Масоҳати гармхонаҳои “ММК-Агро” зиёд мешавад

Таъмини амнияти озуқавории мамлакат яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ин самт дар вилояти Суғд тадбирҳои муассир амалӣ карда мешаванд.

Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аҳаммияти махсус дода мешавад.
Дар ин замина масъулини ҶДММ «ММК Агро» тасмим гирифтаанд, ки майдони гармхонаҳои худро боз ҳам васеъ намоянд. Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи нави гармхонаи бунёдшаванда ба Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, ки гармхонаи истеҳсолӣ – инноватсионии замонавӣ дар минтақаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо технологияи пешрафтаи ҳолландӣ сохта мешавад.
Масоҳати умумии гармхонаи нав 6,3 гектарро ташкил дода, баъди мавриди истифода қарор гирифтан барои афзоиши истеҳсоли сабзавоту маҳсулоти тару тозаи ватанӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ дар тамоми фаслҳои сол мусоидат хоҳад кард.
Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2026 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 199 гармхона фаъолият дошта, масоҳати умумии онҳо ба 27,2 гектар баробар мебошад. Солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои кишоварзии вилояти Суғд бунёди гармхонаҳо вусъати тоза гирифта, ин раванд барои баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Бунёди гармхонаҳои муосир аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ, аз ҷумла ширкати «Барс», ҳамчун иқдоми муҳим дар роҳи рушди соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи технологияҳои нав арзёбӣ гардида, барои таҳкими иқтидори истеҳсолии минтақа аҳаммияти калон дорад.

Ахбори тоза