоришҳо баён намуд. Зимни сафари корӣ дар раванди мутобиқ ба меъёрҳои муосири меъмориву шаҳрсозӣ ба тартиб даровардани кӯчаҳои марказии деҳоти ба номи Ҳ.Усмонов, Унҷӣ, Д.Холматов, Исмоил ва шаҳраки Ғафуров, башаклдарории дарахтони қадди роҳҳо, хуррамгардонии майдонҳои киштзору боғот ва тозагии муҳити зист таваҷҷӯҳи махсус дода, иҷрои супоришҳо дар самти ободонии фурудгоҳи муваққатӣ дар деҳоти Исмоил мавриди назар қарор дода шуд.
Имрӯз раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон аз рафти корҳои сохтмонии иншооти ҷашнӣ боздидҳои корӣ ба амал оварда, оид ба ҳарчӣ зудтар ба анҷом расонидани ҷузъиёти боқимонда ба масъулони вобаста дастуру супоришҳо баён намуд. Зимни сафари корӣ дар раванди мутобиқ ба меъёрҳои муосири меъмориву шаҳрсозӣ ба тартиб даровардани кӯчаҳои марказии деҳоти ба номи Ҳ.Усмонов, Унҷӣ, […]

