Ҷамоати Исфисор

Тақсимоти ҳудудию маъмурии ҷамоат

Ҷамоати деҳоти Исфисор яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, масоҳати умумии он 15,9 ҳазор м² — ро ташкил медиҳад, ки ба 11% масоҳати умумии ноҳия баробар аст. Ба ҳайъати ҷамоати деҳоти Исфисор 7 деҳа шомил буда, аз ҳама калонтарини он деҳаи Исфисор (68% аҳолӣ) ба шумор меравад. Дар ҷамоат 7,1 ҳазор хоҷагӣ ва 28 кумитаи маҳалла ба қайд гирифта шудааст.

Тафсири таърихию фарҳангӣ

Дар асарҳои таърихнигорон деҳаи Исфисор ҳамчун чорроҳаи роҳи савдои водии Фарғона тасвир ёфтааст. Шуғли асосии аҳолӣ — заминдорӣ, кишту кор ва боғдорӣ буда, баъдтар чорводорӣ низ тараққӣ кардааст. Аҳолии деҳа бозори шаҳри Хуҷандро бо ғалла ва пахта таъмин намуда, аз он бозорҳо барои таъмини рӯзғор ва пешбурди ҳунарҳои миллӣ маводи зарурӣ дастрас менамуданд.

Шӯрои қишлоқи Исфисор соли 1936 ташкил шуда, дар солҳои 70–90-ум ба натиҷаҳои назаррас ноил гашт. Дар ин солҳо дар ҳудуди ҷамоат таҳти роҳбарии раиси овозадори колхоз (баъдан колхози ҶСШК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев) муваффақиятҳои беназир ба даст оварда шудаанд.

Шароитҳои иқлимӣ ва захираҳои табиӣ

Иқлими ҷамоат хушки континенталӣ буда, ҳарорати ҳаво дар фасли тобистон аз +25 °C то +40 °C ва дар фасли зимистон то −10 °C мерасад. Исфисор дар ҳамвориҳои соҳили чапи дарёи Сир, водии Фарғона ҷойгир шудааст.

Вазъи демографии ҷамоат

Шумораи умумии аҳолии ҷамоат (ба ҳолати 01.01.2015) 39,6 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки аз ин 51% (ё ин ки 20,2 ҳазор нафар) занҳо мебошанд. Аҳолии ин ҷамоат гуногунмиллат буда, қисми асосии онро ӯзбекон ташкил мекунанд. Ҳисоби миёнаи умри аҳолии ҷамоат 49 сол аст. Дар ҳайъати умумии аҳолии ҷамоат қисми зиёдро шахсони миёнсол ва ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар се соли охир шумораи аҳолии ҷамоат то се ҳазор нафар зиёд гардидааст, ки суръати афзоиши он 1,7 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин замина ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ яке аз ҳадафҳои асосӣ ва стратегии Барномаи рушд ба ҳисоб меравад.

Ҷадвали 1. Аҳолӣ ва хоҷагиҳо

Маҳалли аҳолинишин Шумораи хоҷагиҳо Миқдори аҳолӣ
М. Горкий 382 2 554
Маданият 82 446
Шӯхак 88 505
Фаровон 74 462
Гулистон 122 663
Ҷавонӣ 31 235
Исфисор 6 336 35 604
Ҳамагӣ 7 115 40 469

Ҷадвали 2. Вазъи демографии аҳолии ҷамоат

Сол Миқдори никоҳ Миқдори фавт Афзоиши табиии аҳолӣ Афзоиши табиии аҳолӣ (%) Миқдори умумии аҳолӣ
2013 399 188 994 2,1 38 726
2014 443 199 1 068 2,3 39 590
2015 294 141 1 078 2,2 40 495
2016 301 150 1 082 2,2 41 427
2017 312 155 1 090 2,2 42 362
2018 329 161 1 101 2,2 43 302
2019 335 166 1 185 2,2 44 321
2020 346 168 1 205 2,2 45 358

Ҷадвали 3. Шумораи хоҷагиҳо дар ҷамоат (адад)

Нишондиҳандаҳо Шумораи умумӣ
Хоҷагиҳои аҳолӣ 7 115
Хоҷагиҳои ҷамоавӣ 2
Хоҷагиҳои деҳқонӣ 14

Биниши ояндаи ҷамоат

Ҷамоати деҳоти Исфисор — яке аз марказҳои мутараққии коркарди маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ки дорои шароитҳои беҳтарини рушди соҳибкории хурду миёна ва инфрасохтори муосири иҷтимоию фарҳангист, ки дар он аҳолии хушбахту бомаданият дар фазои хуби муҳити зисти шоиста кору фаъолият менамоянд.

СВОТ-таҳлили ҷамоати деҳоти Исфисор

Тарафҳои қавӣ

  • Наздик будан ба маркази ноҳия
  • Мавҷудияти қувваи корӣ
  • Мавҷудияти заминҳои корам
  • Мавҷуд будани корхонаҳои хурд
  • Мавҷуд будани кадрҳои баландихтисос
  • Мавҷудияти осоишгоҳи «Равшан»
  • Мардуми меҳмоннавозу ташаббускор
  • Боварии халқ ба раиси ҷамоат ва Дастгоҳи он
  • Дорои ашёи босифати маҳсулоти кишоварзӣ
  • Мавҷуд будани заводи равған ва сехи безараргардонии тухмиҳо
  • Мавҷудияти деҳқонони соҳибтаҷриба
  • Мавҷуд будани инфрасохтори аввалиндараҷаи иҷтимоӣ (мактаб, маркази саломатӣ, беморхонаи ноҳиявӣ)
  • Табиат ва иқлими мусоид

Тарафҳои заиф

  • Қисман таъмин набудани аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва полезӣ
  • Маҳдудияти нерӯи барқ
  • Маҳдудияти гази табиӣ
  • Дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доштани роҳҳои байни хоҷагиҳо ва кӯчаҳо
  • Паст будани маданияти истифодабарии замин
  • Қисман баланд шудани обҳои зеризаминӣ
  • Фарсуда будани техникаҳои кишоварзӣ
  • Паст будани маданият ва иттилоотнокии мардум дар масъалаҳои экология
  • Ба талабот мувофиқ набудани солимии аҳолӣ
  • Рафтани кадрҳо
  • Нокифоя будани буҷаи маҳаллӣ
  • Деградатсияи заминҳои кишоварзӣ
  • Баланд будани фоизи қарзҳо

Имкониятҳо

  • Раванди ислоҳот дар соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ
  • Воридоти маблағ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ
  • Фазои мусоиди сиёсӣ
  • Наздик будани роҳи оҳан ва аэропорт
  • Наздик будани роҳҳои байналмилалӣ
  • Дастгирии роҳбарияти ноҳия ва вилоят
  • Воридоти маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ ва вилоят
  • Дастрасӣ ба муассисаҳои қарздиҳӣ

Хатарҳо

  • Офатҳои табиӣ
  • Бӯҳрони иқтисодӣ, беқурбшавии пул
  • Сар задани эпидемия
  • Вайрон шудани ҳолати экологӣ
  • Ба вуҷуд омадани хушксолӣ
  • Шӯршавии хок