Ба роҳбарияти муассиса дастур дода шуд, ки ҷиҳати бештар фаро гирифтани наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ ва таҳкими корҳои тарбиявию варзишӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Боғи фарҳангии маркази ноҳия навсозӣ мегардад

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон аз ҳолати кунунии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар маркази ноҳия ва имкониятҳои мавҷудаи он шинос шуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати такмил ва мукаммал намудани лоиҳаи таҷдиду азнавсозии боғ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки бо назардошти мавқеи муҳими боғ дар ҳаёти фарҳангӣ ва фароғатии сокинону меҳмонони ноҳия, ҳангоми таҳияи лоиҳаи нав бояд ба ободонӣ, кабудизоркунӣ, гулкорӣ, бунёди ҷойҳои фароғатӣ ва майдончаҳои истироҳатӣ, равшанидиҳии ҳудуд ва фароҳам овардани шароити муносиб барои истироҳати аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Раиси ноҳия ҳамчунин аз фаъолияти Мактаби варзишии наврасони №1, ки дар ҳамин мавзеъ ҷойгир аст, шинос гардид.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти муассисаи варзишӣ масъалаҳои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш, фароҳам овардани шароити мусоид барои тамрин ва рушди маҳорати варзишии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ахбори тоза