Ҷойгиршавии ҷуғрофӣ
Ҷамоати шаҳраки Хистеварз яке аз ҷамоатҳои калонтарин на танҳо дар вилояти Суғд, балки тамоми ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ҷамоатро аз тарафи шимол дарёи Сир, аз ҷануб қаторкӯҳҳои Қирғизистон, аз шарқ ноҳияи Конибодом ва аз ғарб дарёи Хоҷабақирғон иҳота кардаанд. Ҷамоат дар тарафи чапи соҳили Баҳри Тоҷик (обанбори нерӯгоҳи барқии Қайроққум) ҷойгир мебошад.
Аз тарафи ҷануб бо ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон, аз шарқ бо ноҳияи Конибодом, аз ғарб бо Ҷамоати Овчиқалъача ва аз шимол бо ҷамоатҳои Исфисор ва Зарзамин ҳамсарҳад аст. Ҳудуди ҷамоат 1 060,7 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Масофаи ҷамоат то маркази ноҳия — 9 км, то маркази вилоят (ш. Хуҷанд) — 25 км, то майдони ҳавоии байналмилалӣ — 11 км ва то роҳи оҳан — 9 км аст.
Аз ҳудуди ҷамоат роҳҳои мошингарде мегузаранд, ки аҳамияти байналмилалӣ доранд. Онҳо ҷамоатро аз тарафи ҷануб ба ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон алоқаманд мекунанд (шоҳроҳи Хуҷанд — Конибодом).
Сохти маъмурии ҳудуди ҷамоат
Ҳудуди ҷамоатро 3 деҳа (Хистеварз, Сотсиализм ва Мирзобаҳодур) бо теъдоди 22 маҳалла ташкил менамоянд.
Тафсири таърихию маданӣ
Бостоншиносон дар рафти корҳои ҷустуҷӯйҳои худ аз Хистеварз ёдгориҳои моддие дарёфт намудаанд, ки онҳо ба асрҳои пеш аз исломӣ ва аз рӯи бозёфтҳои дигар ба асрҳои V–VI мелодӣ тааллуқ доранд. Дар сарчашмаи таърихии асари номаълуми «Ҳудуд-ул-олам» (мутааллиқ ба асри X) омадааст, ки Хистеварз аз деҳаҳоест, ки начандон дур аз Хуҷанду сари Шоҳроҳи бузурги Абрешим қарор гирифтааст. Маълумотҳои бозёфтаи бостоншиносон далолат ба он мекунанд, ки ҳанӯз дар аввалҳои солшумории мелодӣ дар атрофи Хистеварз деҳаи калоне мавҷуд будааст.
Воқеан ҳам оид ба вуҷуд омадани исми ин деҳа ва маҳаллаҳои он ҳикояту ривоятҳои бисёранд ва номи Қистакӯзро ба деҳа дар садаҳои охир додаанд. Номи аслии қадимааш, тавре ки дар сарчашмаҳои зиёд сабт шудааст, Хистеварз мебошад.
Соли 1924 дар Осиёи Миёна мувофиқи тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ деҳаи Хистеварз ба ҳайъати округи Хуҷанди вилояти Самарқанди РСС Ӯзбекистон дохил мешуд. Аз рӯи тақсимоти нави маъмурӣ соли 1926 волости Хистеварз барҳам дода ва он ба Совети қишлоқ табдил дода шуд. То соли 1929, яъне то ба Тоҷикистон ҳамроҳ шудани округи Хуҷанд, қишлоқи Хистеварз низ дар ҳайъати Ӯзбекистон буд. Соли 1929 Совети қишлоқи Қистакӯз ташкил карда шуд.
Баъдтар бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 14 майи соли 1941 дар вилояти Ленинобод ноҳияи Қистакӯз ташкил карда шуд, ки марказаш деҳаи Қистакӯз буд. Мувофиқи қисми дуюми ин Указ деҳаи Қистакӯз минбаъд Чкалов номида шуд ва ноҳияи Қистакӯз низ Чкалов ном гирифт (тайи солҳои 1941 то 1957). 19 сентябри соли 1950 бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ноҳияи Чкалов барҳам дода шуда, қаламрави он ба ноҳияи Ленинобод шомил карда шуд. 18 апрели соли 1957 Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон дархости Кумитаи иҷроияи Совети депутатҳои меҳнаткашони вилояти Ленинободро ба назар гирифта, бо фармони худ Совети қишлоқи Чкаловро бо номи пештараи он — Совети қишлоқи Қистакӯз номгузорӣ намуд. Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2012 (қарори № 305) Қистакӯз ба Хистеварз табдил дода шудааст.
Шароити табиӣ, иқлимӣ ва захираҳо
Иқлими ҷамоат субтропикии хушк буда, сатҳи боришоти солона зиёда аз 300 мм-ро ташкил медиҳад. Ҳарорати миёнаи фасли гармо аз +35 °C то +40 °C ва дар зимистон −15…−20 °C мерасад. Шароити хуби табиӣ-иқлимӣ имконият медиҳад, ки тамоми сол корҳои кишоварзӣ дар ҳавои озод гузаронида шавад.
Дар ҳудуди ҷамоат асосан хоки хокистаранги тира, шағалхок ва зардхок, ки дар таркиби он оҳак, гипс ва намак зиёд аст, мавҷуд мебошад. Дар нишебиҳо ва соҳили дарёҳо инчунин хокҳои серсанг ва рег вомехӯранд.
Дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Хистеварз қисман обанбори Қайроққум воқеъ гардидааст. Обанбори мазкур дар натиҷаи сохтмони манбаи барқи обӣ ба вуҷуд омада, дарозиаш беш аз 75 км ва масоҳаташ беш аз 4 миллион метри мураббаъ мебошад. Ҳаҷми умумии обанбор 4 160 млн м³ ва ҳаҷми фоиданокаш 2 600 млн м³ аст.
Вазъи демографии ҷамоат
Ба ҳолати 1 январи соли 2015 аҳолии Ҷамоати шаҳраки Хистеварз 56 497 нафарро ё 16,1 % аҳолии умумии ноҳияро ташкил медиҳад, аз ҷумла мардон — 28 047 нафар (49,6 %) ва занон — 28 450 нафар (50,4 %). Суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолӣ 2,4 фоизро ташкил медиҳад. Зичии аҳолӣ — 132 нафар дар 1 км².
Ҷадвали 1. Шумораи аҳолии муқимии Ҷамоати шаҳраки Хистеварз (дар оғози сол)
| Нишондиҳандаҳо | Воҳиди ченак | 2013 | 2014 | 2015 |
|---|---|---|---|---|
| Хоҷагии аҳолӣ | хоҷагиҳо | 9 284 | 9 322 | 9 400 |
| Аҳолӣ (аз он ҷумла) | нафар | 52 758 | 55 187 | 56 497 |
| Мардҳо | нафар | 26 058 | 26 118 | 28 047 |
| Занҳо | нафар | 26 700 | 29 069 | 28 450 |
| Кӯдакони то синни 14-сола | нафар | 13 570 | 14 267 | 14 560 |
| Гурӯҳи миёнасолон 15–62 (57 барои занон) сола | нафар | 26 545 | 26 935 | 27 582 |
| Гурӯҳи калонсолон 63 (58) сола ва боло | нафар | 3 538 | 3 590 | 3 676 |
| Шумораи кӯдакони навтаваллудёфта | нафар | 1 450 | 1 500 | 1 475 |
| Шумораи фавтидагон | нафар | 220 | 255 | 204 |
Иқтисодиёт ва инфрасохтор
Ҷамоати шаҳраки Хистеварз яке аз минтақаҳои аграрии ноҳия ба шумор меравад. Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии пешбурди иқтисодиёт мебошад ва он дар ҳаёти иқтисодии ҷамоат нақши аввалиндараҷаро мебозад. Дар соҳаи кишоварзӣ қисми асосии аҳолии қобили меҳнат фаъолият мекунад; соҳаҳои асосии кишоварзии ҷамоат растанипарварӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ мебошанд.
Масоҳати умумии заминҳо якҷоя бо заминҳои дар ноҳияи Мастчоҳ буда — 19 124 гектарро ташкил менамояд, ки аз ин 4 456,3 га заминҳои корам мебошад. Заминҳо асосан тавассути каналҳои Фарғона, Фарғонаи Калон, обёрикунандаи Оҳак ва ҷоҳҳои амудӣ обёрӣ мешаванд ва ба 63 хоҷагии деҳқонӣ ва кооперативҳои истеҳсолӣ тақсим шудаанд. Шумораи умумии хоҷагиҳои хонагӣ дар ҷамоат 9 400 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 4 800 нафар саҳмдор аст.
Солҳои пеш соҳаи саноат дар Ҷамоати шаҳраки Хистеварз яке аз соҳаҳои инкишофёфта ба ҳисоб мерафт, зеро ҷамоат ҳам аз ҷиҳати ҳудудию марзӣ, ҳам аз ҷиҳати зичии аҳолӣ ва ҳам аз ҷиҳати дороияти кадрҳо яке аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳия ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз дар ҳудуди ҷамоат 11 корхонаи саноатӣ (аз ҷумла 5 корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, 1 корхонаи саноати сабук, 4 корхонаи саноати хӯрокворӣ, 1 корхонаи орд) фаъолият мебурд. Аммо имрӯз коргоҳҳои саноатии деҳот қариб пурра аз фаъолият бозмондаанд. Мақсади асосии ҷамоат дар панҷсолаи навбатӣ зина ба зина таъмин намудани рушди ин соҳа мебошад.
Дар Ҷамоати шаҳраки Хистеварз соҳибкории хурду миёна, бахусус истеҳсолӣ, хуб инкишоф ёфта бошад ҳам, вале то ҳол омилҳое мавҷуданд, ки ба рушди он таъсири манфӣ мерасонанд. Чунончӣ — маҳдудияти нерӯи барқ, набудани имтиёзҳои лозимӣ, маҳкам будани сарҳади Ӯзбекистон, норасоиҳои инфрасохтории бозори наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, сари вақт дастрас нашудани ашёи хом ва ғайра. Дар ҳолати аз байн бурдани ин омилҳо соҳибкорӣ рушд ёфта, ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва бекорӣ мусоидат хоҳад намуд.
Инчунин дар ҳудуди ҷамоат 5 корхонаи нақлиётӣ, 4 корхонаи хизматрасонии аҳолӣ, 30 нуқтаи хӯроки умумӣ, 86 нуқтаи савдо, 10 мактаби миёна, 2 муассисаи томактабии давлатӣ (4 муассисаи томактабии хусусӣ), 2 китобхона, 1 беморхона, 2 нуқтаи тиббӣ, 6 маркази саломатӣ, 7 муассисаи варзишӣ, 1 толори варзишӣ, 6 майдони баскетбол, 5 майдони волейбол, 1 интернати махсус барои бачагони шунавоиашон суст ва кар ва 1 мактаби варзишӣ фаъолият доранд. Ҳамчунин дар маркази ҷамоат бозори фурӯши молҳои саноатӣ ва хӯрокворӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, бозори фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ва чандин маркази савдо мавҷуд аст. Сохтмони биноҳои замонавии баландошёна дар ҳудуди ҷамоат вуҷуд надорад.
Дар ҳудуди ҷамоат барои дастгирии соҳаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии «Эсхата», «Тоҷиксодиротбонк», «Агроинвестбонк», «Амонатбонк», «Арванд», «Ҷовид», ташкилотҳои байналхалқии «Салиби сурх», «Ҷовид», ЮСАИД, Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид, Маркази дастгирии Ҷамоат ва ғайра фаъолият мебаранд.
Ҷадвали 2. Маълумотнома оид ба ҳудудҳои маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Хистеварз
| № | Номи ҳудудҳои маъмурӣ (маҳаллаҳо) | Масофа то маркази ҷамоат (км) | Масофа то стансияи роҳи оҳан (км) | Шумораи оила | Шумораи аҳолӣ |
|---|---|---|---|---|---|
| 1 | Баҳористон | 2 | 7 | 581 | 4 050 |
| 2 | Бахт-1 | 2 | 9 | 331 | 1 656 |
| 3 | Бахт-2 | 1,5 | 10 | 328 | 1 631 |
| 4 | Дӯстӣ | 4 | 9 | 301 | 2 053 |
| 5 | Чавғали боло-1 | 5 | 12 | 549 | 2 690 |
| 6 | Чавғали поён-2 | 5 | 12 | 246 | 2 270 |
| 7 | Фрунзе | 2 | 9 | 688 | 3 652 |
| 8 | Ҷӯйи Муғули Тоҷикистон | 1 | 14 | 296 | 1 922 |
| 9 | Ҷӯйи Муғули Тоҷикистон-2 | 2 | 12 | 256 | 1 578 |
| 10 | Қентирик-1 | 1 | 13 | 585 | 2 990 |
| 11 | Қентирик-2 | 3 | 15 | 582 | 2 949 |
| 12 | Осиё-1 | 2 | 12 | 340 | 3 020 |
| 13 | Осиё-2 | 4 | 10 | 302 | 1 940 |
| 14 | Ҷӯйи Муғули Д. Азизов-1 | 1 | 10 | 299 | 1 850 |
| 15 | Ҷӯйи Муғули Д. Азизов-2 | 2 | 11 | 294 | 1 418 |
| 16 | Ҷақар | 0 | 9 | 510 | 3 050 |
| 17 | Ҳавзаки боло | 4 | 14 | 838 | 4 790 |
| 18 | Ҳавзаки поён-1 | 3 | 9 | 571 | 2 726 |
| 19 | Ҳавзаки поён-2 | 4 | 14 | 266 | 2 024 |
| 20 | Чинор | 2 | 11 | 596 | 3 445 |
| 21 | Арбоб | 0 | 7 | 290 | 2 232 |
| 22 | Чкалов | 4 | 14 | 581 | 4 050 |
| Ҳамагӣ | 9 400 | 56 497 | |||
Биниш (ояндабинии) Ҷамоати шаҳраки Хистеварз
СВОТ-таҳлили Ҷамоати шаҳраки Хистеварз (афзалиятҳо, камбудиҳо, имкониятҳо ва хатарҳо).
Афзалиятҳо
- Мавҷуд будани захираҳои меҳнатӣ
- Мавқеи мувофиқи ҷуғрофӣ
- Ҳамбастагии мақсад ва кӯшиши мақомоти иҷроия, соҳибкорон ва аҳолӣ барои рушди ҷамоат
- Таҷрибаи пешқадам ва иқлими мусоид барои рушди соҳаи кишоварзӣ
- Муҳити мусоид барои рушди сайёҳӣ (Баҳри Тоҷик)
- Миқдори кофии мутахассисони баландихтисос
- Имкониятҳои васеъ барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
- Имкониятҳои истифодаи пурраи иқтидорҳои корхонаҳои саноатӣ
- Муносибати мусбӣ ба бунёдкориву ободонӣ
- Имконияти васеи истифодаю нигоҳдошти анъанаҳои миллию фарҳангӣ ва азхудкунии ҳаёти муосир
- Мавҷудияти инфрасохтори муҳандисӣ
Камбудиҳо
- Нокифоягии ҷойҳои корӣ
- Истифодаи нопурраи иқтидорҳои истеҳсолии соҳаи саноат
- Кӯҳнаву фарсуда гардидани дастгоҳу таҷҳизот ва техникаҳо дар корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ
- Таъмирталаб будани инфрасохтор
- Нокифоягии маблағ ва душвории дарёфти он барои таъмини рушди соҳаҳои хоҷагии халқ
- Бад будани ҳолати мелиоративии заминҳои обӣ
- Ҳолати ногувори роҳҳои автомобилгард
- Паст будани сатҳи музди меҳнат
- Баланд будани сатҳи оби зеризаминӣ
- Паст будани маблағҳои буҷавӣ
- Норасоии шабакаҳои оби нӯшокӣ — ҳоло 46 % аҳолӣ бо оби нӯшокӣ таъмин аст
Имкониятҳо
- Мавҷудияти Барномаи рушди ҷ. Хистеварз, ки дар сатҳи миллӣ қабул шудааст
- Мавҷудияти Барномаи рушди ноҳияи Б. Ғафуров
- Ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ
- Мавҷудияти барномаҳо ва стратегияҳои миллии соҳавии рушди иқтисодии иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ
- Қонунгузории мақомотҳои маҳаллии худидора мукаммал шудааст
- Ҳавасмандии ташкилотҳои кӯмакрасон
- Мавҷудияти фонди боварӣ дар сатҳи ноҳиявӣ
- Татбиқи Барномаи рушди деҳот
Хатарҳо
- Ҳодисаҳои фавқулоддаи табиӣ
- Таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ
- Ба хориҷа рафтани мутахассисони баландихтисос ва қувваҳои корӣ
- Паҳншавии ҳашаротҳои зараррасон ба соҳаи хоҷагии қишлоқ
- Таҳдиди оби зеризаминӣ, ки рӯз аз рӯз баланд шуда истодааст
- Эпидемия ва пандемия
- Бад шудани вазъияти сиёсии кишварҳои ҳамсоя
- Бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ
- Лағжишҳои манфии нархи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ

