Имрӯз намояндагони гурӯҳи тарғиботии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳайати мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Ҳоҷибоева Ӯғулой, сармутахассисони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Вализода Мавлуда, Юнусова Зебо ва мудири бахши кор бо ҷавонони кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Абдуллоев Соҳибҷон баҳри анҷом додани мулоқоту корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ ба деҳоти дурдасти Чашмасор сафар намуданд.
Гурӯҳи корӣ аз рӯи усули «Деҳа ба деҳа» дар деҳаҳои Мирзоравот, Некроҳ, Мевагул ва Испандзор бо аҳолӣ оид ба тарғиби сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти таърихии таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб, риояи қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳои беҳсозии вазъи зисту зиндагонӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ мулоқоту корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
Хуш омадед, ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров!

