Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машварати васеи назди раиси ноҳия бо иштироки муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва раисони хоҷагиҳои кишоварзӣ баргузор гардид.

МАШВАРАТИ КОРӢ БАҲРИ ПЕШРАФТИ СОҲАҲО


Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон зимни машварат рафти корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таҳлил қарор дода, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои пешбинишуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, масъалаи иштироки фаъолона дар баргузории машқҳои омодагӣ, таъмини иҷрои нақшаҳои рӯзмарра тибқи супоришҳои протоколи машварати қаблӣ ва мутобиқати нишондиҳандаҳои омории ҳосилнокии пахта ба вазъи воқеии нашъунамои он баррасӣ гардид.
Дар машварат фаъолияти иншооти обрасонӣ, таъмини обёрии саривақтии зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, инчунин рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои ободониву созандагӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси ноҳия ба масъулин ҷиҳати фаъол намудани гурӯҳҳои тарғиботӣ дар самти истифодаи самараноки неруи барқ ва насби панелҳои офтобӣ, ҷалби соҳибкорон ба корҳои мумфаршкунии кӯчаву роҳҳо, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 ва суръат бахшидан ба корҳои таъмиру таҷдиди иншооти соҳаи маориф супоришҳои дахлдор дод.
Инчунин, масъалаи таъмини хонандагон бо либоси мактабӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои ҳалли саривақтии онҳо ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар фарҷоми машварат таъкид гардид, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои додашуда бояд таҳти назорати қатъии масъулин қарор дошта бошад.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ахбори тоза