Ҷамоати Ёва

Тафсири таърихию маданӣ

Маълум аст, ки ҳар маҳалли зисти одамон ба худ хос таъриху солномаро дорост. Деҳаи Ёва низ дорои таърихи қадима мебошад. Чуноне ки муаррихон таъкид кардаанд, деҳаи Ёва аз қадимтарин деҳоти атрофии шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешавад.

Ёва дар манбаъҳои таърихӣ ва фарҳангномаҳо, ки аз ҳама қадимтарини онҳо китоби муқаддаси «Авесто» мебошад ва қисматҳои аввалиаш 3000 сол пеш навишта шудаанд, калимаи Ёва маънои «ғалладона»-ро ифода менамояд. Дар қисмати «Вандидод»-и ин китоб борҳо калимаи «Ёва» дучор мешавад. Калимаи «Ёва» ба маънои ғалладона ва ғаллазор то имрӯз дар забони шуғнонӣ низ истифода мешавад.

Аз ин рӯ, ин далелҳоро метавон бо камоли боварӣ гуфт, ки номи деҳаи Ёва аз калимаи туркии «ёв» ё аз калимаи «ёвар» набуда, аслан дар забонҳои авастоӣ ва форсии қадим дар шакли «ява» истифода мешудааст ва маънии ғалла ва ғаллазорро ифода мекардааст. Агар ба мавқеи ҷуғрофии ин деҳа эътибор диҳем, макони ғалладона будани он тасдиқ мегардад. Аз замонҳои қадим аз дили ин деҳа рӯди такоб, ки ҳоло Хоҷабоқирғон меноманд, ҷорӣ буд.

Ҷамоати деҳоти Ёва 26 феврали соли 1918 ташкил карда шудааст.

Иқлим ва мавқеи ҷуғрофӣ

Манзараи даштӣ ва иқлими хушк дорад: ҳарорати миёна дар фасли тобистон аз +25 °C то +40 °C, дар фасли зимистон то −20 °C мерасад.

Мавҷуд будани заминҳои ҳосилхез ва оби сойи Хоҷабоқирғон ва Канали Калони Фарғона 1 ва 2 тамоюли соҳаи хоҷагии қишлоқро бо равияҳои пахтакорӣ, ғалладонагӣ, меваю сабзавот, шоликорӣ ва ангурпарварӣ муайян намудааст. Дар ин ҷо ҳамчунин пиллапарварӣ тараққӣ ёфтааст. Аз сабаби паст будани миқдори миёнаи бориш (то 150–300 мм) ба обёрии шиддатнок (ирригатсия) эҳтиёҷ дорад.

Аҳолӣ

Аҳолии ҷамоат дар соли 2015 42 597 нафарро ташкил медод, ки аз он шумораи занон 21 099 нафар мебошад. Деҳаҳои Миришкори поён, Сайҳун, Қорибобо ва Дӯнгимазор аз воҳидҳои сернуфузтарини ҷамоат ба шумор мераванд.

Мувофиқи дурнамо то соли 2020 зиёдшавии табиии аҳолӣ 10,5% нисбати соли 2014 пешбинӣ шудааст.

Ҷадвали 1. Аҳолӣ ва хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Ёва

Деҳа Шумораи хоҷагӣ Шумораи аҳолӣ
1 Чашмаи ҳаёт 146 932
2 Учбоғ 389 2 172
3 Чаманзор 70 784
4 Сартӯқай 696 3 879
5 Миришкори поён 790 4 830
6 Миришкори боло 251 1 578
7 Кӯчаи калон 348 2 055
8 Чақар 273 1 207
9 Хилватқӯрғон 144 862
10 Тошлоқ 260 1 732
11 Қорибобо 434 3 379
12 Салотхона 100 892
13 Сойча 230 1 577
14 Чилламазор 331 2 403
15 Дӯнгимазор 490 3 361
16 Наддофон 190 1 375
17 Боғи Қозӣ 325 2 270
18 Марғзорак 335 2 420
19 Ҷӯйи Раззоқ 244 1 417
20 Ҷӯйи Мазор 152 1 310
21 Гулистон 90 903
22 Навобод 190 1 259
Ҳамагӣ 6 478 42 597

Ҷадвали 2. Аҳолии ҷамоат аз рӯи миллат (соли 2015)

Миллат Фоиз
Тоҷикон 87%
Ӯзбекон 12%
Дигар миллатҳо 1%
Ҳамагӣ 100%

Иқтисодиёт

Асоси иқтисодиёти ҷамоатро хоҷагии деҳқонӣ ташкил медиҳад, ки дар он 64%-и аҳолӣ машғул аст. Асоси хоҷагии деҳқонии ҷамоати деҳотро истеҳсоли сабзавот, ғалладона, меваҷот ва пахта (асосан аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ) ташкил медиҳад.

Наздикии ҷамоат ба маркази шаҳри Хуҷанд ва бозори «Панҷшанбе» шароит фароҳам меоварад, ки сокинон саривақт ва бе вайроншавии сифати маҳсулот ба харидорон маҳсулоти хоҷагии қишлоқро пешниҳод намоянд.

Инфрасохтор

Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёва хоҷагии деҳқонӣ, хоҷагии инфиродӣ, заводи хиштбарорӣ ва корхонаҳои саноатӣ фаъолият мебаранд. Дар соҳаи маориф мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 10, 22, 31, 33, 47, 48, 49, 60 ва 68, мактаби хусусии «Сафина», Маркази таълимии №1 ва МТИ №4 ба мардум хизмат мерасонанд.

Дар соҳаи тандурустӣ Беморхонаи минтақавии №2, марказҳои саломатии «Ёва», «Тошлоқ» ва «Сирдарё», хонаҳои саломатии «Навобод» ва «Ҳаёти нав» фаъолият мекунанд. Инчунин, мағозаҳои тиҷоратӣ ва хӯрокворӣ, сартарошхона, клуб, чойхона, китобхона ва тӯйхонаҳо барои қонеъ намудани талаботи мардуми деҳот ҳамеша омодаи хизмат ҳастанд.

Иштирокчиёни ҷангу собиқадорон

Дар ҷамоат имрӯз 1 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 44 нафар иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, 5 нафар иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил, 35 нафар иштирокчиёни муҳорибаҳои барқароркунии сохти конститутсионӣ ва зиёда аз 88 нафар собиқадорони меҳнат кор ва зиндагӣ мекунанд.

Тарафҳои мустаҳкам, сустӣ ва имкониятҳо

Тарафҳои мустаҳкам

  • Мавҷудияти шароити табиӣ барои пешбурди фаъолияти кишоварзӣ, саноатӣ ва ғ.
  • Мавҷудияти инфрасохтори заминавии иҷтимоиву иқтисодӣ
  • Мавҷудияти мутахассисони баландихтисос
  • Мавҷудияти иншооти муҳандисиву коммуникатсионӣ
  • Мавҷудияти таҷрибаи муосир оид ба ташкили гармхонаҳои шакли нав ва камхарҷ
  • Мавҷудияти корхонаҳои саноатӣ
  • Мавҷудияти хоҷагиҳои деҳқонии пешқадам
  • Фаъолнокии бахши хусусӣ

Тарафҳои суст

  • Роҳҳои фарсуда
  • Нарасидани боғчаи бачагона
  • Норасоии воситаҳои молиявӣ
  • Норасоии мутахассисони баландихтисос
  • Паст будани маълумотнокии аҳолӣ оид ба пешгирии бемориҳои иҷтимоан муҳим
  • Мавҷуд набудани корхонаҳои коркард
  • Кам будани нафақа
  • Камчинии таҷҳизоти ҳозиразамон дар марказҳои саломатӣ

Имкониятҳо

  • Мавҷудияти барномаи рушди ноҳияи Б. Ғафуров
  • Ислоҳот дар соҳаи худидоракунии маҳаллӣ
  • Равандҳои ислоҳот дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ
  • Наздик будани ҷамоат ба маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд
  • Дастгирии давлатии соҳаи хоҷагии қишлоқ
  • Ҳавасмандии сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ оид ба маблағгузорӣ ба иқтисодиёти ҷамоат
  • Татбиқи Барномаи рушди деҳот

Хатарҳо (таҳдидҳо)

  • Тағйироти иқлим
  • Ҳолатҳои фавқулодда (омадани сел, заминларза, хушксолӣ, сардии ҳаво)
  • Паҳншавии малах
  • Бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ
  • Низоъ
  • Эпидемия ва пандемия