Ҷамоати Ғозиён

Ҷойгиршавии ҷуғрофӣ

Ҷамоати деҳоти Ғозиён дар ҳайъати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буда, дар қисми маркази ғарбии ноҳия, дар канори шаҳри Хуҷанд, соҳили сойи Хоҷабоқирғон ҷойгир шудааст. Масоҳати умумии ҷамоат 503,83 гектарро ташкил медиҳад. Шумораи аҳолӣ 19 340 нафар аст.

Сохти маъмурии ҳудуди ҷамоат

Ба ҳайъати маъмурии Ҷамоати деҳоти Ғозиён деҳаҳои Қаҳрамон, Ғозиён-1, Ғозиён-2, Гумбаз, Седаста, Деҳаи Боло, Деҳаи Поён, Чорсу-1, Чорсу-2 ва Қотма дохил мешаванд. Дар ҷамоат 2 783 хоҷагӣ мавҷуд аст ва 8 кумитаи маҳаллаҳо фаъолият мебаранд.

Тафсири таърихию маданӣ

Ҳар маҳалли зисти одамон ба худ хос таърих, солномаро дорост. Деҳаи Ғозиён низ дорои таърихи қадима мебошад. Чуноне ки муаррихон таъкид кардаанд, деҳаи Ғозиён аз қадимтарин деҳоти атрофии шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешавад. Ғозиён аз давраи тасаллути Ислом дар атрофи Хуҷанд номи худро чун пойгоҳи «Ғозиҳо» (ҷанговарони роҳи дини мубини ислом) аз ҳамин калима гирифтааст. Яъне ҳудуди ҳозираи деҳа он вақт макони истиқомати лашкари араб будааст. Азбаски идораи Шӯрои деҳоти Ғозиён дар маркази он ҷойгир шуда буд, чунин номида шудааст.

Шӯрои қишлоқи Ғозиён ё бо ибораи имрӯза — Ҷамоати деҳоти Ғозиён дар асоси Фармони Президиуми Шӯрои Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 5 январи соли 1965 ташкил ёфтааст. То ин сана Ҷамоати деҳоти Ғозиён дар ҳайъати Ҷамоати Ёва буда, аз ҳамон рӯз мустақил гардид.

Иқтисодиёт ва инфрасохтор

Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ғозиён 18 хоҷагии деҳқонӣ, зиёда аз 80 нафар саҳмдорон, 10 хоҷагии инфиродӣ, 3 заводи хиштбарорӣ, 4 заводи сангрезакунӣ ва 1 заводи асфалтбарорӣ маҳсулоти хушсифати кишоварзиву саноатӣ истеҳсол мекунанд.

Дар ҷамоат мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №11, 20, 21 ва 62, мактаби хусусии «Амид», 5 боғчаи бачагона, марказҳои саломатии «Ғозиён», «Чорсу», «Қотма», хонаи саломатии «Деҳаи Поён», Корхонаи давлатии комуналии «Ғозиён», ду муассисаи клубӣ, 1 китобхона, филиали амонатбонк, алоқаҳои мобилӣ, радиоузели маҳаллӣ, 5 нуқтаи бо сӯзишворӣ таъминкунандаи нақлиёт, ду тарабхона, 7 хатсайри дохилию наздишаҳрӣ ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, савдо, хӯрокворӣ, нонвойхонаҳо, таъмири пойафзол ва нақлиёт ба мардум хизмат мерасонанд.

Иштирокчиёни ҷангу собиқадорон

Дар ҷамоат имрӯз 25 нафар иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, 5 нафар иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил, 26 нафар иштирокчиёни муҳорибаҳои барқароркунии сохти конститутсионӣ ва зиёда аз 800 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат кор ва зиндагӣ мекунанд. Ҷамоат бо 15 нафар қаҳрамонони меҳнати сотсиалистӣ фахр мекунад, ки аз онҳо 3 нафар занон мебошанд.

Иқлим ва кишоварзӣ

Ҷамоат дар манзараи даштии нишебкӯҳи Рухак ҷойгир гардидааст ва иқлими бодуҳавояш хушк дорад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар фасли тобистон аз +25 °C то +40 °C, дар фасли зимистон то −20 °C мерасад.

Мавҷуд будани заминҳои ҳосилхез ва оби сойи Хоҷабоқирғон тамоюли соҳаи хоҷагии қишлоқро бо равияҳои пахтакорӣ, ғалладонагӣ, меваю сабзавот, шоликорӣ ва ангурпарварӣ муайян намудааст. Дар ҷамоат ҳамчунин пиллапарварӣ тараққӣ ёфтааст. Аз сабаби паст будани миқдори миёнаи бориш (то 150–300 мм) ба обёрии шиддатнок (ирригатсия) эҳтиёҷ дорад.

Аҳолӣ

Аҳолии ҷамоат 19 340 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 9 185 нафар занон мебошанд. Деҳаҳои Чорсу, Ғозиён ва Деҳаи Боло яке аз воҳидҳои сернуфузтарини ҷамоат буда, 56% аҳолиро ташкил медиҳанд.

Ҷадвали 1. Аҳолӣ ва хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Ғозиён

Деҳа Шумораи хоҷагӣ Шумораи аҳолӣ
1 Қаҳрамон 345 2 723
2 Ғозиён 573 3 964
3 Гумбаз 132 927
4 Седаста 186 1 231
5 Деҳаи Боло 495 3 148
6 Чорсу 567 3 944
7 Деҳаи Поён 225 1 664
8 Қотма 260 1 739
Ҳамагӣ 2 783 19 340

Ҷадвали 2. Аҳолии Ҷамоат аз рӯи миллат

Миллат Фоиз
Тоҷикон 99%
Дигар миллатҳо 1%
Ҳамагӣ 100%

Ҷадвали 3. Дурнамои афзоиши аҳолии ҷамоат

Нишондиҳанда 2014
(ҳисобот)
2015
(баҳодиҳӣ)
2016 2017 2018 2019 2020
Шумораи аҳолӣ 18 760 19 340 19 920 26 819 20 470 21 020 21 600

Дар давоми солҳои 2016–2020 аҳолии Ҷамоат тахминан ба 2 840 нафар зиёд мешавад.

Азбаски деҳаи Ғозиён ба шаҳри Хуҷанд наздик аст, аҳолии ҷамоат бо шаҳрвандони Хуҷанд алоқаҳои зичи хешу таборӣ ва хонадоршавӣ доранд.

Иқтисодиёт

Асоси иқтисодиёти Ҷамоатро хоҷагии қишлоқ ва соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳад, ки дар он 61%-и аҳолӣ машғул аст. Асоси хоҷагии қишлоқи деҳотро истеҳсоли сабзавот, ғалладона, меваҷот ва пахта (асосан аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ) ташкил медиҳад.

Набудани заминаи моддию техникӣ, фарсудашавии таҷҳизот, усулҳои кӯҳнаи обёрӣ ва норасоии маблағгузорӣ ба баланд гаштани ҳосили хоҷагии қишлоқ дар рушди соҳа ва истеҳсоли маҳсулоти баландсифат монеа эҷод мекунад.

Наздикии Ҷамоат ба маркази шаҳри Хуҷанд ва бозори «Панҷшанбе» имкон медиҳад, ки сокинон саривақт ва бе вайроншавии сифати маҳсулот, маҳсулоти хоҷагии қишлоқро ба харидорон пешниҳод намоянд.

Хидмати тиббӣ

Сокинони Ҷамоат аз хизмати се Маркази саломатӣ ва як Хонаи саломатӣ истифода мебаранд.

Тарафҳои мустаҳкам, сустӣ ва имкониятҳо

Тарафҳои мустаҳкам

  • Хоҷагии қишлоқ, фермаҳо, фурӯшгоҳҳо, мактабҳо, марказҳои саломатӣ, варзишгоҳ, чойхонаҳо
  • Мутахассисони баландихтисос
  • Шабакаи нақлиёт
  • Наздикӣ ба шаҳри Хуҷанд — шароити мусоид барои таъмини шуғл
  • Мавҷудияти гармхонаҳо
  • Се корхонаи хиштбарорӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, сехҳои шахсӣ, фаъолияти соҳибкорӣ
  • Раҳбарии ҷавонони ояндадор
  • Мавҷудияти канал ва заминҳои коркарднашуда

Тарафҳои суст

  • Зиёд будани партовгоҳи маводҳои заҳрнок
  • Роҳҳои таъмирталаб
  • Зиёд будани бекорон
  • Норасоии маблағҳои буҷа ва мутахассисон
  • Надонистани ҳуқуқи худ аз тарафи аҳолӣ
  • Бесуботии таъмини об дар тобистон ва барқ дар зимистон
  • Набудани корхонаҳои коркард ва ҷойҳои кории маоши хуб
  • Ифлосшавии ҳавои атмосфера
  • Камчинии таҷҳизоти муосири тиббӣ дар марказҳои саломатӣ

Имкониятҳо

  • Ҷалби маблағгузорон ба сабаби наздикӣ ба шаҳр
  • Сохтмони комплекси агросаноатӣ (коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ)
  • Ташкили корхонаҳои коркарди дубораи партов ва коркарди пашм
  • Мустаҳкамкунии соҳили сойи Хоҷабоқирғон
  • Ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат (тракторчӣ, дӯзандагӣ, ҳунармандӣ, дуредгарӣ)
  • Васеъкунии хизмати марказҳои саломатӣ
  • Безарар намудани партовҳои радиатсионӣ