Ҷамоати Дадобой Холматов

Ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва шароити табиӣ

Ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов дар ҳайъати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буда, дар ҳамвориҳои соҳили рости дарёи Сир ҷойгир шудааст. Иқлими ҷамоат хушк мебошад: ҳарорати миёнаи ҳаво дар фасли тобистон аз +25 °C то +40 °C ва дар фасли зимистон то −20 °C мерасад. Миқдори миёнаи боришот ба ҳисоби миёна 150–300 мм-ро ташкил менамояд.

Замини ҳосилхез ва мавҷуд будани захираҳои обии дарёи Сир барои кишоварзӣ ва махсусан парвариши ғалладона, пахта, пилла, сабзавоткорӣ, боғу токзор ва чорводорӣ мувофиқ мебошад. Ҳудуди ҷамоат аз захираҳои канданиҳои фоиданоки маъмули умум (санг, хок, шағал, рег) бой мебошад.

Тафсири таърихию маданӣ

Ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов таърихи начандон тӯлонӣ дорад. Заминаи таъсиси ҷамоат муҳоҷирони тарафи чаппи дарёи Сир, аҳолии деҳаҳои Рӯмон, Кулангир ва Унҷӣ (ҳозира Ҷамоатҳои Ҳ. Усмонов ва Ҷамоати Унҷӣ) дар охирҳои асри 19-и мелодӣ ба шумор меравад. Мардуми деҳқон барои кушодани заминҳои нави корам ба ин минтақа муҳоҷират намуда, қитъаҳои заминҳои киштбобро азхуд намуданд ва зироатҳои гуногун, аз ҷумла пахта, шолӣ, полезиҳо ва сабзавот мекиштанд.

Бо гузашти мурури вақт доираи заминҳои корам васеъ гашт ва баъди инқилоби Октябр, дар давраи ташкили хоҷагиҳои коллективӣ ин заминҳо ба ихтиёри колхози «Молотов» ва баъдан ба ихтиёри колхози «Москва» гузашт. Бинобар васеъ гаштани заминҳои корам аз ҳисоби заминҳои дашти Сомғор, ки боғҳои мевагию ангур ташкил гаштанд, соли 1957 ин минтақа баъди якҷоя намудани хоҷагиҳои хурд ба ихтиёри колхози Ғрунхӯҷаев гузаронида шуд.

Баъди як сол бинобар таъсиси Ҷамоати Д. Холматов (собиқ Шӯрои қишлоқи «Пахтакор») совхози боғу токпарварии «Сомғор» таъсис дода шуд ва ба таъкурсиҳои аввалини хонаҳои истиқоматии деҳаҳои Сумчаки Нав ва Куйбишев (Заркорон) заминагузорӣ карда шуданд. Аҳолӣ аз ноҳияи Шаҳристон ва деҳаҳои атроф — Сомғор, Унҷӣ, Рӯмон ва Кулангир муҳоҷирони меҳнатӣ барои зисту фаъолият кӯчида омаданд.

Дар ташкил ва рушди ин минтақа яке аз асосгузорон — Дадобой Холматов, деҳқони асил ва сониян яке аз фаъолони ҳаракати колхозии дар таърихи ҷумҳурӣ номдор, саҳми бузургеро гузоштааст. Соли 2001 собиқ Шӯрои қишлоқи «Пахтакор» ба номи ин марди бузург номгузорӣ карда шуд.

Сохти маъмурии ҳудуди ҷамоат

Дар ҷамоат 2 400 хоҷагӣ мавҷуд буда, ҳудуди он ба 3 деҳаи калон ва 6 деҳачаи хурд тақсим карда шудааст.

Вазъияти демографӣ

Аҳолии ҷамоат мувофиқи маълумотҳои оморӣ ба санаи 01.01.2015 12 994 нафарро ташкил намудааст. Суръати солонаи афзоиши аҳолии ҷамоат дар соли 2015 нисбати соли 2014 0,816 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ҷамъбасти соли 2014 шумораи мардон 6 458 нафар ва занон 6 536 нафарро ташкил медиҳад. Зичии аҳолии ҷамоат 448 нафар ба 1 км²-ро ташкил менамояд.

Синну соли миёнаи аҳолии ҷамоатро миёнсолон ташкил медиҳанд (56,1%), ки онҳо гурӯҳи асосии аҳолии қобили меҳнат ба шумор мераванд.

Ҷадвали 1. Аҳолии Ҷамоат аз рӯи миллат

Миллат Фоиз
Тоҷикон 82,9%
Ӯзбекҳо 16,5%
Дигар миллатҳо 0,81%
Ҳамагӣ 100%

Иқтисодиёт

Асоси иқтисодиёти ҷамоатро соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳад, ки дар он 80%-и аҳолӣ машғул аст. Хоҷагиҳо ва аҳолии ҷамоат асосан бо истеҳсоли сабзавот, ғалладона, меваҷот ва ангур машғул мебошанд (асосан аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ).

Ҷамоати Д. Холматов маркази пешрафтаи соҳаи боғу токпарварӣ, саноати тараққикарда ва маркази пешқадами соҳаи соҳибкории хурду миёна мебошад, ки ин ба беҳтар шудани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ таъсири худро гузоштааст. Аҳолии ҷамоат аз инфрасохтори мусоиди иҷтимоӣ ва вазъи хуби муҳити зист баҳраманд буда, хушбахту осудаҳолона умр ба сар мебаранд.

Тарафҳои мустаҳкам, сустӣ ва имкониятҳо

Дурнамои мазкур аз рӯи таҳлили тарафҳои манфию мусбати рушд ва имконияту хавфҳо коркард шудааст.

Тарафҳои мустаҳкам

  • Мавҷудияти кадрҳои баландихтисос
  • Захираҳои табиӣ (замин, боғу токзор)
  • Мавҷудияти корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохтори муҳандисиву коммуникатсионӣ
  • Мавҷудияти инфрасохтори иҷтимоӣ
  • Наздик будан ба маркази вилоят
  • Мавҷудияти инфрасохтори коммуникатсионӣ
  • Соҳаи чорводории пешқадам
  • Мавҷудияти осоишгоҳҳои аҳамияти минтақавӣ дошта
  • Мавҷудияти захираҳои обӣ ва иншоотҳои обтақсимкунӣ

Тарафҳои суст

  • Нарасидани оби нӯшокӣ ва полезӣ
  • Паст будани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ
  • Бо иқтидори пурра фаъолият накардани корхонаҳои саноатӣ
  • Бемасъулиятии шаҳрвандон
  • Зиёдшавии партовҳои маҳаллӣ
  • Маҳдудияти буҷети ҷамоат
  • Баланд будани фоизи қарзҳои ташкилотҳои молиявӣ
  • Кӯҳна ва фарсуда будани техникаи кишоварзӣ
  • Аз ҷиҳати маънавӣ кӯҳна будани таҷҳизоти корхонаҳои саноатӣ
  • Паст будани бархурдории мутахассисони маҳаллӣ доир ба масъалаҳои маркетинг, ташкили фаъолияти соҳибкорӣ, технологияҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра
  • Сатҳи баланди зарари касалиҳои соҳаи боғу токпарварӣ

Имкониятҳо

  • Мавҷудияти Барномаи рушди ноҳияи Б. Ғафуров
  • Татбиқи Барномаи рушди деҳот
  • Ислоҳот дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
  • Ҳавасмандии сармоягузорони хориҷӣ
  • Афзалиятнок будани соҳаи рушди сайёҳӣ дар сатҳи миллӣ
  • Мавҷудияти қонунгузории такмилёфта оид ба мақомотҳои худидора

Хавфҳо

  • Обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ
  • Тағйироти иқлим
  • Бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ
  • Лағжишҳои нархи маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ
  • Эпидемия ва пандемия
  • Нооромии сиёсӣ дар кишварҳои ҳамсоя