Ҷойгиршавии ҷуғрофӣ
Ҷамоати деҳоти Овчи-қалъача яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буда, дар қисми ҷанубу ғарбии ноҳия, дар сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон, дар соҳили сойи Хоҷабоқирғон ҷойгир шудааст. Масоҳати умумии ҷамоат 581,4 гектарро ташкил медиҳад. Шумораи аҳолӣ 22 191 нафар аст. Зичии аҳолӣ 22 нафар дар 1 км² мебошад, маркази маъмурии ҷамоат деҳаи Қалъача аст.
Ҷамоати Овчи-қалъача аз ҷануб бо ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон, аз ғарб бо Ҷамоати Унҷӣ, аз шимол бо Хистеварз ва аз шарқ бо ноҳияи Ҷ. Расулов ҳамсарҳад мебошад. Масофа аз Овчи-қалъача то шаҳраки Ғафуров 16 км, то Хуҷанд — 30 км, то фурудгоҳ — 15 км аст.
Сохти маъмурии ҳудуди ҷамоат
Ба ҳайъати маъмурии Ҷамоати деҳоти Овчи-қалъача деҳаҳои Қалъача, Овчи, Шайхон, Мичурин, Деҳнав, Себзор, Пахтаобод ва Янгимеҳнат дохил мешаванд. Деҳаҳои Қалъача, Овчи ва Шайхон сернуфузтарин буда, 76,5%-и аҳолиро ташкил медиҳанд. Дар ҷамоат 4 468 хоҷагӣ мавҷуд аст ва 10 кумитаи маҳаллаҳо фаъолият мебаранд.
Ҷадвали 1. Аҳолӣ ва хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Овчи-қалъача
| Деҳа | Шумораи аҳолӣ | Шумораи хоҷагӣ |
|---|---|---|
| Қалъача | 7 885 | 1 538 |
| Овчи | 5 203 | 1 032 |
| Шайхон | 3 136 | 620 |
| Мичурин | 2 702 | 558 |
| Деҳнав | 1 495 | 310 |
| Пахтаобод | 761 | 190 |
| Себзор | 602 | 116 |
| Янгимеҳнат | 407 | 95 |
| Ҳамагӣ | 22 191 | 4 468 |
Ҷадвали 2. Дурнамо то соли 2020
| Деҳа | Хоҷагиҳо | Аҳолӣ |
|---|---|---|
| Қалъача | 1 843 | 8 915 |
| Овчи | 1 192 | 5 913 |
| Шайхон | 710 | 3 546 |
| Мичурин | 688 | 2 917 |
| Деҳнав | 399 | 1 690 |
| Пахтаобод | 205 | 861 |
| Себзор | 136 | 797 |
| Янгимеҳнат | 235 | 784 |
| Ҳамагӣ | 5 408 | 25 423 |
Тафсири таърихию маданӣ
Ҷамоати Овчи-қалъача дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир буда, соли 1925 таъсис ёфтааст. Дар муддати солҳои 1941 то 1957 деҳаи Овчи-қалъачаро Чкалов меномиданд.
Бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 14 майи соли 1941 дар вилояти Ленинобод ноҳияи Овчи-қалъача ташкил карда шуд, ки маркази он деҳаи Овчи-қалъача буд. Мувофиқи қисми дуюми ҳамин Указ деҳаи Овчи-қалъача минбаъд Чкалов номида шуд. Бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 1950 ноҳияи Чкалов барҳам дода шуда, қаламрави он ба ноҳияи Ленинобод шомил карда шуд. Баъдтар Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон илтимоси Кумитаи иҷроияи Совети депутатҳои меҳнаткашони вилояти Ленинободро ба назар гирифта, бо Укази худ аз 18 апрели соли 1957 Совети қишлоқи Чкаловро бо номи пештараи он — Совети қишлоқи Овчи-қалъача номгузорӣ намуд.
Иқтисодиёт ва инфрасохтор
Дар ҷамоат ду Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ (АХД ба номи Р. Қосимов ва АХД «Хоҷабоқирғон») мавҷуд аст, ки ба 529 хоҷагии деҳқонӣ ва 175 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ тақсим шудаанд. Ҳамчунин хоҷагии ниҳолпарварии ба номи Ғ. Масаидов, ИФСБС «Боғпарвар», 1 заводи хиштбарорӣ ва 1 заводи коркарди бетон фаъолият мебаранд.
Дар ҷамоат 13 нуқтаи савдо, 21 нуқтаи хӯроки умумӣ, 42 нуқтаи хизматрасонии маишӣ, 6 мактаб, 1 МТИ №5, 1 кӯдакистони №6, 3 китобхона, 1 клуб, 1 беморхонаи ноҳиявии №7, 3 маркази саломатӣ, 3 хонаи саломатӣ ва 7 чойхона ба мардум хизмат мерасонанд.
Иқлим ва кишоварзӣ
Ҷамоат дар манзараи қади сойи Хоҷабоқирғон ҷойгир гардида, иқлими бодуҳавояш хушк дорад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар фасли тобистон аз +25 °C то +40 °C ва дар фасли зимистон то −20 °C мерасад.
Мавҷуд будани заминҳои ҳосилхез ва оби сойи Хоҷабоқирғон тамоюли соҳаи хоҷагии қишлоқро бо равияҳои пахтакорӣ, ғалладонагӣ, меваю сабзавот, шоликорӣ ва ангурпарварӣ муайян намудааст. Дар ҷамоат ҳамчунин пиллапарварӣ тараққӣ ёфтааст. Аз сабаби паст будани миқдори миёнаи бориш (то 150–300 мм) ба обёрии шиддатнок (ирригатсия) эҳтиёҷ дорад. Дар ҳудуди ҷамоат, дар доманаҳои сойи Хоҷабоқирғон тӯдаи шағал мавҷуд аст, ки барои ба даст овардани шағали сохтмонӣ шароит фароҳам меорад.
Аҳолӣ
Аҳолии ҷамоат 22 191 нафарро ташкил медиҳад. Дар ҷамоат тоҷикон, ӯзбекҳо ва қирғизҳо истиқомат мекунанд. Синну соли миёнаи аҳолии ҷамоат 57 сола буда, қисми зиёди онро гурӯҳи миёнсолон (52%) ташкил медиҳад.
Ҷадвали 3. Аҳолии ҷамоат аз рӯи миллат
| Миллат | Шумора | Фоиз |
|---|---|---|
| Тоҷикон | 18 825 | 84,8% |
| Ӯзбекон | 2 489 | 11,2% |
| Қирғизҳо | 848 | 3,8% |
| Дигар миллатҳо | 29 | 0,2% |
| Ҳамагӣ | 22 191 | 100% |
Иқтисодиёт
Асоси иқтисодиёти ҷамоатро хоҷагии қишлоқ ташкил медиҳад, ки дар он 80%-и аҳолӣ машғул аст. Асоси хоҷагии қишлоқи деҳотро истеҳсоли сабзавот, ғалладона, меваҷот ва пахта (асосан аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ) ташкил медиҳад.
Хидмати тиббӣ
Дар ҷамоат беморхонаи ноҳиявии №7, 3 маркази саломатӣ ва 3 хонаи саломатӣ дар хизмати мардум қарор доранд.
Маориф
Дар ҷамоат 6 мактаби таҳсилоти умумӣ, 1 гимназияи хусусӣ, 1 муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва 1 кӯдакистон фаъолият доранд.
Дурнамои ҷамоат
Ҷамоати Овчи-қалъача яке аз манбаъҳои кадрии ноҳияи Б. Ғафуров ба ҳисоб меравад ва сарчашмаи оби тозаи нӯшокӣ дар вилояти Суғд мебошад. Ҷамоат истеҳсолкунандаи маҳсулоти баландсифати хоҷагии қишлоқ буда, мардуми он бо кор таъмин ҳастанд. Ҳамчунин ҷамоат минтақаи истироҳатӣ-фароғатӣ ва таърихию фарҳангӣ маҳсуб мешавад.
Тарафҳои мустаҳкам, сустӣ, имкониятҳо ва хавфҳо
Тарафҳои мустаҳкам
- Кадрҳои баландихтисос
- Шароитҳои табиӣ
- Ҷойгиршавии ҷамоат
- Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ
- Чорводорӣ
- Оби полезӣ
- Мавқеи сарҳадӣ
- Халқи муташаккил
- Заминҳои ҳосилхез
Тарафҳои суст
- Кам будани замин
- Набудани истеҳсолот ва ҷойи кор
- Наздикии сарҳад аз нигоҳи бехатарӣ
- Набудани маркази истироҳатию фароғатӣ барои ҷавонон
- Бад будани ҳолати роҳҳо
- Нокифоя будани идоракунии замин
Имкониятҳо
- Мавқеи сарҳадӣ
- Наздикӣ ба шаҳр
- Сохтмони НБО-и хурд
- Сохтмони корхонаи хурд
- Зиёд кардани маҳсулоти кишоварзӣ
Хавфҳо
- Мавқеи сарҳадӣ
- Радикализатсия
- Хавфҳои табиӣ
- Эрозияи замин

