Муҳтарам кормандони соҳаи тандурустӣ!
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи кормандони соҳаи тиб, ки ворисони нобиғаи бузурги миллат Абӯалӣ Ибни Сино маҳсуб меёбанд, бегумон дар рушди ҳамаҷонибаи соҳаи тандурустӣ замина гузошта, итминон дорам, ки дар беҳтар шудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи сиҳатии омма мусоидат менамояд. Дар зиндагӣ саломатӣ беҳтарин неъмат аст. Нигаҳдориву ҳифзи он кори хеле масъулиятноку заҳматталаб мебошад, ки дар ин раванд нақши кормандони соҳаи тиб беандоза мебошад, зеро дар беҳдошти саломатӣ ва некӯаҳволии мардуми кишвар нақши духтурон ва хоҳарони шафқат бағоят калон буда, баҳри ба даст овардани солимии шаҳрвандон пайваста саъю кӯшиш мекунанд.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри рушду инкишофи соҳаи тиб ва пурсамар гардидани фаъолияти табибон тадбирҳои бисёре амалӣ мегарданд. Тадриҷан ва паиҳам зиёд намудани музди маоши кормандони соҳаи тиб, сохтмони иншоотҳои нави тандурустӣ, муҷаҳҳазгардонии онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва амсоли ин нишонаи ғамхории пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Сарвари давлат мебошад.
Дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи супоришоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ҷиҳати амалигардонии Барномаҳои мухталифи давлатӣ ва рушду инкишофи соҳаи тандурустӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда шудааст. Мо фахр мекунем, ки дар ноҳияамон сафи духтурони пешқадам ва соҳибтаҷриба зиёд гашта истодаанд ва беҳтар намудани солимии ҷамъият самти асосии фаъолияти онҳо мебошад.
Муҳтарам кормандони шарафманди соҳаи тиб!
Иди касбии Шумо, ҳамасола дар арафаи таҷлили солгарди Истиқлоли давлатии мамлакатамон таҷлил мегардад ва бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёде дар самти равнақи соҳаи тандурустӣ ба анҷом расонида шуда, ин раванди фаъолият минбаъд низ идома дода мешавад. Боварӣ дорам, ки табибони заковатманди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба пешвози ин ҷашнвораи муҳташами сол маҳорату малакаи худро дар амалӣ намудани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ масраф менамоянд. Зеро Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи хеш ба рушди иҷтимоиёт ва иқтисодиёти кишвар таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, мунтазам таъкид менамоянд, ки «Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд».
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия эътимоди комил дорад, ки кормандони муассисаҳои тандурустии ноҳия барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, пешгирии бемориҳо ва татбиқи усулҳои ҷадиди муолиҷа минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Бо ин ниятҳои нек, тамоми кормандони соҳаи тандурустиро бо иди касбӣ табрик гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори босаодат ва дар меҳнати заҳматталабашон барору муваффақиятҳо таманно менамоям.
Иди касбӣ муборак, табибони азиз!
Раиси ноҳияи
Бобоҷон Ғафуров Темурҷон Нӯмонзода
Мо нақши барҷастаи кормандони соҳаи тандурустиро дар ҳаёти иҷтимоии ҷомеа ба хуби дарк мекунем ва ҳамеша бар он мекӯшем, ки мақоми табибонро дар байни мардуми диёр боло бардорем ва меҳнаташонро сазовор қадр намоем. Эмомалӣ Раҳмон

