Ҷамоати Унҷӣ

Ҷойгиршавии маъмурию ҳудудии ҷамоат

Ҷамоати деҳоти Унҷӣ яке аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Масоҳати умумии ҷамоат 2 537 гектар буда, мутаносибан 23% масоҳати умумии ноҳияро ташкил медиҳад. Шумораи умумии аҳолии ҷамоати деҳоти Унҷӣ 46 630 нафарро ташкил медиҳад.

Ба ҳайати ҷамоати деҳоти Унҷӣ 7 деҳа шомил буда, дар байни онҳо деҳаи Унҷӣ аз ҳама калонтарин мебошад ва дар он 42% аҳолии ноҳия истиқомат менамоянд. Дар ҷамоати деҳоти Унҷӣ 8 316 хоҷагӣ ва 30 кумитаи маҳалла ба қайд гирифта шудааст.

Шарҳи таърихию фарҳангӣ

Дар асарҳои таърихнигорон деҳаи Унҷӣ ҳамчун мавзеи боғ ва макони истироҳати шаҳриён тасвир гардидааст. Шуғли асосии аҳолӣ заминдорӣ, киштукор ва боғдорӣ буда, баъдтар чорводорӣ низ тараққӣ кардааст. Аҳолии деҳа бозори шаҳри Хуҷандро бо ғалла ва пахта таъмин намуда, аз он бозорҳо барои таъмини рӯзғор ва пешбурди ҳунарҳои миллӣ маводи зарурӣ дастрас менамуданд.

Шӯрои қишлоқи Унҷӣ соли 1918 ташкил шудааст. Аз солҳои 50–90-ум ҷамоати Унҷӣ бо қадамҳои устувор тараққӣ намуд. Дар ин солҳо дар ҳудуди ҷамоат таҳти роҳбарии раиси овозадори колхоз (баъдан колхози ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев) ду карат Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ С. Ӯрунхоҷаев муваффақиятҳои беназир ба даст оварда шуд. Дар он солҳо колхоз яке аз хоҷагиҳои пешқадамтарини вилоят ва республика ба ҳисоб рафта, дар истеҳсоли маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ (аз он ҷумла пахта, пилла, гӯшт ва шир) пешқадамтарин ба шумор мерафт.

Дар он солҳо рафти босуръати ободонии деҳот ва фазои иҷтимоӣ ва мадании аҳолии он тараққӣ намуда, то ба имрӯз идома дорад. Дар ин давра инфрасохтор ва бахши иҷтимоӣ-фароғатии маҳал хеле пеш рафта буд, ки заминаи рушди иқтидори он гашт. Масалан, соли 1957 бо ташаббуси худи Ӯрунхоҷаев қасри «Арбоб», ки нусхаи Кохи Петри I дар Ленинград буд, сохта шуд. Маҳз дар ҳамин қаср соли 1992 сессияи ҳаётбахши таърихӣ барои халқи Тоҷикистон — XVI иҷлосияи Шӯрои Олӣ баргузор гашт, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гашт. Ин қасри зебо айни замон иншооти таърихӣ ва ҷойи истироҳат барои меҳмонони хориҷӣ ва истиқоматкунандагони маҳалл ва дигар минтақаҳо мебошад.

Шароитҳои иқлимӣ ва захираҳои табиӣ

Иқлими ҷамоат хушки континенталӣ буда, миқдори солонаи боришот дар он 200–300 мм мебошад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар тобистон аз +25 °C то +40 °C гарм ва дар фасли зимистон то −10 °C хунук мешавад.

Ҳосилнокии заминҳои кишоварзии ҳудуди ҷамоат дар сурати мавҷудияти миқдори зарурии намӣ ва таъсири ҳаҷми оби Сирдарё вобастагӣ дорад ва бо ин восита ба нақшагирии ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ муайян карда мешавад. Иқлими ҷамоат барои пахтакорӣ, ғаллакорӣ, истеҳсоли маҳсулоти полезӣ, боғу токпарварӣ ва кирмакпарварӣ мусоид мебошад.

Дар ҳудуди ҷамоат канданиҳои фоиданок мавҷуд нест. Манбаи оби дар ҷамоат истифодашаванда чоҳҳои амудӣ, қисман хатҳои оби нӯшокӣ ва оби ҷӯйбору наҳрҳо мебошанд.

Вазъи демографии ҷамоат

Ба ҳайати ҷамоат 8 316 хоҷагӣ дохил мешавад. Шумораи умумии аҳолии ҷамоат 46 630 нафар буда, 48,8% аҳолиро (ё 22 330 нафарро) занҳо ташкил медиҳанд. Аҳолии ҷамоат гуногунмиллат буда, қисми асосии онро тоҷикон ташкил менамоянд.

Ҷадвали 1. Шумораи аҳолӣ ва хоҷагиҳои ҷамоат

Маҳали аҳолинишин Шумораи хоҷагиҳо Шумораи аҳолӣ
Унҷӣ 3 210 18 227
Сафедтеппа 1 198 7 507
Арбоб 242 1 416
Қишлоқиҷон 752 3 741
Матаиб 261 1 529
Даштак 1 523 7 094
Оқариқ 1 249 7 235
Ҳамагӣ 8 435 46 749

Ояндабинии ҷамоат

Ҷамоати деҳоти Унҷӣ — яке аз ҷамоатҳои рушдёфтаи дорои корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, бо фазои мусоиди сармоягузорӣ, инфрасохтори мукаммали иҷтимоӣ ва муҳити зисти шоиста, ки дар он аҳолии солиму бофарҳанг кору зиндагӣ менамоянд.

Таҳлили SWOT-и ҷамоати деҳоти Унҷӣ

Тарафҳои қавӣ

  • Наздик будан ба маркази вилоят
  • Мавҷудияти қувваи корӣ
  • Мавҷудияти заминҳои корам
  • Мавҷуд будани корхонаҳои хурд
  • Мавҷуд будани корхонаҳои баландихтисос
  • Мавҷудияти комплекси туристии «Арбоб»
  • Мардуми меҳмоннавозу ташаббускор
  • Боварии халқ ба раиси ҷамоат ва дастгоҳи он
  • Дорои ашёи босифати маҳсулот
  • Маркази фурӯши маҳсулоти сохтмон
  • Мавҷудияти шабака ва иншоотҳои инфраструктурӣ
  • Мавҷудияти деҳқонони соҳибтаҷриба
  • Мавҷудияти иншоотҳои иҷтимоӣ (мактаб, марказҳои саломатӣ, беморхона)
  • Табиат ва иқлими мусоид

Тарафҳои заиф

  • Қисман таъмин набудани аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва полезӣ
  • Маҳдудияти барқ
  • Маҳдудияти гази табиӣ
  • Дар ҳолати ғайриқаноатбахш будани роҳҳои байни хоҷагиҳо ва кӯчаҳо
  • Паст будани маданияти истифодабарии замин
  • Қисман баланд шудани обҳои зеризаминӣ
  • Фарсуда будани техникаҳои хоҷагии қишлоқ
  • Паст будани маданият ва иттилоотнокии мардум дар масъалаҳои экология ва тандурустӣ
  • Ба талабот мувофиқ набудани солимии аҳолӣ
  • Рафтани кадрҳо
  • Нокифоя будани буҷаи маҳаллӣ
  • Деградатсияи заминҳои кишоварзӣ
  • Паст будани сифати тухмӣ
  • Баланд будани фоизи қарзҳо

Имкониятҳо

  • Аз худ намудани заминҳои корам
  • Вазъияти мусоиди сиёсӣ
  • Наздикии роҳи оҳан ва аэропорт
  • Наздик будани роҳҳои байналмилалӣ
  • Дастгирии роҳбарияти ноҳия ва вилоят
  • Воридоти маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ ва вилоят
  • Муассисаҳои қарздиҳӣ

Хатарҳо

  • Офатҳои табиӣ
  • Мавҷудияти радикалҳои сиёсӣ
  • Бӯҳрони иқтисодӣ, инфлятсия
  • Сар задани эпидемия
  • Ҳолати сиёсии дохилӣ
  • Вайрон шудани экология
  • Хушксолӣ
  • Ворид нашудани маблағ аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ