Сохтори маъмурию ҳудудии ҷамоат
Ҷамоати шаҳраки Ғафуров аз ҷиҳати маъмурӣ дар ҳайъати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Масоҳати умумии ҷамоат 13,60 км² -ро ташкил мекунад, ки аз он 216 га (15,8 %) заминҳои аҳолинишин ва 75 га (5,5 %) — заминҳои зери каналу ҷӯйбор ва роҳҳо мебошад. Дар ҷамоати шаҳраки Ғафуров 6 кумитаи маҳаллаҳо фаъолият мебаранд, ки айни замон ҳамаи онҳо расман аз қайд гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардидаанд ва оинномаҳои худро доранд.
Ҷамоати шаҳраки Ғафуров маркази маъмурии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, то маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд 12 км ва то пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе 364 км мебошад. Масофа то роҳи оҳан 550 метр (истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд) ва то Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд 6,4 км-ро ташкил мекунад.
Ҷамоати шаҳраки Ғафуров дар водии Фарғона ҷойгир буда, аз тарафи шимол бо ҷамоати Унҷӣ, аз тарафи ҷанубу шарқ бо ҷамоати Исфисор ва аз тарафи шимолу ғарб бо шаҳри Бӯстон ҳамсарҳад мебошад.
Шарҳи таърихию фарҳангӣ
Мувофиқи маълумотҳои таърихӣ то инқилоби Октябр дар ҷои ҳозираи истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд, уезди Хуҷанд, стансияи ба номи Чернигов ташкил карда шуда буд. Дар соли 1954 бори аввал барои эҳтиёҷмандон, аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи минтақаи ҷамоати деҳоти Исфисор, қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд.
Ҷамоати шаҳраки Ғафуров 7 апрели соли 1965 ҳамчун шаҳри Советобод ташкил карда шуд. Дар асоси Амри Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 23 январи соли 1978 таҳти №900 шаҳри Советободи ноҳияи Хуҷанди вилояти Ленинобод ба номи шаҳри Ғафурови ноҳияи Хуҷанди вилояти Ленинобод иваз карда шуд. Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 06.01.2005 таҳти №206 шаҳри Ғафуров ба Ҷамоати шаҳраки Ғафуров табдил дода шуд.
Омезиши маданияту фарҳангҳои гуногун дар ҷамоати шаҳрак боиси рушди босуръати он гардидааст. Шумораи умумии аҳолӣ ба санаи 01.01.2015 18 325 нафар буда, аз онҳо 9 156 нафар мардҳо ва 9 169 нафар занҳоро ташкил медиҳад.
Дар Ҷамоати шаҳраки Ғафуров 6 маҳаллаи аҳолинишин, 4 мактаби таълимоти миёнаи умумӣ, 1 гимназия, 5 боғчаи бачагона, беморхонаи марказии ноҳия, дармонгоҳи марказӣ, маркази давлатии назорати санитарӣ-эпидемиологӣ, диспансери касалиҳои сил ва маркази табобати ШАМС ба аҳолии шаҳрак ва гирду атрофи он хизмат мерасонад.
Ҳамчунин дар ҳудуди шаҳраки Ғафуров, Корхонаи Воҳиди Давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» минтақаи Суғд, Фурудгоҳи байналмилалии «Хуҷанд», Осорхонаи Ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, 19 корхонаҳои саноатӣ, 5 корхонаҳои нақлиётӣ, 4 корхонаи сохтмонӣ, 8 бозор, бахши ҶСШК «Тоҷиктелеком», бахшҳои ҶСШК «Амонатбонк», «Агроинвестбонк», бонки «Эсхата», ташкилоти қарзии «Имон», 3 китобхона, хонаи пешоҳангон, маркази ҷавонон ва боғи фарҳангу фароғатии ба номи А. Рӯдакӣ фаъолият намуда истодаанд.
Дар Ҷамоат имрӯз 1 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 3 нафар шахсони ҳуқуқашон ба онҳо баробар, 1 нафар Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, 29 нафар ҷанговар-интернатсионалистон, 6 нафар иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил, 12 нафар барқароркунандагони сохти конститутсионӣ ва зиёда аз 700 нафар собиқадорони меҳнат кор ва зиндагӣ мекунанд.
Мардуми меҳнатқарини шаҳраки Ғафуров фахр аз он доранд, ки зода ва истиқоматкунандаи шаҳраки Ғафуров мебошанд ва номи шаҳрак ба ифтихори Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобоҷон Ғафуров гузошта шудааст.
Ба ҳайъати маъмурии ҷамоати шаҳраки Ғафуров маҳаллаҳои Дӯстии Халқҳо, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Ваҳдат, Марказ ва Истиқлол дохил мешаванд. Дар Ҷамоат 4 778 хоҷагӣ мавҷуд буда, 6 кумитаи маҳаллаҳо фаъолият мебаранд.
Шароити табиию иқлимӣ ва захираҳо
Ҷамоати шаҳрак дар баландии 100–150 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, ҳарорати миёнаи солонаи он +13,4 °C-ро ташкил мекунад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар тобистон (июл +23,7 °C) ва зимистон (январ −2,7 °C) мебошад. Ҳисоби миёнаи боришот дар як сол 140 мм аст.
Иқлимаш мӯътадил буда, барои кишти ҳар гуна зироатҳо ва алалхусус парвариши боғҳои зардолу мусоид аст. Заминаш асосан санглох мебошад. Манбаи асосии оби полезӣ канали «Хӯҷабақирғон» мебошад, ки аз дарёи Сир сарчашма мегирад. Манбаи оби нӯшокӣ 13 адад чоҳҳои амудӣ мебошад.
Ҳолати демографии ҷамоати шаҳрак
Дар ҷамоат намояндагони миллатҳои гуногун зиндагонӣ мекунанд. Қисми зиёди аҳолиро тоҷикон ташкил мекунанд: 66,8 % аҳолии ҷамоат тоҷикон, 23,1 % ӯзбекон, 4,6 % русҳо ва 5,3 % дигар миллатҳо (тоторҳо, қирғизҳо ва ҷугиҳо) мебошанд.
Аҳолӣ асосан дар маҳаллаҳои «Истиқлол» ва «Дӯстии халқҳо» зиндагонӣ мекунанд. Суръати афзоиши аҳолӣ табиӣ буда, дар ин самт мушкилоти демографӣ ба назар намерасад. Аҳолӣ ҳамасола аз 2,0 то 2,3 % афзоиш меёбад, ки ин нисбат ба баъзе ҷамоатҳои ноҳия зиёд мебошад.
Ҷадвали 1. Аҳолӣ ва хоҷагиҳои Ҷамоати шаҳраки Ғафуров ба 01.01.2015
| № | Маҳалла | Шумораи аҳолӣ | Шумораи хоҷагӣ |
|---|---|---|---|
| 1 | Марказ | 1 975 | 782 |
| 2 | Истиқлол | 6 324 | 1 404 |
| 3 | Ваҳдат | 1 444 | 773 |
| 4 | Б. Ғафуров | 2 279 | 707 |
| 5 | Д. Халқҳо | 4 417 | 936 |
| 6 | Гулистон | 1 886 | 176 |
| Ҳамагӣ | 18 325 | 4 778 | |
Ҷадвали 2. Нишондиҳандагони дурнамои нуфузи табиии аҳолии шаҳрак дар солҳои 2016–2020
| Нишондиҳанда | 2013 | 2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | 2020 | с. 2020 бо % нисбати с. 2014 |
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Шумораи аҳолӣ | 17 352 | 17 856 | 18 325 | 18 199 | 18 577 | 18 958 | 19 337 | 19 717 | 110,6 % |
Қисми асосии аҳолиро гурӯҳи калонсолон 18–60 ташкил медиҳанд, ки онҳо аҳолии қобили меҳнат ба шумор мераванд ва 68 %-ро ташкил медиҳанд.
Тамоюли асосии иқтисодиву иҷтимоӣ
Асоси иқтисодиёти Ҷамоати шаҳракро корхонаҳои саноатии хурду калон ташкил медиҳанд, ки аксарияти аҳолӣ дар онҳо фаъолият мебаранд. Сокинони ҷамоат аз хизмати беморхонаи марказии ноҳия, марказҳои саломатӣ, маркази касалиҳои сил, маркази санитарию эпидемиологии ноҳия ва беморхонаи роҳи оҳани минтақаи Суғд истифода мебаранд.
Масъалаҳои асосии ҳифзи саломатӣ дар ҷамоат инҳоянд: зиёд шудани касалиҳои камхунӣ, касалиҳои онкологӣ, касалиҳои дилу раг, касалиҳои руҳӣ ва сирояткунанда, аз ҷумла сил ба ҳисоб мераванд. Дар солҳои охир маблағгузорӣ ба соҳаи инфрасохтори иҷтимоӣ қисман аз ҳисоби соҳибкорон ба ҷо оварда шуда истодааст.
Рушди иқтисодии ҳар як маҳал аз рушди соҳибкории хурду миёна вобастагии калон дорад. Танҳо дар се соли охир шумораи соҳибкорони хурду миёнаи ҷамоат 65 нафар афзудааст, ки нисбати солҳои пешин зиёдтар аст. Барои рушди бештари соҳа дар ҷамоати шаҳрак тамоми имконияту захираҳо мавҷуданд, ки то ҳол аз онҳо пурра истифода бурда нашудааст. Дар ҷамоати шаҳрак чор сехи хурди истеҳсоли хишт фаъолият мебарад.
Дар самти шуғлнокии аҳолӣ бошад, ҳарчанд аксари аҳолиро ҷавонон ташкил менамоянд, мувофиқи маълумотҳои агентии шуғли аҳолӣ 650 нафар бекорон расман ба қайд гирифта шудаанд.
Ба сокинони ҷамоати шаҳрак 1 беморхонаи марказӣ, 1 маркази саломатӣ, 15 дорухона, 3 китобхона бо фонди умумии 5 000 адад китоб, 1 хонаи маданият дорои 300 ҷойи нишаст ва мактаби варзишӣ хизмат мерасонанд.
Дурнамои (биниш) ҷамоати шаҳрак
Шаҳраки Ғафуров ободу замонавиест, ки дар такя бар мутахассису соҳибкорони маҳаллӣ, бо истифода аз технологияҳои муосири инноватсионӣ ва захираҳои дохилӣ дар корхонаву ташкилотҳо мардуми солиму созандаи он софдилона меҳнат мекунанд, зеро ба ояндаи худ назари нек доранд. Дурнамои додашуда дар асоси таҳлили тарафҳои мустаҳкам ва сусти рушди Ҷамоат, инчунин ба назаргирии имконият ва хатарҳои дохилӣ тартиб дода шудааст.
Тарафҳои мустаҳкам
- Ҷойгиршавии ҷуғрофии муфид барои рушди саноат
- Вуҷуд доштани захираҳои меҳнатӣ ва баландихтисос будани аҳолӣ дар соҳаи саноат
- Вуҷуд доштани инфрасохтори асосӣ
- Мавҷудияти Фурудгоҳи байналмилалии «Хуҷанд»
- Роҳи оҳани минтақаи Суғд
- Мавҷуд будани 19 корхонаҳои саноатӣ
- Фаъолнокии ҷамъиятии аҳолӣ ва сектори хусусӣ
- Мавҷуд будани муассисаҳои иҷтимоӣ
- Беморхонаи марказии ноҳия, маркази саломатӣ
- Маркази ҷавонон, фурӯшгоҳ, ошхона, чойхона ва тӯйхонаҳо
- Вуҷуд доштани зиёда аз 60 корхонаи хурду миёна ва 8 бозор
- Сехҳои шахсии фаъолияти соҳибкорӣ
- Ҳавои тоза, оби нӯшокии тоза
- Мавҷуд будани идораи обу ташноб дар ҷамоат
- Бо кор таъминшавии ҷавонон
Тарафҳои суст
- Кам будани ҷойҳои корӣ
- Таъмирталаб будани иншоотҳои мавҷуда
- Кам шудани шумораи корхонаҳои саноатӣ
- Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани мардҳо
- Маҳдудияти қувваи барқ
- Роҳҳои таъмирталаб
- Зиёд будани бекорон
- Норасоии мутахассисон
- Надонистани ҳуқуқҳои худ аз тарафи аҳолӣ
- Ифлосшавии ҳаво
- Кам будани нафақа
- Камчинии таҷҳизоти ҳозира дар маркази саломатӣ
Имкониятҳо
- Мавҷудияти санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба рушди соҳибкорӣ мусоидаткунанда дар мамлакат
- Наздикии шаҳри Хуҷанд
- Ҷалби маблағгузории ташкилотҳои байналмилалӣ ва донорӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрак
- Вуҷудияти барномаҳои давлатию соҳавӣ
- Имконияти бо кор таъмин шудан
- Ҷалби маблағ ба рушди соҳаи истеҳсолот
- Безарар намудани партовҳои маишӣ
- Сохтмони комплекси агросаноатӣ (ташкили коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ)
- Ташкил намудани корхонаи коркарди дубораи партови маишӣ
- Ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат (тракторчӣ, дӯзанда, дуредгар, кандакор)
- Васеъкунии хизмати марказҳои саломатӣ
Хатарҳо
- Вуҷуд доштани партовҳои заҳролудшудаи уран
- Таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ
- Ҳолати экологӣ
- Касалиҳои олоти таносул
- Кашондани партов аз дигар ҷойҳо
- Ивазшавии обу ҳаво

