Дар толори Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии ноҳия баргузор гардид. Дар кори Конференсия муовини аввали раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Обидзода Нумон Юлдошӣ, муовини раиси Кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии вилояти Суғд Ҳ.Раупов, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии иттифоқи касабаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Парвиз Халифаёр ва вакилони Конференсия иштирок намуданд.

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ КУМИТАИ ИТТИФОҚИ КАСАБА

Нахуст ҳисоботи раиси Кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Т.Отаҷонов оид ба фаъолияти кумита дар давраи аз моҳи июли соли 2019 то моҳи июли соли 2026 шунида шуд. Дар ҳисобот натиҷаҳои фаъолияти кумита, корҳои анҷомдодашуда дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон, таҳкими шарикии иҷтимоӣ ва рушди ҳаракати иттифоқи касаба мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Сипас, ахбороти Комиссияи назоратӣ-тафтишотии кумита пешниҳод гардида, аз рӯи масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор сурат гирифт. Пас аз муҳокима қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар идома вакилони Конференсия ҳайати нави Пленум, Раёсат ва Комиссияи назоратӣ-тафтишотиро интихоб намуданд. Бо овоздиҳии вакилон Т.Отаҷонов – раиси Кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров интихоб гардид.
Муовини аввали раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Обидзода Нумон Юлдошӣ зимни суханронии худ оид ба вазифаҳои минбаъда, баланд бардоштани нақшу мақоми иттифоқи касаба ва иҷрои босифати вазифаҳои оинномавӣ андешаронӣ намуда, ба фаъолон дастуру тавсияҳои муфид пешниҳод карданд.
Дар фарҷоми конференсия ба якчанд нафар фаъолони иттифоқи касабаи соҳа барои фаъолияти пурсамар Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ахбори тоза