Бо мақсади амалисозии дастуру супоришҳои Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар самти ба эътидол овардани фаъолияти нуқтаҳои фурӯши гӯшт, риояи талаботи муқарраршуда вобаста ба забҳи чорво ва таъмини ҳолати санитарию беҳдоштии нуқтаҳои забҳи чорво, бо иштироки қассобон ва фурӯшандагони гӯшти чорвою паранда мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба масъалаҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ, махсусан гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ, ҳасиб, гӯшти паранда ва тухм

Дар мулоқот муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва сардори Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳия иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ, махсусан гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ, ҳасиб, гӯшти паранда ва тухм, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Таъкид гардид, ки роҳбарони қассобхонаҳо, забҳхонаҳо, нуқтаҳои забҳи чорвои калону майда, забҳхонаҳои паранда, инчунин нозирони нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти гӯштӣ ва тухм бояд талаботи санитарию беҳдоштӣ ва меъёрҳои муқарраргардидаи қонунгузории соҳаи бехатарии озуқавориро қатъиян риоя намоянд.
Дар рафти мулоқот аз ҷониби масъулон доир ба талаботи қонунгузории амалкунанда дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ ва пешгирии паҳншавии маҳсулоти ба саломатии аҳолӣ хавфнок маълумоти зарурӣ пешниҳод гардида, иқтибосҳо аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба иштирокдорон шарҳ дода шуданд.
Ҳамзамон, оид ба истифодаи либосҳои махсуси корӣ, доштани дафтарчаи санитарии шахсӣ аз ҷониби қассобон ва фурӯшандагон, инчунин риояи қоидаҳои тозагӣ ва беҳдошт дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Масъулон вазифадор гардиданд, ки қассобхонаҳо, забҳхонаҳо ва нуқтаҳои фурӯши гӯштро тозаю озода нигоҳ дошта, ба риояи талаботи санитарию беҳдоштӣ, сифату бехатарии маҳсулоти гӯштӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ахбори тоза