Ҷойгиршавии ҷуғрофӣ
Ҷамоати деҳоти Чашмасор дар ҳайъати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буда, дар қисми шарқии ноҳия ҷойгир шудааст. Масоҳати умумии ҷамоат 15 777 гектарро ташкил медиҳад. Маркази ҷамоат деҳаи Мирзоробод буда, аз маркази ноҳия дар дурии 40 км ҷойгир шудааст. Чашмасор яке аз ҷамоатҳои дурдасттарини ноҳия ба шумор меравад.
Сохти маъмурии ҷамоат
Ба ҳайъати маъмурии Ҷамоати деҳоти Чашмасор деҳаҳои Мирзоробод, Хуҷаобод, Деҳқонобод, Даштобод, Дараи Боло, Шаббода ва Некроҳ дохил мешаванд. Дар ҷамоат 1 841 хоҷагӣ мавҷуд буда, 36 кумитаи маҳаллаҳо фаъолият мебаранд. Дар маҷмӯъ дар ҳудуди ҷамоат 34 минтақаи аҳолинишин ҷойгир шуда, дурдасттарини онҳо дар фосилаи 52 км аз маркази ҷамоат қарор доранд.
Тавсифи таърихию фарҳангӣ
Ҳар маҳалли зисти одамон ба худ хос таърих, урфу одатҳоро дорост. Деҳаи Чашмасор низ дорои таърихи қадима мебошад. Чашмасор (номи пешинааш — Уткансой) яке аз ҷамоатҳои дурдасти ноҳия ба шумор меравад. Шӯрои қишлоқ соли 1958 таъсис ёфтааст ва он вақт ба ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ ворид мешуд. Аҳолии ҷамоатро асосан ӯзбекҳо ташкил медиҳанд; ҳоло теъдоди онҳо 11 085 нафар мебошад.
Моҳи октябри соли 1974 Чашмасор ҳамчун деҳшӯро ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида шуд. Аз сабаби он, ки аҳолии ҷамоатро ӯзбекҳо ташкил медиҳанд, номи деҳаҳо бо забони ӯзбекӣ номгузорӣ карда шуда буд: Аҷрбулоқ, Ойнабулоқ, Барс, Гумбулоқ, Ҷононсой, Ҷингилиқ, Камарқӯтан, Каттаолучалӣ, Қичиқолучалӣ, Хӯшмулло, Қилиққудуқ, Қизилбулоқ, Қурғизбулоқ, Кӯҳқашқор, Қатарбулоқ, Каттаайлӣ, Кичикайлӣ, Қулуқсой, Машраф, Мирзоробод, Оқур-чераклӣ, Тӯбчоқ, Уткансой, Ҳамрообод, Мирзобулоқ, Шӯралӣ, Яккатут ва ғайра.
Азбаски минтақаҳои аҳолинишини ҷамоат дар доманакӯҳҳо ҷойгир шудаанд ва аз оби чашмаҳо истифода мебаранд, номи бисёр деҳаҳо бо калимаи ӯзбекии «булоқ» номгузорӣ шудаанд. Калимаи «булоқ» ба забони тоҷикӣ маънои «чашма»-ро дорад, аз ин рӯ номи деҳаҳо маънои «Чашмаи сурх», «Чашмаи соф» ва монанди инҳоро доранд.
Бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №305 аз санаи 29 марти соли 2013 номи деҳаи Уткансой ба номи зебои тоҷикии Чашмасор иваз карда шуд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, ҷиҳати густариши равандҳои худшиносии миллӣ ва эҳёи решаҳои таърихии қадимаи марзу бум, дар асоси дархосту пешниҳоди мардуми маҳаллӣ номи ҳамаи деҳаҳо ба забони давлатӣ иваз карда шуданд.
Инфрасохтори иҷтимоӣ
Имрӯз дар ҳудуди ҷамоат 13 мактаб ва беморхона дорои 25 кат ба мардум хизмат мерасонанд. Дар қаламрави ҷамоат ҳамчунин клуб ва нуқтаҳои савдо мавҷуд мебошанд.
Иқлим ва захираҳои табиӣ
Ҷамоат дар манзараи даштӣ ҷойгир буда, иқлимаш хушк аст. Ҳарорати миёна дар фасли тобистон аз +25 °C то +32 °C ва дар фасли зимистон то −20 °C мерасад. Замини ҳосилхез тамоюли соҳаи хоҷагии қишлоқро бо равияи пахтакорӣ, ғалладонагӣ ва парвариши меваю сабзавот муайян намудааст. Аз сабаби паст будани миқдори миёнаи бориш (то 150–300 мм) ҷамоат ба обёрии шиддатнок (ирригатсия) эҳтиёҷ дорад.
Иқтисодиёт
Сокинони деҳаҳои ҷамоат асосан ба чорводорӣ, ғалладонагӣ ва қисман ба боғдорӣ машғуланд.
Ҷадвали 1. Деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Чашмасор
| № | Деҳа |
|---|---|
| 1 | Намуна Кӯҳсор-1 |
| 2 | Дараи Боло |
| 3 | Деҳқонобод |
| 4 | Хуҷаобод Даштобод |
| 5 | Шаббода |
| 6 | Гулбазор |
| 7 | Чашмаи Зулол |
| 8 | Сечашма |
| 9 | Мевагул |
| 10 | Мирзоробод |
| 11 | Некроҳ |
| 12 | Сурхчашма |
| 13 | Сардоба |
| 14 | Дашти Калон |
| 15 | Оқ-кӯр |
| 16 | Сешанбе |
| 17 | Сафедорак |
| 18 | Камарқӯтон |
| 19 | Қашқа |
| 20 | Барфоб |
| 21 | Сарчашма |
| 22 | Тол |
| 23 | Испандзор |
| 24 | Насимобод |
| 25 | Зартеппа |
| 26 | Толбулоқ |
| 27 | Катта-олғаш |

